arzon replenishment
Фараҳнози Тоҳирхон чаро тарки телевизион кард?
935

- Фараҳноз, шумо дар соҳаи журналистика 5 сол кор кардед. Дипломи журналистӣ доред ё не?

- Бале, тӯли 5 сол дар соҳаи журналистика кор карда бошам ҳам, дар ин ришта таҳсил накрадаам. Ман Акамедияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардаам, вале худро ба журналистика бахшидам, чунки ба ин соҳа шавқу рағбати зиёд дорам.

- Сабаби аз ТВ “Душанбе” яку якбора рафтанатон дар чӣ буд?

- Ростӣ, ҳар вақте ин саволро пурсон мешаванд, чӣ гуфтанамро намедонам. Пас аз он ки роҳбарият иваз шуд, барои дархости камера баҳри сабт назди сармуҳаррир рафтам, вале дархости маро қабул накарда, гуфтанд, ки шартномаи шумо қатъ шудааст. Ҳайрон шудам, чунки 5 сол кор кардам ва барномаҳоям низ сертамошобин буданд. Ростӣ то ба ҳол сабаби аслиашро намедонам.

- Барномаи " Медонӣ ё не" яке аз машҳуртарин барномаҳо дар шабакаи ютуб буд. Чанд муддат боз ин барнома пешкаш намегардад. Инкони дубора барқароршудани ин барнома ҳаст?

- Барномаи "Медонӣ ё не " дар ҳақиқат тамошобини худро дошт. Ҳар вақте ин барнома дер мебаромад, мардум ҳатман шарҳҳои зиёде менавиштанд. Бале, дар оянда дар нақша ҳаст, ки барномаи мазкурро дубора зинда намуда, зуд- зуд пешниҳоди мухлисон гардонем.

- Чӣ боис гашт, ки шумо рӯ ба блогерӣ, яъне сабти роликҳо овардед?

- Вақте ман блогериро оғоз кардам, фикр кардам, ки танҳо ба барнома намешавад, бояд дар роликҳо низ иштирок кунам. Барои санҷиш дар чанд ролик иштирок кардам, мардум хуб қабул карданд. Ҳамин тавр дилгарм шудам.

- Аксари мардони тоҷик бадрашк мешаванд. Шавҳари шумо барои иштирок карданатон дар ролик ҳамроҳи дигар мардон зиддият нишон намедиҳанд?

- Вақте шавҳарам фаҳмиданд, ки ман ин соҳаро зиёд дӯст медорам ва орзуи бузургтаринам аст, розӣ шуда, гуфтанд, ки ҳамон гунае рафтор кун, ки маро мардум наханданданд. Бо либоси миллӣ баромад кун. Ба мисли зани шавҳардор ба ҳама муносибат кун. Обрӯи маро нарезон. Худоро шукр маро мардум хуб қабул карданд ва шавҳарам маро дастгирӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД