Наргис дастони кӯдакони кӯчакашро сахт қапиду тез - тез қадам монда ба сӯйи дарёи Кофарниҳон раҳсипор шуд. Кӯдакон инҷикӣ мекарданд, ки монда шудем. Вале Наргис побанди ғаму қаҳру рашк гириста-гириста қадам мезад ва гиряи кӯдакони дугоникашро намедид.
“Ҳоло исто, ман ҷазои туи бевафоро медиҳам. Боз кӯдаки маъюби ӯро ба ватан ба назди ман мефиристодаӣ?!”.
Ҳаргиз ман кӯдаки ҳамсари дуюми туро парасторӣ нахоҳам кард. Ана мебинӣ, ман худамро бо ду кудакат таги об мекунам, як умр месӯзӣ дар ҳаққи мо. Ман дар таги болишти хобам хатча навиштам, ки ту гунаҳкор ба марги моӣ.
Наргис ба лаби дарё расид. Кӯдакон беист дод мезаданд. Наргис ба онҳо нигариста якбора дилаш суст шуд.
Аз дил гузаронид, ки агар инҳоро дар об ғарк кунам, ҷабр ба чонаки ширинашон мешавад. Беҳтараш худамро ба дарё мепартоям. Аз бевафоиву хиёнати шавҳар ба дод омадам. Се сол аст ки намепурсад, ки саги куҷоӣ. Кӯдаконамон чи мехӯранд, чи мепушанд?
Ба замми ин зан гирифта духтарчадор шудааст. Акнун ин кӯдаки маъюби модарзодро ин ҷо ба сари кӯдакони ман мехоҳад фиристад.Харгиз розӣ нестам. Ҳаргиз
Боз қаҳраш хуруҷ карду ба сараш андешаи худкушии худу кӯдакони бегуноҳаш омад. Мағзи сараш ин лаҳза аз имон дуру карахт мубталои эҳсоси рашк чизеро намефаҳмид. Ҳамин дам як роҳгузар, зани миёнасоле ӯро фарёд карда “ҳе хоҳар” гуфт. Гашта нигоҳ карду ашки чашмонашро пок карда “бале” гуфт.
-Хоҳарҷон, дар лаби дарё чӣ мекобӣ?
Кӯдаконат гиря доранд, шояд гушна мондаанд.
-Дигар гушна намешаванд. Рав, апа ба роҳат.
-Майлаш меравам. Аммо як даҳан гапи маро гуш кун.
Ин дарё одамхур аст. Ту ҳоло сари қаҳр ҳастӣ. Дида истодаам ки ҳатто ба кӯдаконат раҳме надорӣ!
-Э апа, рав ба роҳат.
Зан дид ки Наргисро аз роҳи худкушӣ гардонда наметавонад. Бо шаст ҳарду кӯдаки се соларо бардошту давид сӯйи деҳа. Наргис аз пасаш надавид.
Барояш ин лаҳза ҳама чи бефарқ буд.
Ба телефони шавҳараш занг зад. Аммо ӯ телефонро набардошт. Якбора қаҳраш боло рафт. Ба хушдоманаш занг зада бо фиғон гуфт, ки ана ман худаму Ҳасану Зуҳроро дар дарё ғарк мекунам. Хушдомани бадҷаҳл ин сония ба алов равған рехта гуфт : кушӣ, куштан гир. Ҳатто куштани худат ҳам аз дастат намеояд. Бачама зани дигариша оварда зиндагӣ мекунем.
Наргис гуширо кушту боз гирист. Аз гапи хушдоман сахт аламаш омад. Ва аз дил гузаронид, ки ман агар худама кушам, инҳо хурсанд мешаванд. Беҳтараш аз шавҳарам ҷудо шуда ба кор медароям. Дӯзандагиро метавонам ку.
Боз садои гиря шунида шуд. Ба кафояш нигариста кӯдаконашро дид.
-Тоба кардам ин зан куҷо шуд?
Як дамда он тараф рафту боз кӯдакон ин ҷо пайдо хастанд. Чи муъҷизае.
Кӯдаконашро гирифту оҳиста-оҳиста ба хонаи хушдоман омад. Роҳ ба роҳ фикр мекард, ки ин зан одам буд ё ягон махлуқи дигар?
Ҳоло Наргис дӯзандаи номӣ аст. Шавҳараш ҳоло ҳам дар муҳоҷират. Ӯ мегӯяд, ки дигар ҳаргиз фикри худкушӣ намекунад. Аммо, то ҳоло фикр дорад, ки он зани кӯдаконашро наҷотдода дар асл буд ё на?