Arzon march 2024
Мактаббачаҳои тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия ширкат меварзанд
97

Мактаббачаҳои тоҷик дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия (OWAO) ширкат меварзанд. Олимпиада дар шаҳри Сочи баргузор шуда, то 22-юми сентябр идома хоҳад ёфт.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар олимпиада дар чор бахш - мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва тестӣ гузаронида шуда, аз Тоҷикистон се хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе - Ҳусанҷон Салимов, Ҳусейн Ғуломзода ва Сайида Абдуҳамидова дар он иштирок доранд.

Зимни маросими ифтитоҳи олимпиада дар маркази Сириус ба шарафи дастаи Тоҷикистон парчами давлатии Тоҷикистон дар ин маркази бузурги илмӣ барафрохта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД