Arzon march 2024
Дар моҷарои келину хушдоман кӣ гунаҳкор?
1408

Дар зиндагии ҳар як мард ду зан мавқеи хосса доранд, яке модар ва дигаре модари фарзандонаш.

Баъзан чунин мешавад, ки баъди тӯй келину хушдоман бо ҳамдигар созиш карда наметавонанд. Бархе чунин мешуморанд, ки айб аз хушдоман аст, бархеи дигар келинро сабабгори муноқишаҳои оилавӣ мешуморанд. Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан, мо бо чанд нафар ҳамсуҳбат гаштем.

Холбибӣ, 36 сола:

Шавҳаратро дӯст дорӣ, муноқиша намекунӣ!

Аслан касе дар зиндагӣ худро гунаҳкор намешуморад. Ҳама фикр мекунанд, ки фаришта ҳастанд. Ман худ келини хонавадаам, аммо боре бо хушдоманам муноқиша накардаам. Ростӣ шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам барои ман шуда, нороҳат шавад. Ҳамчун як зани мусалмон шавҳарамро эҳтиром мекунам.

Ба бародарону хоҳарон гуфтаниям, ки агар хоҳед, дар байнатон ҷангу парокандагӣ нашавад, мувофиқи фармудаҳои Аллоҳ ва китоби муқаддаси Қуръон зиндагӣ намоед. Аллоҳ хушдоманамро умри дароз диҳад, бовар кунед, файзу баракати хонаамон ба шарофати хусуру хушдоманам аст.

Наргис, 45- сола:

Дар ҳаққи келин бадӣ кунӣ, аз духтарат мебинӣ!

Фикр мекунам, ки ҳама чиз аз хушдоман вобастагӣ дорад. Вақте арӯс ба хонааш меояд, хушдоман тарбиятгар мешавад. Агар хоҳад, ки келинаш хуб шавад, тарбияро дуруст бояд кунад. Воқеан агар хушдоман келинро қабул накунад, зиндагияш пойдор намемонад.

Зиндагӣ кардан бо нафаре, ки хонаводааш туро қабул карда наметавонад, маънӣ надорад. Тамоми сабру кӯшиш, дилёбиву хушомадгӯӣ ҳам дар ин маврид беҳуда аст. Ҳар хушдомане, ки нисбати келин зулму найрангро раво дида, бо ҳиссиёту зиндагиаш бозӣ мекунад, подошашро ҳатман аз духтарҳояш мебинад.

Сурайё, 28- сола:

Дилам аз хушдоманам монд

Ман дар ҳаёт аз рашки хушдоман азоби зиёд кашидаам. Вақте шавҳарам зани дуюм гирифт, занаш бо хушдоманам созиш карда натавонисту билохира бо марди дигаре гурехта рафт.

Ба хотири вайрон нашудани оилаам ба ҳамааш сабр кардам. Имрӯз 4 фарзанд дорам, ҳамаи бадбахтиҳоро паси сар намудам, аммо дигар хушдоманамро дӯст дошта наметавонам. Дар дилам меҳри пештара намондааст.

Амон, 32- сола:

Сабаб дар забондарозии арӯс аст!

Сабаби муноқишаҳои келину хушдоман забондарозии арӯсон аст. Ман хондагӣ, диплом дорам гуфта, забонашон дароз аст. Фикр мекунам, ки диплом кафолати хушбахтӣ нест. Агар шумо диққат дода бошед, аксари занҳои коргар бе шавҳар ҳастанд.

Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, аммо инро аз таҷрибаи шахсии худам мегӯям. Бо духтари хондагӣ издивоҷ намудам, бахтам нахандид. Занам худро аз модарам боло донист, аз ин хотир, ҷавобашро додам. Зани навам таҳсил накардааст, шукр имрӯз ҳаётамон хуб аст.

Соҳиба, 24- сола:

Барои нони хонаи шавҳар дандони оҳанин даркор!

Дар хонаи падар ҳама эрка аст, вале афсӯс дар хонаи шавҳар эркагӣ карда намешавад, чунки барои нони шавҳарро хӯрдан дандони оҳанин даркор аст. Ман хушдоман надорам, лекин падарарӯс, яъне хусурам маро бисёр ранҷондагӣ ҳастанд. Баъзан аз ҳаёт дилмонда мешаваму боз худро тасаллӣ дода, зиндагӣ дорам.

Шокир, 27- сола:

Агар имон мустаҳкам бошад, хушбахт мешавӣ

Аз таҷрибаи рӯзгор мегӯям, ки агар зану мард имонашон мустаҳкам бошад, хушбахтӣ насибашон мегардад. Шахсан ман бениҳоят дар зиндагӣ азоб кашидам, лекин сабр беҳтарин васила буд, ки маро хушбахттарин инсон кард. Аллоҳи меҳрубон тамоми мардуми мусалмонро ҳидояту мағфират кунад. Омин.

Шоира, 26- сола:

Агар маро ғайбат накунад, келини хуб мешавам!

Агар хушдоманам маро мисли фарзандаш қабул кунаду камбудиҳоямро дар рӯям гап занад, келини хуб мешавам, ҳурматашро ба ҷо меорам. Дар пеши дигарон маро ғайбат накунад, мехоҳам, ки маро баръакс таъриф кунад.

Хушдоманҳои ҳозира фикр намекунанд, ки худашон дар вақташ келин буданд, пайваста айбу гуноҳи келинро меҷӯянд. Агар ин занҳои рӯзгордида келинро нағз тарбия кунанд, сухани хуб гӯянд, ҳам ба фоидаи худашон асту ҳам ба фоидаи писаронашон.

Султонмурод, 63- сола:

Айб дар тарбия аст

Айб дар тарбияи фарзанд аст. Ман чор духтар дорам, лекин ягон нафар аз онҳо дар оилаашон мушкилӣ надоранд. Хушдоманашонро мисли модар медонанд. Падару модаронро лозим аст, ки фарзандҳои худро тарбияи хуб намуда, нангу номусро дар онҳо талқин намоянд.

Баъзе духтарон дӯстдориву муҳаббатро, ҳурмати шавҳарро намедонанд, ба ҷавонон талқин намудан лозим аст, ки занҳои худро дӯст доранд. Мо як бор ба дунё меоем, дар ин дунёи дурӯза зиндагии ширин бояд ба сар бурд.

Аҳмад, 36- сола:

Ҳамсари ба худ мувофиқ бояд гирифт

Барои он ки дар ҳаёт муноқишаҳои хонаводагӣ сар назанад, ҳар хонавода бояд келинро аз оилае интихоб намояд, ки маданияту тарзи зиндагияшон ба ҳамдигар монанд бошад.

Масалан, агар хонаводаи ҷавон замонавӣ бошанд, бигзор келинро аз оилаи ба худашон мувофиқ интихоб намоянд. Дар акси ҳол нофаҳмиву носозгориҳо дар зиндагӣ зиёд мешавад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон пеши ин гуна ҳодисаҳоро гирифт.

Моҳлиқо, 32- сола:

Хушдоманам моро аз хона пеш кард

Ман келин ҳастам, азбаски хело духтари оромам, худро ҳимоя карда наметавонам. Ду фарзанд дорам, хушдоманам тавре рафтор мекунад, ки гӯё ман хизматгор бошам. Вақте ки келини дигар фароварданд, ману шавҳарамро аз хона пеш намуда, гуфта буданд, ки “келини нав барои хизмат кардан аст, як келини дигар бошад, инаш даркор нест”.

Ҳоло хушдоманам ҳар рӯз занг зада, мегӯянд, ки “ба шавҳарат расон, ки дигар модар надорад, модараш мурд!” Баъди чунин рафтораш ман хушдоманамро чӣ гуна метавонам дӯст дорам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД