Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1655

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо бояд ҷиддан андеша кунед, ки дар кадом самт бояд ҳаракат намоед, бахусус дар муносибатҳои шахсӣ. Дарк кунед, ки ҳамсафари идеалии шумо бояд чӣ гуна бошад. Муносибат бо дӯстдошта беҳтар мешавад, агар аз булҳавасӣ парҳез кунед. Вазифаҳоятон зиёд мегарданд, дар бораи зиёд шудани маош бо роҳбарият суҳбат кунед. Аз ташхиси тиббӣ рӯй нагардонед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз муносибат бо дӯстдошта хеле беҳтар мегардад - низоъҳо ва шубҳаҳо рафъ мегарданд. Аз иҷрои вазифаҳои ҳаррӯза сарпечӣ накунед, то ба маломат гирифтор нашавед. Агар якрангӣ шуморо хаста карда бошад, вақт ҷудо кунед ва каме фароғат кунед. Беҳтар аст дар ҳавои тоза сайр кунед, то рӯҳия ва саломатиятон беҳтар шавад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз аз гуфтугӯҳои зиёдатӣ бо одамони ношинос парҳез намоед, бахусус дар бораи ҳаёти шахсӣ. Шояд лозим ояд, ки бо аҳли хонадон ошкоргӯӣ кунед, аммо аз баҳс худдорӣ намоед. Дар кор фишор эҳсос мешавад, аммо маҳорати шумо ба ёрӣ меояд. Шонси пайдо кардани манбаи нави даромад вуҷуд дорад. Пулро беҳуда сарф накунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед - истироҳат лозим аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шумо бе заҳмат дилрабо ба назар мерасед. Барои онҳое, ки оиладоранд, оромӣ муҳим аст, то муноқишаҳо пешгирӣ шаванд. Дар кор шояд мушкилӣ пеш ояд, аммо бо тартиб додани нақшаи дақиқ муваффақ мешавед. Хонаи худро аз ашёи нолозим пок созед. Имрӯз имзо кардани шартномаҳо хуб нест. Агар ҷарроҳӣ дошта бошед, натиҷааш бобарор хоҳад шуд.

Асад (23 июл-21 август)

Агар дар муносибатҳои ошиқона мушкилӣ сар зада бошад, ба сарулибос ва симои худ диққат диҳед. Бо наздикон таҳаммулпазир бошед, то баҳсҳо рух надиҳанд. Ба маслиҳатҳои шубҳанок гӯш надиҳед - ба ҳисси ботинӣ эътимод кунед. Имрӯз танҳоӣ ва корҳои мустақилона ба фоидаи шумост. Фаъолиятҳои ҷисмонӣ ба саломатиятон фоида доранд.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ нофаҳмиҳо ва ҳодисаҳои ногаҳонӣ эҳтимол доранд. Беҳтараш мулоқотҳои ошиқонаро ба вақти дигар гузоред. Дар муҳити хона диққати асосӣ ба шумо равона мешавад - аз ин лаззат баред. Маслиҳат доданро маҳдуд намоед. Дар коргоҳ худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна муносибатҳо сард мешаванд. Шомгоҳ мумкин аст мукофоти молиявӣ гиред. Ба саломатӣ бодиққат бошед ва табобатро қатъ накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз аз амалҳои шитобзада ва васвасаҳо худдорӣ намоед. Аз фиреб, бахусус аз тарафи дӯстони ношинос, эҳтиёт шавед. Бепарвоӣ дар масоили молиявӣ метавонад боиси талафот гардад. Пулатонро эҳтиёт кунед. Варзишҳои сабук дар пешгирии дарди буғум кумак мекунанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар муносибатҳои ошиқона бо ростқавлӣ ва устуворӣ шумо эҳтироми дӯстдоштаатонро ба даст меоред. Агар хоҳиши роҳбари оила шудан дошта бошед, масъулият ба китфатон бор мешавад. Аз суҳбат бо роҳбарият худдорӣ намоед - имрӯз онҳо хушмуомила нестанд. Маблағи худро захира кунед, зеро ногаҳон ба хароҷоти калон ниёз пайдо мешавад. Ба саломатии худ бештар таваҷҷуҳ намоед ва истироҳат кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар муносибат бо дӯстдошта сард шуда бошад, фурсати танаффус гиред. Барои шодӣ ва фароғати хонаводагӣ як маъракаи хурд ташкил кунед. Бо ирода ва талош натиҷаи хуб ба даст меоред, вазъи молиявиатон беҳтар мешавад. Молу мулки худро муҳофизат кунед. Аз пӯшидани либоси рангаш кабуд худдорӣ намоед, он имрӯз ба шумо мувофиқ нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аввали рӯз шояд зарурати гирифтани қарорҳои муҳими ошиқона ба миён ояд. Дар муносибатҳои заношӯӣ нофаҳмӣ сар мезанад, аз асабоният худдорӣ кунед. Дар кор танҳо ба неруи худ такя кунед. Имрӯз эҳтимоли аз даст додани маблағ зиёд аст. Ғизои худро назорат кунед, аз таомҳои вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ дурӣ ҷӯед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Шумо имкони беҳтар кардани муносибатҳои ошиқонаи худро доред, вале кӯшиш лозим аст. Ба корҳои дигарон дахолат накунед, то аз мушкилот эмин монед. Аз хароҷоти саросемавор парҳез кунед, то пушаймон нашавед. Ғизои носолим ва набудани истироҳат метавонад шуморо хаста ва дилгир кунад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз атрофиён ба хубиву камбудиҳои шумо диққат медиҳанд, кӯшиш кунед самимӣ бошед. Дар сари қаҳр касеро наранҷонед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, беҳтараш хароҷотро кам намоед. Ба саломатӣ таваҷҷуҳ кунед, иммунитетатонро қавӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД