Нақши робитаи нахустин дар
инкишофи кӯдак ва солимии зан
Аллакай аз давраи ҳомиладорӣ байни модар ва кӯдак робитаи аҷибе пайдо мешавад. Ин робита пас аз таваллуд мустаҳкамтару самимитар мегардад.
Кӯдакон ҳанӯз дар батни модар ба ҳиссиёти зан, ҳолати эмотсионалӣ, хастагӣ ва бемории ӯ вокуниш нишон медиҳанд. Модар қариб ҳар як ҳаракати кӯдакро ҳис мекунад, вақти хаста шудан, истироҳат кардан ва бедор будани тифлашро мефаҳмад.
Ин алоқа рӯз то рӯз зичтару қавитар мегардад . Вақте ки кӯдаки навзодро дар таваллудхона ба рӯйи синаи модар мегузоранд, он гоҳ мӯъҷизаи воқеӣ рӯй медиҳад. Ин эҳсоси ширинро ҳаргиз модарон аз ёд намебаранд.
Эҳсоси аввалин дидор
Мувофиқи натиҷаи таҷрибаҳои чандинсолаи табибон ва олимони соҳаи тиб, организми заноне, ки тифли навзодашонро дарҳол пас аз таваллуд болои синаашон гузоштаанд, бештар гормони окситосинро тавлид мекунад. Ин гормон гормони хушбахтӣ ва меҳру муҳаббат маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, истеҳсоли гормонҳои махсусе, ки ба зиёд шудани шири пистони зан мусоидат мекунанд, афзун мегардад.
Модар пас аз нӯҳ моҳи ҳомиладорӣ ниҳоят бо фарзандаш вомехӯрад, метавонад ӯро ламс кунад, сила кунад, бибӯсад. Маҳз дар ҳамин сонияҳо, муҳаббате, ки ҳангоми ҳомиладорӣ пайдо шуда буд, боз ҳам равшантар рӯ менамояд.
Аҳамияти ламс барои тифли навзод
Пас аз таваллуд омилҳои зиёде барои таҳкими робитаи байни модар ва кӯдак мусоидат мекунанд. Тавассути ламс кӯдак бо ҷаҳон шинос мешавад. Меҳрубонона молиш додани рӯю дастони кӯчаки тифл ва ё сабук ба оғӯш гирифтан ӯ эҳсосоти форам ва табассуми аввалини кӯдакро ба вуҷуд меорад. Дар ҳар сантиметри пӯст намудҳои гуногуни ҳуҷайраҳо, ки сигналҳоро ба майна интиқол медиҳанд, паҳн шудааст. Таъсири мунтазами ҳуҷайраҳо соддатарин пайвастҳои асабро ба ҳис кардан водор менамояд.
Ҳангоми ба оғӯш гирифтан тифл эҳсоси амният мекунад
Дар оғӯш гирифтан ба кӯдак эҳсоси бехатарӣ мебахшад. Бо нармӣ кӯдакро ба оғӯш гиред ва ҳаракатҳои ӯро то андозае маҳдуд кунед. Ин амал барои ба вуҷуд овардани оромӣ дар замири тифл мусоидат менамояд.
Тифли навоздро худиҳоро аз бегонагон фарқ мекунад
Ба назари шумо кӯдаки навзод чизеро намефаҳмад? Хато мекунед! Кӯдакон ҳатто дар давраи пеш аз таваллуд овозҳо ва ё баъзе аз ҳаракатҳоро ба ёд мегирад. Тифл одамҳои«худӣ» (модар, падар, бибиҳо ва ғ.) ва «бегонагон»-ро ҳатто аз рӯи садо фарқ мекунад.
Дар 2-3 моҳ, кӯдакон ба истилоҳ "маҷмӯи эҳё" -ро инкишоф медиҳанд. Ба ин маҷмӯъ муносибати эҳсосӣ барои тамос бо кӯдак