Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон сӯхтори шадид ба амал омад. Ошхонаи донишгоҳ, ки дар корпуси дуввуми бино ҷойгир аст, соати 7:00 даргирифт. Дарс дар донишгоҳ муваққатан мавқуф гузошта шуд.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз муайян нагардидааст.
Рӯзҳои охир ба амал омадани сӯхтор зиёд ба чашм мерасад. Аксари вақт сабаби сӯхтор ба ҳам расидани ноқилҳои барқ буда, аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки дар истифодаи барқ эҳтиёт кунанд. Ҳаёти худ, наздикон ва атрофиёнро дар хатар нагузоред!