- Умедахон, чанд рӯз қабл шумо 25-сола шудед. Дар ин 25 сол аз ҳама дарси муҳиме, ки гирифтед, чӣ буд?
- Аз 25 соли зиндагӣ аз ҳама дарси муҳиме, ки дар зиндагӣ гирифтам ба ҳеҷ кас бовар накардан ба ғайри худ ва падару модарат мебошад.
- Чаро ба касе боварӣ надоред? Магар аз ягон шахси наздикатон хиёнат дидаед?
- Бале, ман ба бисёриҳо бовар кардам, вале баъд фаҳмидам, ки сазовори боварӣ набудаанд. Гумон мекардам, ки ҳама мисли худам дили пок доранд, аммо андешаам хато будааст. Инро баъди ба кор даромадан дар телевизион фаҳмидам.
- Ба кор даромадан дар ТВ Тоҷикистон осон нест. Шумо чӣ гуна ба ин даргоҳ роҳ ёфтед?
- Беҳуда намегӯянд, ки агар чизеро Худованд дар насибат навишта бошад, роҳатро худаш боз мекунад ва хоҳ-нохоҳ ба ҳамон ҷо меравӣ. Вақте дар Донишгоҳи славянӣ мехондам, барои таҷрибаомузӣ ба Кумитаи Телевизион ва радио рафтам. Дар як утоқи корӣ нишаста будам, ки устод Субҳиддин Шамсиддизода даромаданд. Маро дида пурсон шуданд, ки дар Телевизиони Тоҷикистон кор кардан мехоҳӣ? Вақте ҷавоби мусбат додам, гуфтанд, ки хез, худи ҳозир рост ба Телевизиони Тоҷикистон рав. Ман занг мезанам, ки туро ба кор гиранд. Бо ҳамин ман корманди ин даргоҳ шудам.
- Шумо дар маҳфилҳо ҳам ровигӣ мекунед?
Дар Телевизион қисми зиёди ровиён ба тӯю маҳфилҳо мераванд. Бахтовари Сайфулло, яке аз устодони дигари ман рӯзе пурсон шуданд, ки мехоҳӣ дар тӯй баромад карда, даромади иловагӣ ба даст биёрӣ. Ҷавоб додам, ки агар чунин шавад, бад намешуд. Баъд ҳамроҳ ба тӯй рафтем ва ҳамин тавр ман оҳиста-оҳиста роҳу равиши гузаронидани маъракаҳо омӯхтам. Аввалҳо танҳо ба тӯю маҳфилҳои дӯстон ва шиносҳои наздикам мерафтам, аз соли 2023 пурра ворид шудам.
- Чанд муддат қабл ҳамкорирро бо блогер Саид Шукуров оғоз карда будед. Чаро ин ҳамкорӣ дар нимароҳ ба охир расид?
- Мо бо Саид Шукуров дӯсти наздик ҳастем. Аз ҳоли ҳамдигар ҳамеша бохабар мешудем. Дар рӯзи зодрӯз ҳамдигарро табрик мекардем. Боре пешниҳод кардам, ки биёед ягон ролики тарбиявӣ омода кунем. Он кас қабул карданд. Як ролик омода кардем ва он иба мардум зиёд писанд омад. Баъд дуюмашро низ пешкаш кардем. Аммо чун ман дар телевизион кор мекунаму чеҳраи телевизион ҳастам, иҷозати блогерӣ карданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ надорам. Ҳамин тавр телевизионро интихоб карда, тарки блогери намудам.
- Шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии ҳунари шумо чи нақш доранд?
- Шабакаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим доранд барои муаррифии ҳунари ҳар як шахсе, ки ягон истеъдод дорад, вале маро бештари мардум туфайли телевизион мешиносанд, чунки аудитория телевизион аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёдтар аст.
- Ба фикри шумо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз барои мо чӣ зиёдтар зарар дорад ё фоида?
- Ман на онқадар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестам, вале дар асри 21 бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ намешавад.
- Маслиҳати шумо ба ҷавонони тоҷик?
- Серталош бошанд. Инсон ҳар қадар дар зиндагӣ бештар талош намояд, ҳамон андоза муваффақ мегардад.