Arzon march 2024
Домоди гумном
1964

 

Чароғҳои бинои ҳамсоя низ хомӯш шуданд, шаҳр зери чодари зангории шаб осуда нафас мекашид, сукути нимашабонро садои гоҳ-гоҳи мошинҳо халалдор мекард. Дар бинои бистқабатаи боҳашамати навсохт танҳо чароѓи як ҳуҷра фурӯзон буд, Гулшан дард мекашид, қаҳваи талхи хунуки гӯшаи мизро гоҳе ба лаб мебурду меандешид «мисли зиндагии ман сарду талх аст қаҳва…»

 

Дар фурӯшгоҳи сермуштарии «Ашан» Гулшан туфлии сурхи зебоеро ба по карда, дар оина нигоҳ мекард. Пойҳои сафеди дилрабояш бо ранги анории кафшҳои ҷилодор ҷанг мекарданд, ҷавони зебое бо диққат ба вай нигариста гуфт:

-Дигар аз поятон накашед, духтари зебо, сахт зебидааст.

Гулшани нозанин, ба чашмони хумори ҷавон нигоҳ карда, дилаш равшан шуд ва бо хандаи дилситон посух дод:

-Аз сухани шумо шикастана гардани шайтон шиканад!

Ҳамин тавр оғоз ёфт шиносоии Баҳрому Гулшан, ишқ аз як нигоҳ ҳақиқат доштааст, зеро дар чанд дақиқа онҳо бо ҳам чунон унс гирифтанд, ки…

Гулшан духтари шаҳрӣ буду дар оилаи бонуфузе ба дунё омада буд, падараш дар як сохтори ҳуқуқӣ кор мекарду сарватманд буданд. Апаашро як оилаи мисли худашон номдор келин карда буданду ду акааш ҳам хонадору соҳиби ҷойи кори хуб буданд. Дар ҳавлии дуошёнаи барҳавои падарӣ акаи хурдияш бо оилааш, падару модар ва Гулшан зиндагӣ мекарданд.

Падару акаҳояш Гулшанро зиёд дӯст медоштанд, духтарак дар донишгоҳ ғоибона мехонду дар бонке кор мекард. Ноздонаи оила беҳтарин либосҳоро ба бар карда, сари чанбараки мошини қимматбаҳо ва нодири хориҷӣ нишинад ҳам, ҳаргиз кибру ғурурро дар дили хеш ҷой намедод. Хоксору меҳрубону ширинзабон буд, ба нигоҳи пурҳаваси ҷавонон диққат намедод, вале…

 

Ишқи бачаи қишлоқ

Баҳроми қоматбаланду зебо бо ширинзабонии худ дар дили Гулшан аз лаҳзаҳои аввал ҷой гирифт ва ӯро аз мағоза то назди мошинаш гусел карду бо ҳам аҳд карданд, ки фардо дар тарабхонаи овозадори «Бурак» туфлиҳои харидаи Гулшанро мешӯянд…

Баҳром дар деҳаи дурдасти кӯҳистон дар хонаводаи миёнаҳол, вале хуштарбия ба дунё омада, мактабро бо медали тилло хатм карду бо донишу маҳорати худ ба Донишгоҳи тиббии Маскав дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ шаҳрванди Русия шуда, дар беморхонаи бонуфузе ба кор оғоз намуд.

Падару модараш ду бародарашро зан доданду хоҳаронашро ба шавҳар ва Баҳромро ба Ватан хонданду хонадор карданӣ буданд, вале ӯ ба дилаш духтар намеёфт. Баҳром ҷавони заҳматкаше буду пул ҷамъ карда, дар маркази пойтахт хона харида буд. Ҳар гоҳе ба Ватан биёяд, чанд вақт дар Душанбеи нозанин мемонд.

Албатта, тоҷикписари чорпаҳлӯи чашмхумор аз байни русдухтарон хушдорони зиёд дошт, маъшуқа ҳам дошт, аммо зани тоҷик гирифтан мехост. Чун Гулшанро дид, дил аз даст доду ба хотири дуруст омӯхтани ӯ рухсатии меҳнатияшро дароз кард.

Остони баланд

Гулшани нозанин мисли париҳои афсонавӣ пероста шуда, ба мулоқоти хушдори маскавияш рафт, ки дили ӯро аз қафаси синааш канда бурда буд. Онҳо ду нафар то дер бо ҳам сӯҳбат карданд, Гулшан бо шӯхӣ гуфт, ки “падарам бароям хонаи панҷҳуҷрадор дар маркази пойтахт харид, нашустамаш, мошинамро нашӯстам, вазифачае ҳам гирифтам дар бонк, онро низ нашӯстам, қадри туфлиҳоям ин қадар баланд будааст…”

Баҳром дар як ҳафта тавассути шиносҳояш аз чанд кас дар бораи Гулшан ахборот гирифту фаҳмид, ки чашмони ӯ хато накардаанд. Духтар аз чизе камбудӣ надорад, аммо аз остони баланд асту насиби ӯ мешуда бошад ё не? Бо ҳамин мазмун ба Гулшан паёмаке ҳам фиристод, ки:

Ё ту моро написандӣ?

Кафтари боми баландӣ…

Гулшан ба Баҳром дар бораи падару бародаронаш нақл карду гуфт, ки риштаи тақдири ӯ дар дасти падараш аст. Ҷавон ба духтар ваъда дод, ки албатта дили падарашро меёбад ва баъди як ҳафта волидонашро ба хонаи онҳо хостгорӣ равон кард.

Падару модараш аз аввал интихоби ӯро напазируфта буданд, чун муносибати падари духтарро бо худашон диданд, қасам хӯрданд, ки дигар пояшонро ба он остони баланд намемонанд.

Афсар Сафарович, падару модари Баҳромро хуш пазируфт, хоса модараш бону Зулайхо аз дидани меҳмонҳои деҳотӣ ва дастовезҳои хушлаззати эшон зиёд хурсанд шуд. Аммо суханҳои баъдии соҳиби «остони баланд» дили Бобои Акбару хонуми ӯ холаи Тоҷинисоро озурда кард.

-Бародари қиёматӣ, мо ҳама дар деҳаҳо ба воя расида, шаҳрҳоро обод кардаем,- мад кашида гуфт падари арӯсшаванда ва идома дод,- писари шумо дар Русия хонда, он ҷо зиндагӣ карда, кӣ медонад чӣ гуна ахлоқ дорад?! Ман наметавонам духтари ноздонаву ягонаамро ба ӯ диҳам, хафа нашавед.

-Писари ман дар Русия овораву беҳуда нагаштааст, ӯ он ҷо донишгоҳи бонуфузро хатм намуда, кор мекунад, шаҳрванди ин мулк аст. Ҳам дар Душанбе хона дораду ҳам дар Маскав,- аз писараш пуштибонӣ намуд Бобои Акбар ва лаби дастархонро гардонда,- нахоҳед, мо маҷбур намекунем,- гӯён, дасти ҳамсарашро гирифта, аз ҷояш хест. Афсар Сафаровичи машҳурро ғурури ин марди кӯҳистонӣ хуш омад, вале худашро паст зада, “ман розӣ” нагуфт…

 

Шартҳои хусуршаванда

Бобои Акбар писарашро хуб сарзаниш кард, ки “наход дили духтарро нафаҳмида, маро сарсону саргардон кунӣ-а?” Баҳром рӯзи дигар падару модарашро ба деҳа гуселонида, худаш ба хонаи падари Гулшан рафт. Аҳли оила хӯроки шом мехӯрданд, чун хизматгор хабари омадани меҳмони нохондаро ба онҳо расонд, онҳо ба як овоз “даъват кунед” гуфтанд.

Баҳроми қоматбаланди нозанин, ки хеле зебо сӯҳбат мекард, ба Афсар Сафарович писанд омад. Ӯ розӣ шуд, ки духтарашро ба ӯ диҳад, аммо бо як шарт. Ӯ ба Баҳром гуфт, ки хонаи якҳуҷрагии дар Маскав доштаашро ба сеҳуҷрагӣ табдил дода, коре ёбад, ки маошаш сад ҳазор рубли русӣ бошад.

Ду сол вақт дорад, “дар ин ду сол Гулшан донишгоҳро хатм мекунад, тӯйи хонадоршавӣ, ҷиҳозонидани хона ба зиммаи ман”,- гуфт дар охир падари Гулшан. Баҳром ба чашмони ба шоҳкоса монанду нигоҳи ҳариси ин марди чизпараст нигариста гуфт:

-Ман розӣ, ташвиш накашед, ҷиҳозу тӯй низ ба гардани ман. Ман қавл медиҳам, ки шартҳои шуморо дар як сол буд мекунаму тӯй мешавад, вақти дарсҳояш Гулшан ба Тоҷикистон меояд.

Баҳром аз ҳавлии боҳашамати арӯсаш берун шуда, ба таксӣ занг заданӣ буд, ки Гулшан ба ӯ занг зада гуфт:

-Сад метр болотар раву мунтазир бош, ман меоям,-пас аз понздаҳ дақиқа Гулшан бо мошинаш назди ӯ ҳозир шуду онҳо якҷоя ба хонаи Баҳром омаданд. Шаби дароз рози дил гуфтанд, кай хобашон бурдааст номаълум, вақте бедор шуданд, соат панҷи бегоҳ буд…

Аввалин саволи Баҳром ба Гулшани хоболуд ин буд:

-Туро дар хона намекобанд?!- Гулшан ба ӯ ҷафс шуда, пичиррос зад,- модарам медонад, ки ман бо туям…

 

Гумном

Се шабу рӯз ошиқон бо ҳам буданд, баъд Баҳром ба Маскав парвоз кард ва пинҳонӣ аз падару модар ва арӯсаш шартнома басту ба ҷанги Укроин рафт. Чанд моҳи аввал ҳама хуб буд, ӯ маоши гирифтаашро ба бонк мемонд, умед дошт, ки пули хонаву ҷиҳозоро низ ҷамъ карда, баъд аз пайи кори маошаш баланд мешавад, вале…

Мошини ёрии таъҷилие, ки дар он Баҳром низ буд, ба як маҳалли ҷангзада рафту барнагашт. На аз мошин хабар буду на аз одамоне, ки дар дохили он буданд.

Ба падару модари Баҳром хабар омад, ки писари онҳо беному нишонгашта эълон шудааст. Бобои Акбар аз шунидани ин хабар ба сактаи мағзи сар гирифтор шуда, дунёро падруд гуфт, холаи Тоҷинисо бошад, хаёливу камгап шуда монд.

Гулшан аз он ки зангҳои телефонияш беҷавоб буданд, алам мекашид ва пинҳонӣ аз ҳама ба Маскав сафар кард. Ӯ ба ҷойи кори Баҳром рафта, суроғ кард, коргузор ба Гулшан гуфт, ки Баҳром ба ҷанг рафта, гум шудааст…

Инак, як сол мешавад, ки Гулшан хобу хӯр гум кардааст, чун деҳа ба аёдати модари ѓамзадаву апаҳои нолони дӯстдораш рафт, дилаш реш-реш шуд. Холаи Тоҷинисо ӯро ба оѓӯш гирифта гуфт:

- Агар падари ту розӣ мешуд, шояд писарам ба хотири ту ба ҷанг намерафт.

Модари бечора аз куҷо медонист, ки писараш маҳз қурбони ишқи ӯ шудааст. Гулшан дари дилашро ба ҳама бастааст, дар хонаи худаш танҳо зиндагӣ мекунад, бо падари чизпарасташ умуман гап намезанад, маҳрами асрораш танҳо модар асту бародари калонияш. Гулшан умед дорад, ки рӯзе азизи дилаш сиҳату саломат аз дараш медарояд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саида 2023-08-02, 13:47
Кошкӣ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саида 2023-08-02, 13:47
Кошкӣ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД