arzon replenishment
Доя кӯдакро лагаткӯб карда, баданашро сӯзонд
5615

Чанд муддат пеш хабарнигори сомонаи Oila.tj Шабнам Тоҳирӣ хабари даҳшатовареро аз шабакаи интернетӣ пайдо карда бо овози таҳлукаовар гуфт: “Бачаҳо, хабарро хонед, модараш кӯдакро мурдакӯб карда, оби ҷӯшро ба рӯяш пошидааст.

Бачаҳо гирди сари Шабнам ҷамъ омада, акси кӯдак ва дояи ҷоҳилро дида, аз чашмонашон ашк ҷорӣ шуд. Шабнам: “Акаи Рустам, наход модар ба фарзандаш чунин ҷазоро раво бинад?”

Баъди хондани хабари мазкур дарк кардам, ки ин коро на модари кӯдак, балки амали дасти доязанеест, ки муддатии зиёд кӯдаки Ена ном зани амрикоиро парасторӣ мекардааст.
Ин ҳодиса якчанд рӯз пеш дар яке аз шаҳрҳои Амрикои Ҷанубӣ рӯх дода, сару садоҳои зиёдро байни истифодабарандагони шабакаҳои интернет ба миён оварда буд.


“НЯНКА”-И САРВАЙРОН


Inform.ru навиштааст: Он рӯз Ена, модари тифли ҷабрдида фарзандашро бо доя гузошта ба кор меравад ва шом хаставу бемадор ба хона бармегардад. Вақте аз дар медарояд писарчааш рӯи дастони доя, ки худро бечораҳол нишон дода: “гуноҳи ман нест, худи тифлак ба оби ҷӯш даромадааст”- гуфта гиря мекард, як алами Енаро сад алам мегардонд. Модар тифлашро бо сару рӯйи варамида, панҷаҳои аз оби ҷӯш обилагашта ва тани сӯхтаву абгоргоршуда мебинаду дар ҳол ба пулис ва Ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Кӯдак аз шиддати сӯхтани ҷисмаш беист гиря мекард.

Дояи 36-сола бо баҳонаи пешвоз гирифтани духтурони Ёрии таъҷилӣ ба берун шитофта, рӯ ба гурез мениҳад ва баъди як рӯзи сар задани ҳодиса пулисон дояи 36- сола, ки Исмелда Рамос Мендоса ном дорад, дастгир мекунанд.
Дояи хунхор ҳодисаро амали дасти худ эътироф кардааст. Мақомот аз рӯи ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Сарчашма: inform.ru

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД