Шурӯъ аз 1-уми июли соли 2024 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2-юми май) номнависшуда оғоз гардид. Дар ин бора Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Рашт, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил шуда, 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 44 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад. Қисми А аз чор субтест иборат буда, барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад.
Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа вақт муқаррар шудааст.
Дар давраи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2-юми май) дар маҷмуъ 95 276 довталабон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 78 222 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 17 054 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
Даври асосии имтиҳонҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 8‑уми июл идома меёбад: аз рӯйи қисми А вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо то 6-уми июл ва аз рӯйи қисми Б рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл аст.
Ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб кардаанд, имтиҳонҳо (қисми Б)-ро 7-уми июл месупоранд.
Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршударо риоя намоянд:
1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- даъватнома;
- 2 дона қалами худкор (ручка)-и одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад).
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
- ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар намуди навиштаҳо, маводди иттилоотиву ёрирасон, фарҳангҳои имлоӣ ва (ё) тафсирӣ;
- воситаи алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор, дастгоҳи аксбардорӣ, сабти садо, наворгирӣ, воситаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот, моеъ барои ислоҳкунии ғалатҳо ва ашёи дигаре, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ манъ аст.
3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:
- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва (ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;
- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;
- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;
- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи тартиби муқарраргардида мамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;
- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он қайду ишораҳои ба имтиҳон ва (ё) варақа дахлнадоштаро кардан;
- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари барои баргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;
- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд аз эълони сипарӣ шудани вақти барои имтиҳон ҷудошуда;
- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.
Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок карда шуда, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.
Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 20‑уми июл ба нақша гирифта шудааст.