Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хуб барои муҳаббат ва саргузаштҳои ошиқона аст. Ишқи тоза рӯҳияатонро боло мебарад. Неруи мусбати шумо ба дастовардҳои хуб дар кор ва дигар самтҳо мусоидат мекунад. Аммо эҳтимол дорад, ки тағйироти ғайричашмдошт рух диҳад, кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред, ба асабоният роҳ надиҳед. Агар муваффақ шудан хоҳед, кори иловагиро ба дӯш гиред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз шояд харид ё нақшае, ки дар сар доштед, иҷро нашавад, вале эҳтимол вохӯрии гуворо бо шахси ҷолиб сурат гирад. Шояд ӯ ҳамсафари ояндаатон гардад. Корҳои хонаводагӣ диққати зиёд мехоҳанд, то аз баҳс бо наздикон канорагирӣ кунед. Дар кор метавонанд душвориҳо пеш оянд, иштибоҳҳоро қабул кунед ва ислоҳ намоед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед, ғизои солим интихоб намоед, тандурустии шумо дар дасти шумост.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Эҳтимол дорад имрӯз рафтори саркашона ё беэҳтиромона дошта бошед. Хобҳои шабона метавонанд ишора ба рӯйдодҳои оянда бошанд. Дар охири рӯз, шояд дар бораи яке аз наздиконатон хабаре шунавед. Робитаро бо одамоне, ки шуморо қадр намекунанд, кам кунед. Аз ҳар кори ночиз асабиву ғамгин нашавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз нафаре метавонад изҳори муҳаббат кунад. Бо вуҷуди ин, дар масъалаҳои ошиқона эҳтиёткор бошед, фиреб нахӯред. Дар касбу кор оромӣ эҳсос мешавад ва шумо метавонед ба наздикон бештар таваҷҷуҳ кунед. Шояд манбаи нави даромади пулӣ пайдо шавад, маблағи зиёд набошад ҳам, шукр кунед. Аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Саломатӣ ғамхории пайвастаро талаб мекунад.
Асад (23 июл-23 август)
Агар шумо муҷаррад бошед, танҳо вақте ба муносибати ошиқона оғоз кунед, ки ба он омода бошед. Имрӯз шояд ҳавас надошта бошед. Агар бо фарзанди наврас нофаҳмӣ доред, муҳаббат ва дастгирии шумо метавонад вазъро беҳтар кунад. Дар кор, агар масъулиятшинос бошед, натиҷа хуб хоҳад буд. Баъзан барои ба даст овардани фоида бояд дар бисёр масъалаҳо гузашт кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Фурсати хубест, ки муҳаббатро як сӯ гузошта, равобити молиявиро беҳтар намоед. Агар ба суханони наздикон бодиққат гӯш диҳед, метавонед аз баҳсҳо ҷилавгирӣ кунед. Тоҷирон метавонанд пешниҳодҳои фоидаовар гиранд, аммо пеш аз қабул бодиққат санҷанд. Имрӯз барои ҳал кардани мушкилоти молиявӣ мувофиқ аст. Шояд бо ёрии шарик ин масъаларо ҳал кунед. Вақти хуб барои табобати чашм ва асаб низ расидааст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз метавонед истеъдод ва қобилиятҳои худро нишон диҳед, ё шиносоии ошиқона шуруъ шавад. Аммо эҳтиёт кунед, рашк ва нофаҳмӣ метавонанд боиси низоъ гарданд. Эҳтимоли хобҳои нохуш ва эҳсосоти вазнин вуҷуд дорад. Дар кор, агар мушкилот пеш ояд, кумаки ҳамкоронро рад накунед. Шояд имрӯз дарк кунед, ки рисолати шумо дар чист. Агар сардард дошта бошед, ба ҷои дору ба духтур муроҷиат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
На ҳамеша мешавад таваҷҷуҳи шахси дӯстдоштаатонро ба даст овард. Андеша кунед, оё воқеан мехоҳед бо ӯ оянда созед? Имрӯз танҳоӣ ва суҳбати самимӣ бо наздикон метавонад рӯҳияатонро беҳтар кунад. Барои онҳое, ки дар тиҷорат фаъоланд, шояд мушкилот пеш ояд, муштариён ва кор зиёд мешавад. Эҳтимоли зарари молиявӣ низ ҳаст. Агар худро танҳо ё ғамгин эҳсос кунед, як гардиш дар табиат фоидаовар хоҳад буд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар дар муносибати ошиқона нестед, ба дили худ гӯш диҳед, на ба гапи дигарон. Бо хешовандон боэҳтиёт ва бо сабр рафтор кунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Имрӯз рӯз ором аст ва барои шурӯи лоиҳаҳои нав замони хуб аст. Эҳтимоли гирифтани пули ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Ба фарзандон диққати бештар диҳед, онҳо ба дастгирии шумо ниёз доранд. Ҳангоми кор бо ашёи тез эҳтиёт кунед, хатар вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шиносоии гуворо ва суҳбатҳои хотирмон дар назар аст. Шояд баъд аз ин вохӯриҳо дидатон ба зиндагӣ дигар шавад. Оиладорҳо метавонанд барои беҳтар кардани шароити зист идеяи наве пайдо кунанд. Агар худро ноором ё ноустувор ҳис кунед, аз қарз гирифтан ва имзои шартнома худдорӣ намоед. Аз нӯшокиҳои спиртӣ канора гиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шахси дӯстдошта метавонад шуморо бо як сюрпризи гуворо шод кунад, шумо барои ӯ шахси муҳим ҳастед. Эҳтимол меҳмони нохонда аз тарафи хешовандони ҳамсар биёяд, аз ин нороҳат нашавед. Пешниҳодҳои шумо дар кор пазируфта мешаванд, аммо аз ҳад зиёд кӯшиш накунед. Мумкин аст пул ғайричашмдошт ба дасти шумо расад, онро оқилона истифода кунед. Варзишу ҳаракат ба шумо неруи тоза мебахшад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ба симо ва намуди зоҳирии худ таваҷҷуҳ диҳед, сабки нав метавонад каси дилписандро ҷалб кунад. Агар бо наздикон баҳс доред, онро зуд ҳал кунед, вагарна паёмадҳои ҷиддӣ метавонад ба бор орад. Дар кор эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, худро назорат кунед ва вазъ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли гирифтани пули ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Агар бемории музмин шиддат гирад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед, нисбати саломатӣ бепарво набошед.