Мо, тоҷикон як одати аҷиб дорем, агар ба касе дуои нек доданӣ шавем, албатта ба ӯ тани сиҳат, хотири шод ва хонаи обод таманно менамоем.
Зоҳиран хеле сода менамояд ин дуо, вале дар он ҳикмати бузурге ниҳон аст, зеро тамоми муваффақият ва комёбиҳои инсон маҳз аз ҳамин се чиз вобастагӣ дорад,-мегӯяд устоди санъати тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ, ки чанд моҳ боз бо дарди ҷонкоҳе даст ба гиребон буд.
Ин марди ҳунар бо инояти худову дуои неки мухлисони сершумораш ва бо шарофати табибони олмонӣ ҷони дубора ёфта, саломат ба Ватан баргашт. Айни ҳол ин сарояндаи номдор худро чи гуна эҳсос мекунад ва чӣ нияту нақшаҳо дорад? Суҳбати хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ Шабнам Тоҳирӣ бо Афзалшоҳи Шодӣ атрофи ҳамин мавзӯст...