Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ҷозибаатон хеле зиёд мешавад. Шомгоҳон имкони шиносоии ошиқона ҳаст, ба шарте ки дар хона танҳо нишастанро авло надонед. Эҳтимол ҳамсояҳои нав бо садову шӯру ғавғо ташвиш медиҳанд, шояд таъмир мекунанд. Агар ноадолатӣ бинед, хомӯш набошед, вале бо далел ва оромона ҳарф занед. Дар хароҷот оқилона рафтор кунед, эҳтимол пул лозим мешавад. Барои барқарор кардани неру истироҳат ё сафар ба ҷойҳои нав фоидаовар хоҳад буд.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар равобити ошиқонаи шумо сард шуда бошад, имрӯз вақти хубест, ки аз нигоҳи дигар ба онҳо нигоҳ кунед. Асабатон ноором мешавад, аз суханони тезутунд худдорӣ намоед. Шахсе, ки пештар рақиб буд, метавонад имрӯз ба ҳамкор табдил ёбад. Барои гуфтугӯ ва созиш шароит хуб аст, вале беэътимодӣ метавонад муноқиша оварад. Аз худтабобатӣ худдорӣ кунед, буғумҳоятон ниёз ба нигоҳубин доранд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шоми ошиқона дар интизори шумост. Агар танҳо бошед, дар чорабиниҳои оммавӣ ширкат варзед, шояд шахси ҷолиберо вохӯред. Субҳ бо изтироб ва ташвиш оғоз меёбад. Эҳтимоли муноқиша ва ҳатто хашми ногаҳонӣ ҳаст. Аввал корҳои кӯҳнаро ҷамъбаст кунед, сипас ба нав шуруъ намоед. Даромад ё муваффақият дар савдо имконпазир аст. Рӯз барои зиёфат, вохӯрӣ бо дӯстҳо ва ҳаммом рафтан муносиб аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз тағйирот наҳаросед, ҳатто агар ба муносибатҳои наздик дахл дошта бошанд. Зиндагӣ бо суръати баланд пеш меравад. Дӯсти наздик метавонад рӯзе шуморо ноумед кунад, эҳтиёткор бошед. Сафар ба хориҷа метавонад оромӣ ва неруи нав бахшад. Дар бозору мағозаҳо сарфакор бошед. Ба ҷойи фикрҳои бад, рӯ ба хубиҳо биёред.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пур аз воқеаҳои ғайричашмдошт мешавад. Оромиро нигоҳ доред ва ба овозаҳо аҳамият надиҳед. Метавонед ба дастгирии наздикон умед бандед. Барои бастани шартнома ва гуфтугӯ рӯз чандон мувофиқ нест, эҳтимоли фиреб ҳаст. Бо нармӣ ва созишкорӣ натиҷаи хуб мегиред. Даромади ғайричашмдошт имконпазир аст. Ҷисматон ба оромӣ ниёз дорад, аз машқҳои ҷисмонӣ парҳез намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз муҳити ошиқона шуморо фаро мегирад. Шахсе метавонад нисбат ба шумо таваҷҷуҳи хос зоҳир кунад. Агар фарзанд доред, ба дӯстони нав ва муҳити онҳо аҳамият диҳед. Барои ҳалли масъалаҳо фаъол бошед. Аз сармоягузории хатарнок худдорӣ кунед, маблағро ба таблиғ равона кунед. Агар ба худ фишор наоред, саломатиятон хуб мемонад. Масъулиятҳои зиёдатӣ бар дӯш нагиред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз вақти хубест барои беҳтар кардани муносибат бо наздикон. Агар нофаҳмие дар оила бошад, сабру таҳаммул кумак мекунад. Аз корҳои душвор худдорӣ намоед, беҳтараш камбудиҳои гузашта ислоҳ шаванд. Қарорҳои муҳимро боэҳтиёт гиред. Ташвиш кашидан барои наздикон метавонад ба саломатии шумо таъсир расонад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз эҳсосоти ошиқона бо ноумедӣ омехта мешаванд. Дӯстону наздикон такягоҳи хуб хоҳанд буд. Дар хона фазои ҳамдигарфаҳмӣ эҳтимол дорад, муносибатҳо метавонанд мустаҳкам шаванд. Дар ҷои кор нофаҳмӣ ё муноқиша имкон дорад, вале хашматонро идора кунед. Вохӯрии нав ва эҳёи робитаҳои кӯҳна имконпазир аст. Аз кори вазнин худдорӣ кунед, буғумҳо метавонанд дард кунанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳсосоти ошиқонаи шумо хеле равшананд, онҳоро пинҳон накунед. Ёри мувофиқ пайдо кардан осон хоҳад буд. Дар хонавода масъалаҳои моликият ҳалталаб мешаванд. Сафарҳои кории ғайричашмдошт таҷрибаи хуб мебахшанд. Рӯз барои нақшакашӣ ва муошират мусоид аст. Эҳтимол хастагӣ ё бетафовутӣ эҳсос кунед, кӯшиш кунед рӯҳияро нигоҳ доред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз зане метавонад нисбат ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад, вале эҳтиёт шавед, шояд мақсадҳояш худхоҳона бошанд. Ба қабули меҳмонон тайёр шавед, хӯроки болаззат ба шумо имтиёз меорад. Эҳтимол одамони ҳасуд дар атроф пайдо шаванд. Аз ҷойҳои серодам канора гиред. Мушкили молиявӣ метавонад шуморо нигарон кунад, вале ором бошед. Аз варзиши шадид худдорӣ намоед, эҳтимоли осеб вуҷуд дорад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз лозим мешавад зеҳни баланди худро ба шарики ҳаётӣ нишон диҳед, вале бе худнамоӣ, ин метавонад боиси ранҷиш гардад. Аз танқид кардан худдорӣ намоед. Агар имкон бошад, каме истироҳат кунед. Беҳтараш таътил гиред. Дар бахши молия беҳбудӣ эҳтимол дорад. Саломатӣ хуб хоҳад буд, агар худро зиёд зери фишор нагиред.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз ҳаёти шахсии шумо пурҳаяҷон хоҳад буд. Аммо эҳсосотро зери назорат гиред. Хешовандонро ба дидан даъват кунед ё ба табиат равед, ин ба шумо неру мебахшад. Барои лоиҳаи нав пуштибонии дӯстону ҳамкорон муҳим аст. Субҳ бо неруи баланд оғоз меёбад, фурсати хуб барои тағйири касб аст. Аммо аз кори вазнин худдорӣ кунед, хастагӣ метавонад рӯҳияатонро коҳиш диҳад.