Салом. Ман як чӯпондухтар, аз куҳистони Панҷакент. Дар синни панҷмоҳагӣ аз модар ятим монда, дар тарбияи моиндари бадҷаҳл ба воя расидаам. Дар оила мо ду писару як духтар ҳастем.
Ду бародарам аз ҷабру зулми моиндари золим аз Ватан беватан шуда дар муҷоҳират умр ба сар мебаранд. Ҷавонони зиёд дар деҳаи худамон талабгорам ҳастанд, вале моиндарам мехоҳад маро ба як хеши зандидааш, ки аз ман 16 сол калон буда, мудом масту аласт мегардад, ба занӣ диҳад. Борҳо бо чашми худам дидаам, ки ин марди маймунбашара дар эзораш тар карда, дар даруни ҷӯйбор ё қади роҳ бехуду беёд хобидааст, дидаю дониста ман тақдирамро бо ин алкаш пайвандам?!
ГӮСФАНДАЧАРОНӢ САБАБИ МАРГИ АБДУЛЛО ГАШТ
Борҳо кӯшиш кардам ба падарам фаҳмонам, ки мани ғунчаи гул зеби он пирдомоди бадмаст надорам, вале бефоида! Падарам аз хати кашидаи занаш берун намебарояд. Бовар кунед, аз тарси моиндари морсифатам дар оғил пинҳон шуда ин номаро навиштам. Телефон надорам, аз телефони дугонаам номаамро ба идораи сомонаи Оила фиристода, умед мебандам, ки хонандагони азизи “Оила” ба мани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда маслиҳатҳои судманд медиҳанд.