Ман духтари ягонаи хонаводаам. Шавҳар ва ду духтар дорам. Бо ҳамроҳи хонаводаам дар Амрико зиндагӣ мекунем. Ягона маҳрами ман шавҳарам аст, ки бо сабабҳое, ки наметавонам дар ин паём зикр кунам, имкони сафар кардан ба хориҷи Амрикоро надорад. Ман мехоҳам ба ҳаҷ биравам, зеро барои он тавоноӣ дорам. Оё бароям ҷоиз аст, ки ҳамроҳи гурӯҳе ба ҳаҷ биравам? Агар на, пас ман чӣ гуна метавонам ин рукн аз аркони Исломро анҷом бидиҳам, дар ҳоле ки ман ягон маҳраме надорам?
МАЪРИФАТ, аз Амрико
Посухи домулло Хомӯшӣ:
- Зан то замоне, ки тавоно набошад, ҳаҷ бар ӯ воҷиб намегардад. Вуҷуди маҳраме, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад, аз ҷумлаи тавоноӣ барои ӯст. Агар барои зан маҳраме муяссар нашавад, ки бо ҳамроҳи ӯ ба ҳаҷ биравад, пас ӯ дар ин ҳолат, аз нигоҳи Шариат тавоно ҳисобида намешавад, зеро Шариат ӯро манъ кардааст, ки бе маҳрам сафар кунад. Аз ин рӯ, ҳаҷ бар шумо воҷиб нест, магар он ки маҳрам пайдо кунед. Шумо сабр кунед, то Аллоҳ маҳрамеро бароятон фароҳам созад, ки ҳамроҳи ӯ ҳаҷро ба ҷой оваред. Дар ҳоли ҳозир, шумо узри шаръӣ доред ва ягон гуноҳе бар шумо нест. Аммо рафтан (ба ҳаҷ) бо ҳамроҳи гурӯҳ бе маҳрам ҷоиз нест, зеро аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки паёмбар (с) мефармояд: «Зан сафар намекунад, магар бо ҳамроҳи маҳрам ва ягон марде ба назди ӯ ворид намешавад, магар он ки маҳраме дар назди ӯ бошад». Марде гуфт: “Эй расулуллоҳ, ман мехоҳам бо фалон лашкар бароям ва ҳамсарам мехоҳад ба ҳаҷ биравад”. Паёмбар (с) фармуд: «Бо ҳамроҳи ӯ (ба ҳаҷ) бирав». (Ривояти Бухорӣ, 1729).
Дар замони пеш, ҳоҷиён аз Мадина бо ҳамроҳи корвон ё гурӯҳ ба ҳаҷ мерафтанд, бо вуҷуди ин ҳам паёмбар (с) иҷозат намедод, ки зан бе маҳрам сафар бикунад.