(Давомаш)
Ду ҷуфт чашмони дигар, ки ба як тан аз ҳаводорони ба қавли худаш «садсолаи» Гулрафтор –ҳамсинфи ошиқаш тааллуқ доштанд, бо бозгашти ӯ ба деҳа дар дилаш тухми умед ба нашъунамо сар карда буд. Аммо чун муносибати ин дуро бо чашмони худ дид ва барои ин мард худро ҳатто ба вартаи марг гирифтор намудани Гулрафторро фаҳмид, дигар он тухм реш назада хушк шуд ва ҳарчанд забони арабиро намефаҳмид, донист, ки собиқ ҳамсинфи зебояш бо ин забон қиссаи ишқ ба дигарон мехонад, на ба ӯ, комилан дилсард шуду азм кард, ки фардо дар тӯяшон ба хотири онҳо сухан хоҳад гуфт. Аммо…
Саҳаргоҳони Бедбистон аҷаб хислате дорад. Садои маоси говҳои подарав, ғурриши дарёи аз байни деҳа ҷоришаванда ва аккоси сагону садои хурӯсҳо бо ҳам як шуда, мусиқии аҷиберо эҷод мекунанд, ки танҳо хоси ҳамин деҳа аст. Самеъҷон ва Шайхи Тиллоӣ пас аз субҳона дар хонаи Муаллими калон ба сари баландие баромада, аз он ҷо Бедистонро, ки чун дар кафи даст намудор буд, тамошо мекарданд.
-Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки зодгоҳи Гулрафтор чунин зебо бошад. Инро бин, оби равон, кӯҳҳои баланд, дарахтзорони сарсабз ва мардуми самимӣ, ки дар ниҳодашон заррае аз кибру ғурур ва ҳисси бартарӣ доштан аз ҳамдигарро надоранд. Шояд ҷаннати худованд ҳамин хел бошаду сокинонаш ба ҳамин минвол?-дар оҳанги гапзании Салим як навъ ҳасад эҳсос карда мешуд.
-Шояд ба шумо дар назари аввал ҳамин тавр намуда бошад. Дар масъалаи зебогии табиату нотакрории манзараҳои ватани мо ман бо Шумо ҳамфикрам. Аммо дар масъалаи мардуму зиндагиашон он қадар не. Ин мардум ҳам садҳо мушкил доранду мисли дигар одамон паи зиндагии шоиста хеле заҳмат мекашанд…
-Инашро ман намедонам, вале самимияташон хеле зиёд аст. Ана бин, ҳамин Муаллими калонро вақте, ки ба ӯ масъалаи издивоҷи ману Гулрафторро фаҳмондем ва гуфтем, ки ҳамдеҳаю шогирди ӯ дар назди касе айбдор нест, чӣ қадар хурсанд шуд. Гӯё духтари худаш бошад, таклиф кард, ки дар хонаи ӯ истему аз рӯи расму русуми шумо, дар назди мардуми деҳааш бо Гулрафтор бори дигар хонадор шавам. Аз маблағи худаш маро хонадор карданӣ шуд. Магар ин самимият нест?
Самеъҷон аз таҳти дил хандида гуфт:
-Охир ӯ аз куҷо медонист, ки шумо метавонед ҳамаи ин деҳаро бо хонаҳояш ва боз садҳо деҳаи дигарро харед. Гумон кард, ки
ягон донишҷӯи камбағали араб ҳастед ва кори савоб кардан хост. Мардуми мо ҳамин тавр,-бо ифтихори ниҳонӣ ашки аз зарби ханда баромадаашро пок кард Самеъҷон.
-Ба ҳар ҳол, ман ин хел одамонро кам вохӯрдаам. Дар масъалаи одобу ору номус шумоён аз мо ҳам мегузарондаед. Бин, муаллим пас аз он, ки Гулрафторро аз ҳалқаи доре, ки қариб худамон ӯро ба он андохта будем, халос кардем, ба ман чӣ мегӯяд: «Хоҳишмандам, ҷавони нағз дигар то рӯзи тӯй ба Гулрафтор наздик нашавед. Ба падару модараш ва мардум бад мерасад». Охир вай зани ман аст,- ин дафъа хандаи Салим, ки аз таҳти дил буд, аз хандаи Самеъҷон пасттар набуд.
-Тоқат кунед, ин бегоҳ тӯйро, ки гузаронидем, он кас зани қонунии шумо дар назди аҳли деҳа ҳам хоҳанд шуд. Чанд соати дигар монд…
-Ту ҳамаи чизҳои барои тӯй заруриро овардӣ? Ҳамроҳони ман, ки мардуми берунаанд, ин корро карда наметавонанд.
ХУДКУШИИ 14-ДУХТАРИ ОШИҚ БАРОИ ҲИНДУБАЧА (10 АКС)
-Бале, бегоҳ ҳамаи чизи барои тӯй заруриро бо мошин аз маркази ноҳия оварда дар ҳавлии муаллим фаровардам. Он кас ин аз ҳад зиёд гуфта розӣ нашуданд, аммо илоҷе карда ба гарданашон бор кардам. Калонҳои деҳа ҷамъ шуда машварат карданд, ки зиёдатиашро барои арӯсу домоди нав тӯҳфа мекунанд…,- табассум кард Самеъҷон
-Албатта дар вақти тӯй ба онҳо барои ин меҳрубониашон аз номи домод ташаккур гуфтанро фаромӯш накун Самеъҷон…
Шайхи Тиллоӣ ва Самеъҷон, ки акнун яке аз шахсони наздики ӯ шуда буд, ҳар кадоме зери садои мусиқии «Бедистон» ғарқи андешаҳои худ шуданд. Ин дам телефони Шайх Салим садо дод. Вай гӯширо ба гӯшаш бурда бо забони англисӣ салом гуфту ба мусоҳибаш дурудароз гӯш андохт. Сипас, бо оҳанги андаке дурушт гуфт:
-Мистер Бейкер, ман ба шумо гуфтам- ку, то охири ҳафта маро ба ҳоли худам гузоред ва ҳар амалиёте, ки бо нафт карданӣ бошед, мустақилона анҷом диҳед. Шумо дар бораи он мегӯед, ки агар ман набошам, ширкати мо қариб як миллион долларро аз даст медиҳад. Аммо ман ҳоло дар ҷое ҳастам, ки агар он ҷо набошам, тамоми ҳаётамро барбод медиҳам. Барои ҳамин, аз рӯи гуфтаи ман амал кунед. Ман вақте, ки баргаштам, иншооллоҳ он як миллионро дар тӯли чанд рӯз барқарор хоҳам кард…
Самеъҷон, ки ғайриихтиёр ин гуфтугӯро мешунид дар дилаш ба ишқи бузурги ин мард тан дод. «Ин мардак тайёр аст барои занаш ҳамаи дороияшро аз даст диҳад. Ана инро муҳаббати бепоён мегӯянд, вагарна мисли Гулрафтор дар дунё занҳо каманд?! Агар ба касе гӯӣ, бовар намекунад.»
Салим телефонро ба ҷайбаш андохтаистода, гӯё саволи бесадои ҳампаҳлӯяшро фаҳмида бошад, ба Самеъҷон гуфт:
-Нестанд. Нест дар ҷаҳон дигар зане, ки мисли Гулрафтор дили маро тасхир кардаю ба ин андоза гирифтор намуда бошад. Дар байни ману вай на миллату нажод ва на дину забон вуҷуд надорад. Ту магар намефаҳмӣ, ки чи чиз ману ӯро бо ҳам мепайвандад? Аввалан иффату покизагиаш, ки ман шаби аввал дар ӯ эҳсос кардам, сониян гӯё худованд ӯро он лаҳза ба ман расонд, ки ин эҷодашро эҳтиёт кунам. Агар ба ҷои ман Гулрафтор ба ҷойгаҳи нохалафе меафтид, ҳолаш чӣ мешуд? Бо он ғуруре, ки дорад, кайҳо худашро мекушт. Ба ин зан Худованд ба ғайр аз ҳусни расо, ғурур ва тинати беандоза покро ҳам ато кардааст. Қариб се соли саргардонии ӯро дар биёбон, ки бо айби беэҳтиётии ман сар зад, магар фаромӯш карда метавонам? Ҳаргиз! Ба болои ин ӯ тавонист тифли муҳаббати моро барои ман бенуқсон баргардонад. Агар то охири умр ҳар рӯз ба ӯ сад бор саҷда кунам ҳам кам аст…
Самеъҷон хомӯшона ба гуфтаҳои Шайхи Тиллоӣ гӯш карда дарк намуд, ки дигар ҳоҷати саволу ҷавоб бо ӯ нест ва оҳиста аз болои санг хеста гуфт:
-Ҷаноби Шайх, биёед ба хонаи Муаллим баргардем. Он ҷо ба тӯй тайёрӣ рафта истодааст. Боз нагӯянд, ки домод аз тӯй гурехт…
-Не, ман аз ҷумлаи домодҳое нестам, ки аз тӯи арӯсии худ гурезанд. Ман медонам, ки маро кӣ интизор аст…
МАРГИ ФОҶИАВИИ БИЗНЕСМЕНИ ТОҶИК ФАРМОИШӢ БУД Ё ТАСОДУФ?
…Ҷомаю тоқии тоҷикӣ ба Салим чунон зебида буд, ки гумон мекардӣ як умр ҳамин тарз либос пӯшидааст. Пеш аз он, ки арӯсу домодро ба саҳнаи тӯй бароранд дар хонаи дигар мулло онҳоро дар ҳузури шоҳидон никоҳ кард.
-Шумо ҷавони ҳозиру нозир бо он шартҳое, ки гуфтем, ин духтаррро ба занӣ хостед ва қабулаш кардед?-маънои саволи муллоро, ки ба забони тоҷикӣ садо медод, Салим дарёфт. Чӣ тавре, ки се сол пеш айнан маънои ҳамин саволро бо фаросат Гулрафтор сарфаҳм рафта, бо забони ба шавҳараш фаҳмо ба он ҷавоб дода буд.
-Бале, хостам ва қабулаш кардам,-чунин буд ҷавоби Салим.
Чун анъана, аллакай ба ин савол чанд лаҳза пеш Гулрафтор ҳам дар ҳузури шоҳидон ҷавоб дода буд ва ин дафъа бо забони модарии худ.
Чанд қулт об аз дарёи Бедистон, ки дар назди мулло гузошта шуда буд, насиби Шайхи Тиллоӣ гашт ва он лаҳза гумон кард, ки беҳтарин шарбати дунёро чашид. Дар пайкараш паҳн шудани сардии ин оби муқаддасро эҳсос намуда зери лаб «Шукр» гуфт…
Садои мусиқӣ ва таронаҳои ҳофизи маҳаллӣ то дергоҳ дар фазои Бедистон танинандоз буд ва ду тан аз ҳамроҳони Шайх, ки аслан ҷондорони ӯ буданд, ҳама чизро фаромӯш карда, кӯшиши иҷрои рақси тоҷикиро доштанд. Онҳо медонистанд, ки ҳоло амнтарин ҷой барои хӯҷаини онҳо ана ҳамин деҳаи хурдакак дар байни кӯҳҳои осмонбӯс аст…
…Тайёраи «Боинг» дар қатори дигарон се сайёҳи арабро, ки мӯҳлати раводидашон ба охир расида буд, аз фурӯдгоҳи Душанбе баланд кард. Дар яке аз курсиҳои охири ин тайёра духтари зебое низ менишаст, ки бо визаи сайёҳӣ ба Дубай парвоз менамуд. Вақте, ки ӯ дар фурӯдгоҳ аз ташхиси гумрукӣ мегузашт, зани назоратчӣ ба вай бо шубҳа нигариста пурсид:
-Мақсади сафаратон?
-Ба назди писарам ва оилаам…
-Ин ҷо саёҳат навишта шудааст- ку?
-Аздусар инҳо чизе намегӯянд, худаш маълум, ки чунин занҳо он ҷо барои чӣ мераванд,- ҳамроҳаш он занро огоҳ кард ва давом дод,-Беҳуда вақтатро ба ӯ сарф накун, ки мусофирон бисёранд…
Духтари зебо зери лаб табассуми ҳазине карду дар дил гуфт: «Шумо одат кардаед, ки ҳамаро бо як ченак чен кунед. Худо инсоф диҳад…»
Ҳоло ӯ дар курсии нарми тайёра нишаста, ин гуфтугузорро ба ёд овард.
«Бале, онҳо ҳақ доранд, ки чунин гумон кунанд, вале ҳақ надоранд, ки ин гумони худро ба забон биёранд. Аввал пурсиш гуфтаанд…»
Ин дам ба паҳлӯи ӯ яке аз он се арабе, ки баробар вориди тайёра шуда буданду инаш хеле хушлибос ва рафтораш аз асолати ирсиаш дарак медод, омада нишасту бо меҳрубонӣ пурсид:
-Хаста нашудӣ азизам?
-Не, аммо ин дунёро намефаҳмам,-духтари зебо сарашро ба китфи ҳампаҳлӯяш гузошт.
-Ин дунёро ҳанӯз касе нафаҳмидааст, ки ту фаҳмӣ. Беҳтараш, биё дар бораи Замир фикр мекунем…Онҳо ба ҳамдигар ҷафстар шуданд…
Анҷом!
Муштариёни азизи сомонаи Oila.tj фардо соати 9-00 муаллифи қиссаи пурҳангомаи “Арӯси шайхи тиллоӣ” Абдумудассир Аҳмадзода ба идораи сомонаи Oila.tj ташриф меоранд.
Шумо метавонед саволҳои худро тариқи Imo, Viber, What’s App ба рақамхои зерин 93-180-77-81 ирсол намоед!