Имрӯз натиҷаи даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 эълон карда шуданд. Довталабоне, ки аз натиҷаи имтиҳонҳо розӣ нестанд, барои шикоят кардан танҳо ду рӯз вақт доранд.
Тавре ки аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади таъмини ҳуқуқи довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон ҳуқуқи дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода шудааст. Аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) гузошташуда давоми 3 рӯзи пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 21 то 23 июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), инчунин дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус қабул карда мешаванд.
Маркази миллии тестӣ хотиррасон менамояд, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имкони имтиҳон супоридан ё бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи иловагиро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаб гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошанд, аризааш баррасӣ карда намешавад. Комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқи ба довталаби аз ин ё он субтест холи гузаришро соҳибнашуда додани холи иловагиро надорад.