Formula novemver 2024
Аз рӯйи Дилшод донишгоҳро партоям?
3466

Ҳангоми дар синфи якум хондан муаллимаамон маро бо ҳамсабақам Дилшод, ки дар як деҳа зиндагӣ мекардем, якҷоя шинонид.

Ҳамин тавр, то мактабро хатм кардан мо аз паҳлӯи якдигар дур нашишта, бо ҳам унс гирифтем. Ин муносибати мо ба ишқ табдил ёфт. Пас аз ба итмом расидани мактаб дуриро бештар эҳсос карда, тоб овардан ба дардаш бароям гарон буд. Ба хотири Дилшод волидонамро маҷбур намудам, ки маро ба ягон донишгоҳ дохил намоянд.


Садамаи сархӯр як ҳафта пас аз тӯйи арӯсӣ сурат гирифта, дар натиҷа ин арӯси аз сад гул як гулаш нашкуфта ҷавонмарг гашт.


Вақти ба донишгоҳ шомил шуданам Дилшод аллакай дар курси дуюм таҳсил мекард, зеро ман баъд аз як соли дохил шудани ӯ ба пойтахт рафтам. Муддате нагузашта воқиф шудам, ки ошиқи замоне шайдои ман дарвозаи дилашро ба рӯи дигаре боз намудааст. Акнун мехоҳам донишгоҳро тарк намуда, дубора ба деҳаи кӯчакам баргардам. Чӣ маслиҳат медиҳед?
Зарнигор, аз ноҳияи Файзобод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД