Arzon march 2024
4 фоидаи буттамеваҳо ба саломатии инсон
25.05.2025
Oila.tj
182

Дар моҳи май аввалин меваҳои баҳорӣ - буттамеваҳо пайдо шуда, пештахтаи мағозаю бозорҳоро бо бӯйи хуш ва зебоияшон зебу зиннати тоза мебахшанд. Шаҳтути заминӣ, қулфинай ва дигар буттамеваҳои лазиз натанҳо табъи касро болида месозанд, балки ба саломатӣ низ манфиатҳои бисёре доранд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 4 фоидаи буттамеваҳо маълумот медиҳем.

  1. Буттамеваҳо сарчашмаи энергия буда, ба тану ҷони кас қуввату нерӯи тоза мебахшанд. Тамоми буттамеваҳо дар таркибашон қанди табиӣ доранд, ки ба зудӣ ба хуни инсон ҷаббида шуда, беҳолию бемадорӣ ва хоболудиро бартараф месозад ва табъи касро болида мегардонад.
  2. Тадқиқотҳои олимон исбот намуданд, ки истеъмоли беттамеваҳо барои узви босира бениҳоят муфид буда, нури чашмро равшан ва биноиро беҳтар мегардонад. Гап дар сари он аст, ки тамоми навъҳои буттамеваҳо дар таркибашон бета-каротин ва витамини А доранд. Ин моддаҳо барои чашм бениҳоят фоиданоканд. Тавре ки табибони чашм мегӯянд, махсусан муруди ҷангалӣ-черника дар равшан шудани нури чашми инсон нақши калидиро мебозад, зеро он дар таркибаш бар замми бета-каротин ва витамини А боз пайвастагиҳои полифеноли дорад, ки чашмони биноияшон хира гаштаро равшан карда метавонад.
  3. Буттамеваҳо хотираро мустаҳкам месозанд, зеро дар таркибашон антиоксидантҳои табиие доранд, ки новобаста ба синну сол кори майнаи сари инсонро фаъол мегардонанд.

4. Истеъмоли буттамеваҳо кори узвҳои ҳозимаро ба танзим дароварда, ҳазми ғизоро осон месозанд, зеро дар таркибашон моддаҳои барои  микрофлораи рӯдаҳо муфид хеле зиёданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД