Ман як зани муштипар бо се фарзанд аз шавҳар маҳрум гаштам. Як писару ду духтарам қуввати ҷонам буданд, умед доштам, ки онҳо калон шуда дар пирӣ асои дастам мешаванд, вале хаёлам хом баромад. Фарзандонам калон шудану азоби мани паршикаста бештар гашт.
Писари калонӣ баъди хизмати аскарӣ роҳи Русияро пеш гирифту бо ҳамин беному нишон шуд. Духтаронам аз сиёсати бародарашон сахт метарсиданд, вале баъди он ки акаашон беному нишон гашт, аз кӯчаи одамгарӣ баромада, нописанду кӯчагард шуда монданд. Духтари калониям “ман як умр дар хонаи ту нони қоқ хӯрда намешинам” гӯён, баромада рафт. Ҳашт сол дар ба дар духтар кофта даракашро наёфтам. Духтари хурдиамро бо обрӯ ба шавҳар додам, аммо бахт ба рӯяш нахандид. Ситорааш бо хушдоманаш рост наомаду аз шавҳараш ҷудо шуда боз ба кулбаи фақиронаи ман баргашт. Ба хотири дарду аламашро фаромӯш кардан ин духтарам ҳам роҳи Русияро пеш гирифт. Ҳарчанд гиряву нола карда “маро танҳо намон” гуфтам, асар накард. “Очаҷон, туро хор шудан намемонам, рафта кор мекунаму пул мефиристам” гӯён, духтарам бо чашмони пуроб баромада рафт.
ШИКОЯТИ МАРДИ ПАНҶАКЕНТӢ АЗ ЗАНИ ДУЮМАШ
Дар Русия хоҳарон тариқи “Одноклассники” ҳамдигарашонро ёфтаанд. Духтари хурдиам як моҳ пас ба ман занг зада шодиёна гирифт, ки апаашро пайдо кардааст ва ӯ аз кори кардааш пушаймон буда, аз ман узр мехоҳад. Духтарҳоям ҳарду ба ман пул фиристоданд. Хурсанд гашта ба бонк давидам, то маблағи фиристодаи ҷигарбандонамро бигирам, вале камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад гуфтагӣ барин, дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда ба беморхона афтидам. Духтари хурди ин хабарро шунида апаашро ба Ватан фиристод, то маро нигоҳубин намояд. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан духтари калониам ким-чихел коғазҳоро наздам гузошта хоҳиш кард, ки имзо гузорам. Мани сода андеша накарда имзо намудам. Духтари маккораам маро фиреб карда, хонаро ба гарав монда азбонк 25 ҳазор доллар пул гирифта будааст. Ҳама кору борро аз ман пинҳонӣ ҳал карда, пулро ба ҷайбаш зада нест шуд.
Пас аз чанд вақт ба хонаам одамони ношиноси галстукдор омада гуфтанд, ки ман аз бонк қарздораму дар сурати пулро бар нагардониданам хонаамро мегиранд. Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид. Шӯру мағал бардоштам, ки ман ягон хел қарз нагирифтаам. Хуҷҷатҳоро бароварда нишон доданд. Дар ҳақиқат дар он коғазҳо имзои ман ва духтарам буд. Гирёну нолон ба духтари хурдиам занг зада ӯро аз моҷаро хабардор намудам. Бечора ҳамон рӯз билет харида ба хона баргашт, вале ҳарчанд кӯшиш кардем, карзро бар гардонда натавонистем. Хонаамонро бар ивази пулҳои бо роҳи фиреб гирифтаи духтари калониам гирифтанд. Акнун ману духтари хурдиам мисли бомжҳо дар хонаи хешу табор зиндагӣ мекунем. Магар нисбати модар чунин беадолатона рафтор намудани фарзанд аз рӯйи инсоф аст?! Дод аз дасти духтари бешараф!
Фазилат, модари 64 -сола