Расонаҳои Русия аз ҷанҷоли як шаҳрванди Тоҷикистон бо исми Муҳибулло Саидов бо ду корманди полис хабар додаанд. Ин моҷаро бо фоҷиа анҷом ёфта, муҳоҷири тоҷик аз мушту лагади полисҳо ба ҳалокат расидаааст...
Бино бар иттилои манобеъ, ҳодиса дар пойтахти дуюми Русия, шаҳри таърихии Санкт-Петербург рух додааст. Ба қавли Риа новости ду корманди полис ба яке аз биноҳои истиқоматӣ даромадаанд, то хабари фавриро дар бораи нигоҳдории ғайри қонунии маводи мухаддир тафтиш намоянд. Дарро ба рӯйи кормандони пулис як шаҳрванди Тоҷикистон боз намудааст, ки гӯё дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Бо сабабҳои номаълум байни кормандони мақомоти тафтишотии Русия ва ин муҳоҷири тоҷик ҷанҷол сар задааст.
Расонаҳои русӣ дар ин моҷаро муҳоҷири тоҷикро гунаҳкор карда навиштаанд:
БО БОЙБАЧАҲО ҲАМРОҲ ШУДА «ХАР» ШУДАМ
“Як корманди полис дар натиҷаи зарбаи муҳоҷири тоҷик аз зинапоя афтидаву дигарӣ ҷароҳат бардоштааст, аммо онҳо муҳоҷирро боздошт намуда, ба дасти табибон супоридаанд..."
Хуллас, ин моҷарои ғамангез бо марги муҳоҷири тоҷик ба итмом расида, Муҳибулло Саидов аз мушту лагади кормандони пулис ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Айни замон ин ду кормандони пулис дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд.
Тафтишон аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.