Зиёда аз даҳ сол аст, ки садои Шаҳриёр Давлатов дар хонадони мо танинандоз аст.
Ӯ аз ишқ, хиёнат, муҳаббат, бевафоӣ, падар, модар, зиндагӣ, марг, танҳоӣ, ҷудоӣ ва ғайраҳо мегӯяд. Аз маҳсули эҷодаш шунавандагонаш ҳар кадоме барои худ чизе мегиранд. Новобаста ба ноҷуриҳо дар пайраҳаи ноҳамвори эҷодиаш ӯ пайваста бо таронаҳои нав ва намоҳангҳои ҷолиб хотири мухлисонашро шод мекунад.
Чанде пеш Шаҳриёр Давлатов ба хотири пос доштани ному нишони шаҳидгаштагони офатҳои табиӣ, махсусан заминларзаҳо таронае бо номи "Зилзила" дар Ютубканалаш нашр кард. Бо баҳонаи ин суруд бо Шаҳриёр Давлатов доир ба дирӯзу имрӯз ва фардои фаъолияти эҷодиаш суҳбат кардем.
- Суҳбатамонро аз суруди наватон бо номи “Зилзила” оғоз мекунем. Идеяи ин суруд чӣ гуна пайдо шуд?
-Ҳунарманд бояд дардошнои ҷомеа бошад ва чун яке аз дардҳои бисёр сангин, ки чанд вақти охир харобиҳои зиёд овард, зилзилаҳои пайи ҳам дар чанд мамлакати дунё буданд ва идеяи тавлиди чунин суруд дар сарам пайдо шуду шукр, онро шумо шунидед.
- Таронаи “Зилзила” махсусан ба зилзилаҳои охир, ки дар Туркияву Афғонистон рух доданд, нигаронида шудааст ё дар умум ба ҳамаи зилзилаҳо?
- Ба ҳама харобиҳо, ки ба ҷону моли мардум зарар расониданд. Бовар кунед, вақте ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ наворҳои зилзилаҳоро медидам, бахусус, зилзилаи Туркияро беихтиёр чашмонам пури об мешуданд. Бисёр дардовар ва душвор аст таҳаммули чунин ҳодисаҳо.
-Муаллифи матн, оҳанг ва режиссори намоҳанг киҳоянд?
- Матни суруд ба қалами Азимзод тааллуқ дорад. Оҳанги ӯзбекист ва коргардонии намоҳангро Эркин ба уҳда дошт.
- Дар намоҳанг кадрҳои шуморо дар куҷо гирифтаанд?
- Саҳнаҳои сурудхонии ман дар шаҳри Бохтар, дар як макони сохтмонӣ наворбардорӣ шудаанд. Наворҳои ғайр бошанд, аз интернет дастрас кардем ва танзим шудаанд.
- Дар суруди мазкур чӣ қадар пул сарф шуд?
- Сабти овоз, танзими мусиқӣ, таҳияи намоҳанг ва умуман ҳама кори таронаи мазкур наздики 5 ҳазор сомонӣ харҷ шуд.
- Одатан овозхонҳои мо чунин сурудҳои иҷтимоӣ кам мехонанд, чаро тасмим гирифтед, ки бо ин мазмун таронае бихонед?
- Сабаби суруди мазкурро таҳия кардан ин пеш аз ҳама рисолати касбиамро иҷро кардан аст, зеро мо уҳдадорем, ки аз ҳодисаҳои сари мардум омада бигӯем. Онҳоро тарзе таскин диҳем, дилҳои дигарро бедор кунем, мардуми озордидаро ба сабр кардану дигаронро ба кумак намудан даъват кунем. Дар мавриди дигар ҳунармандон бошад, чизе гуфта наметавонам, зеро шояд майл ба чунин мавзуъҳо надошта бошанд.
- Ба фикри шумо чаро овозхонҳои мо бисёртар сурудҳои ишқӣ мехонанд ва ба мавзуъҳои муҳим, аз ҷумлаи чунин суруди шумо камтар таваҷҷуҳ мекунанд?
- Аслан, овозхонҳо ба мардум нигоҳ карда, тарона месароянд. Яъне, мебинанд, ки ҳаводоронашон кадом навъи сурудҳояшонро зиёдтар қабул мекунанд ва пайваста гӯш мекунанд. Аз ҷониби дигар, сурудҳои ишқӣ зиёдтар барои ҷавонон ҳастанд ва ошиқон аз ҳунармандони дӯстдоштаашон дарсхост мекунанд, ки бо мазмунҳои гуногун тарона сароянд. Ба маънои дигар метавон гуфт, ки қисме аз сурудҳои ошиқии овозхонҳо фармоишӣ ҳастанд. Мухлис қиссаи ишқи худро нақл мекунад ва онҳо бо дастаи кориашон сурудро таҳия мекунанд.
- То имрӯз чанд суруди иҷтимоӣ сароидаед?
- Кам нестанд, вале шумораи аниқашонро намедонам. Ёдам ҳаст, ки як суруди дигар пешниҳод карда будем бо номи “Таҳқир”. Дар воқеъ, суруди мазкур муроҷиат ба мардум буд, ки мазмунан ҳушдор медод аз таҳқиру туҳмати якдигар даст бикашанд ва аз азоби чунин амали ношоиста битарсанд.
- Аз нигоҳи касбият бояд овозхон доир ба мавзуъҳои муҳими ҷомеа дахолат кунад ё не?
- Агар ҳунарманд фикр дорад, ки барои мардум мехонад, бояд ба мавзуъҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ кунад. Вале бояд ба он мавзуъҳо, ки аксаран ҳассос ҳастанд, ба таври ҳирфаӣ ва ахлоқӣ бахурд кунад. Маҳсули эҷодашро тарзе таҳия намояд, ки дарди дили мардумро сабук кунад, вазнин не. Ҳамчунин, ба фикри ман сароянда ба мавзуъҳои сиёсӣ, фитнаангезӣ, таҳқир, туҳмат ва ғайраҳо, ки ба ҷуз оқибати нохуш дар пай дигар чизе надоранд, набояд даст занад.
-Агар ба гузаштаи 6-7 соли шумо назар кунем, овозхоне будед, ки қариб ҳар моҳ суруди нав, консертҳои пайи ҳам доштед ва дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ мардум сурудҳои наватонро меҷустанд. Ҳоло бошад чунин нест, маъруфиятро аз даст додан душвор аст?
- Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад. Сабаби каме аз саҳна дур буданам ҳамин пастиҳои зиндагӣ буданд, ки шукри Худованд паси сар шуданд. Акнун, рӯзҳои хуш ва кӯшишҳои нав дар пешанд. Ростӣ, намедонам маъруфиятро аз даст додан чӣ қадар душвор аст, зеро ба фикре ҳастам, ки то он рӯзе, ки таронаҳои ман шунаванда доранд, маъруфам.
- Сабаби дер-дер суруд таҳия карданатон чист?
- Ноҳамвориҳо зиёданд, кӯшиш мекунам, ки минбаъд зуд-зуд бо таронаҳои наву гуногунмазмун хотири мухлисонамро шод кунам.
- Оё метавон умед баст, ки рӯзе Шаҳриёр Давлатови чанд сол пеш дубора пайдо мешавад. Ҳамоне, ки ба санъаташ хеле зиёд таваҷҷуҳ дошт?
- Албатта, дунё ба умед аст. Аз ман танҳо кӯшиш кардан аст, ки мекунем.
- Дар роҳи пуршеби санъат чӣ мушкилиҳоро паси сар кардед?
- Хеле зиёд буданд мушкилҳо, аммо "набурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад" гуфтаанд. Ман аз мушкилиҳо наметарсам ва чун ҳоло бо шумо суҳбат дорем, маъноеро дорад, ки ҳамааш паси сар шудаанд.
- Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки рӯи саҳнаед, оё шогирде омода кардед?
- Фикр мекунам, ки то ҳол худам шогирдам, вале метавонам бигӯям, ки пайравони зиёд дорам.
- Шумо филме ҳам доштед, оё боз ҳам дар фикри таҳияи филме нестед?
- Нақшаҳо зиёданд, бо фурсат ёфтан ҳатман филмеро ҳам пешниҳод мекунем.
- Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?
- Аз номардӣ.
- Аз кадом корҳоятон пушаймонед?
- Аз ишқу ошиқии беҳуда.
- Бо кадом корҳоятон ифтихор доред?
- Аз он мефахрам, ки маро қадр мекунанд.
- Ишқ ба ҳунарманд қувва мебахшад ё ӯро мешиканад?
- Қувват медиҳад, агар хушбахт бошӣ, мешиканад, агар дар миён якдигарфаҳмӣ набошад.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Хеле нақшаҳои хубу ҷолиб дорем, аммо беҳтар он аст, ки бо забон нагӯем, балки бо амал нишон диҳем.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ