Шавҳарам тоҷир аст, ҷавонмарди болобаланди зебо, хушгап, меҳрубон, чӣ қадар дўсташ медорам…
Ў писари ягонаи як рафиқи падарам аст. Падарам бо хусурам мисли акаву додар меҳрубон буданд. Мо ҳам писари ягонаи ўро дўст медоштем, худашро амакӣ, ҳамсарашро янга мегуфтем. Ба хонаи якдигар зуд-зуд меҳмон мешудем, чун дар шаҳр зиндагӣ мекардем, ҳар гоҳе ба ягон ҷойи истироҳатӣ равем, албатта якҷоя мерафтем. Илҳом аз ман як сол калон буд ва мо мавзўи суҳбати зиёд доштем, вақти меҳмониву сафарҳои якҷоя ў аз ду бародарам дида бо ман зиёдтар суҳбат мекард. Касе нияти бад намекард, зеро суҳбатҳои мо дар назари ҳама мегузашт. Ман Илҳомро ако мегуфтам. Боре ў назди ҳама гуфт:
- Нўшофарин, маро ака нагўй, ман намехоҳам пир намоям.
Ҳама хандиданд ва ман дигар ўро Илҳом садо мекардам…
Баъдҳо мактабро хатм кардаму ба донишгоҳе ба риштаи иқтисод дохил шудам, ғоибона мехондам ва дар як ширкати тиҷоратӣ муҳосиб шуда, кор мекардам. Илҳом дар хориҷи кишвар таҳсил мекард, ў ба таътил омаду падару модараш ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Падарам гумон кардааст, ки байни ману Илҳом ягон муносибат аст ва розӣ шудааст. Чун модарам инро ба ман гуфт, рост назди падарам рафта, гуфтам:
- Дадаҷон, байни ману Илҳом ягон муносибати ишқӣ набуд.
Падарам гапи маро бурида, бо ханда гуфт:
- Бошад ҳам, ҳеҷ гап не. Оё мисли Илҳомҷон ҷавонро ба фарзандӣ қабул кардан ифтихор нест?
Тўйи мо хеле зебо гузашт, шавҳарам чор соли дигар дар хориҷа таҳсил кард, ман дар хизмати хусуру хушдоманам будам. Онҳо маро чун духтари худашон дўст дошта, эрка мекарданд. Баъдтар Ҳасану Ҳусейн - дугоникҳоям таваллуд шуданду ман ҳиҷрони шавҳаро камтар эҳсос мекардам. Илҳом маро зиёд дўст медошт, мо шабҳои дароз телефонӣ суҳбат мекардем. Шавҳарам донишгоҳро бо сари баланд хатм карду ба ватан баргашта, ширкати тиҷоратии хешро кушод ва дар як муддати кўтоҳ сарватманд шуд. Ман кор намекунам, ба тарбияи писаронам машғул ҳастам, шавҳарам бароям мошин харид, ягон хоҳишамро не намегӯяд, ба тамоми зиёфату шабнишиниҳо якҷоя меравем. Ман ҳам хеле зани зебо ҳастам ва таровату зебоиямро бо ёрии малҳаму хизматрасониҳои косметологони беҳтарини кишвару хориҷ нигаҳ медорам. Аммо нигоҳи пурҳаваси духтаронро ба сўйи шавҳарам дида, ба қавли маъмул, талхаам мекафад.
Шавҳарам сахт банди кор бошад ҳам, дар як рўз ду бор занг зада, аҳвол мепурсад, мо муносибатҳои ошиқона дорем. Сахт рашк мекунам, аммо ҳамсарам мегӯяд, ки зани ба худаш боварӣ дошта ҳаргиз рашк намекунад, аз ин рў, кӯшиш мекунам рашкамро ба ў нишон надиҳам. Ба телефони шавҳарам наздик намешавам, ҳарчанд ў бисёр вақт аз телефонаш баъзе чизҳоро ба ман нишон медиҳад, аммо ҳамеша гўшзад мекунад, ки телефони каси дигарро кофтан бешарафист ва ў ҳам ҳеҷ гоҳ ба телефону компютери ман таваҷҷуҳ намекунад. Илҳом бо телефон хеле кўтоҳ гап мезанад, асосан бо рафиқонаш, аз ин рў, ман ягон гумону шубҳа надоштам, вале…
Мо дар ҳавлии калон ҳамроҳи хусуру хушдоманам зиндагӣ мекунем, фарзандонам аз мо дида бибиву бобояшонро зиёдтар дўст медоранд. Ман ҳам аз зиндагӣ розӣ ҳастам, хўрокро чӣ барои меҳмонону чӣ барои аҳли оила худам мепазам, дигар тамоми кору бори хонаамонро ду хидматгор - зану шавҳар иҷро мекунанд.
Як рўз Илҳом аз хобаш хесту ба ҳаммом даромад, телефонаш дар рўйи мизи ошхона гузошта шуда буд. Ба он паёмак омаду кадом қуввае маро маҷбур кард, ки ба экрани телефон нигоҳ кунам. Рафиқи наздик ва муовинаш дар тиҷорат Назар навишта буд:
- Гулноз розӣ шуд, ки бо ту вохўрад, соати шаши бегоҳ дар қаҳвахонаи «Алмос». Худо дод, шеф!
Ҷон аз дасту поям баромад, сарам чарх зад, дилам ғаш овард, вале худро ба даст гирифтаму телефонро ба ҷояш гузоштам...
НӮШОФАРИН, аз шаҳри Хуҷанд