Formula novemver 2024
Чаро сарватмандони пир дар ҳаваси духтари 16 солаанд?
16694

 

Зани ҷавону шӯйи пир, сабад бимону чӯҷа гир!

Мардуми тоҷик мақоли хандаоваре доранд: Зани ҷавону шӯйи пир, сабад бимону чӯҷа гир!» Одатан ин мақол дар мазаммати мардоне гуфта мешавад, ки дар пирӣ ба қавли кампиракон «юрға» бароварда, дар ишқи занҳои ҷавон меафтанд. Албатта ҳар як шахс мехоҳад, ки ёри ба худаш муносиб дошта бошад, вале баъзан тафовути синну сол низ пеши роҳи ишқу муҳаббатро гирифта наметавонад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи мардҳои машҳур ва серпуле маълумот медиҳем, ки ҳамсар ё маъшуқаҳои ду-се маротиба аз худашон ҷавонтар доранд.

Домоди 72-сола

Ҷон Клиз, яке аз аъзоёни гурӯҳи ҳаҷвии Монти Пайтон, аз ҳамсараш Ҷеннифер Уэйд хеле калон аст. Фарқи синнусолии ин ҷуфт 31 солро ташкил медиҳад, вале ба ин нигоҳ нокарда, онҳо соли 2012 бо ҳам ақди никоҳ бастанд. Ҳангоми тӯйи арӯсиашон домоди машҳур Ҷон Клиз аллакай 72 сол дошт, Ҷеннифер бошад 31- сола буд.

 


Агар ҳамаи мо ин методи хунгириро дар хотир нигоҳ дорему раванди наҷотдиҳиро шурӯъ намоем, дар муддати кӯтоҳ қурбонии сактаи майна 100% ба ҳолати фаъолияти зиндагии хуб бармегардад.

 


Нозанине, ки фақат мӯйсафед мекобад

Родни Дэнҷерфилд, ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаи амрикоӣ аз занаш Ҷоан Чайлд 31 сол калон буд. Онҳо соли 1993 ақди никоҳ бастанд. Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки баъди тӯй ин нозанини айёра пулҳои ҳаҷвнигори машҳурро аз худ намуда, ӯро мепартояду шавҳари ҷавон мекунад, вале Ҷоан, то нафаси охирини Родни (ҳаҷвнигори машҳур соли 2004 дар синни 82 солагиаш аз олам гузашт) ҳамроҳи ӯ буд. Баъди марги Дэнҷерфилд Родни зани ҷавонаш Ҷоан Чайлд ба миллионери 95- сола Кирк Каркориан ба шавҳар баромад.

 

Ишқи пирӣ дер напоид

Денис Хоппер ва Катерина ЛаНаса дар рӯйхати зану шавҳароне, ки фарқияти синну солиашон калон аст, дар зинаи севум қарор доранд. Катерина аз ҳамсараш 30 сол хурдтар аст. Онҳо моҳи июни 1989 ақди никоҳ баста буданд, вале ишқи пирӣ дер напоид. Шавҳари пир нозу нузи зани ҷавонашро бардошта натавонист ва моҳи апрели соли 1992 онҳо расман аз ҳам ҷудо шуданд.

Марг ғолиб омаду...

Денис Хопер аз ҳамсараш Виктория Даффи 35 сол калонтар буда, ин ҷуфт дар зинаи чорум қарор доштанд. Бисёриҳо ба Денис ҳасад мебурданд, ки дили чунин зани ҷавонро ёфтааст, вале дар асл никоҳи онҳо чандон бобарор набуд. Онҳо аллакай барои бекор намудани ақди никоҳашон ариза дода буданд, вале соли 2010 Денис Хопер аз олам гузашту давлату сарваташ ба Виктория мерос монд.

Падар будан шараф аст

Вуди Аллен ва Сунн-И Превин. Фарқи синну солии онҳо 35 сол аст. Муносибатҳои ошиқонаи ин ҷуфт соли 1991 оғоз ёфта буд. Он замон Ален 56 сол дошт ва бо як нигоҳ ба Сунни 19-сола ошиқи зор гашт. Тӯйи арӯсии ин ҷуфти аҷиб соли 1997 баргузор гашт. Домод аз гиряи кӯдак сер бошад ҳам, ба хотири ҳамсари ҷавонаш, ки бисёр мехост лаззати модариро бичашад, ду духтарчаи зеборо ба фарзандхонӣ қабул кард ва зану шавҳар ин кӯдаконро мисли фарзандони худашон бо меҳру муҳаббати бепоён тарбият намуданд.

Ошиқӣ пирӣ надорад...

Актер Дес О’Коннор ва Ҷоди Брук Уилсон. Фарқи синнусолии ин ҷуфт 37 сол аст. Онҳо соли 2007 пас аз 17 соли муносибатҳои ошиқона бо ҳам издивоҷ карданд. Дар оғози ишқу ошиқиашон Ҷоди ҳамагӣ 21 сол дошт, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда, волаю шайдои актёри 58- сола гашт.

Бахт, агар хандад…

Хю Хефнер ва Кимберли Конрад. Фарқи байни ин ҷуфт низ 37 сол мебошад. Онҳо соли 1989 ҳангме, ки Кимберли ҳамагӣ 26- сола буд, арӯсӣ карданд. Домоди хушбахт Хю 63 сол дошт ва аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, вале оилаи онҳо баъдтар пош хӯрд.

Баъди аз Кимберли ҷудо шудан Хю Хефнер бо Кристалл Хэррис, ки аз худаш 60 сол хурд буд, издивоҷ намуд. Асосгузори Playboy бо ин духтари нозанин, ки модел буд, дар арафаи соли нави 2011 ақди никоҳ баста, ҳамаро ба ҳайрат овард.

Мӯйсафеди духтарбоз

Патрик Стюарт, ҳунарманди театру кино ва ровии телевизион буда, аз маъшуқааш Сани Озелл ду баробар калон аст. Фарқи байни онҳо 37 сол мебошад.

Арӯс аз Русия

Ронни Вуд ва Екатерина Иванова. Фарқи байни онҳо 41 сол мебошад. Моҳи июли соли 2008 навозандаи машҳури ғарбӣ Ронни ба хотири ин зебосанами 19-солаи рус расман аз ҳамсараш ҷудо шуд.

Зани вафодор

Фред Астер ва Робин Смит. Фарқи байни Фред ва ҳамсари ҷавонаш 45 сол мебошад. Онҳо 1980 бо ҳам ақд бастанд ва то замони марги Фред, яъне соли 1987 бо ҳам буданд.

Муҷассамаи садоқат

Тони Кертис ва Ҷилл Ванденберг. Соли 1998 Тонии 73- сола ва Ҷилли 27- сола риштаи ҳаёташонро бо ҳам пайвастанд. Касе бовар надошт, ки арӯси ҷавон ба шавҳари пираш вафодор мемонад, вале то дами марги ҳамсараш Ҷилл чун зани меҳрубон бо ӯ буд.

Ситораҳо, агар мувофиқ афтанд…

Дик Ван Дайк, ҳунарпеша, ҳаҷвнигор, сенарист ва продюсери амрикоӣ зани ҷавону зебое дорад бо номи Арлен Сильвер. Фарқи байни онҳо 46 солро ташкил медиҳад. Ин ҷуфт моҳи феврали 2012 риштаи тақдирашонро бо ҳам пайваста, аз бахти худ розиянд.

Шавҳарашро бо дасти худаш гӯр кард

Кэрри Грант ва Барбара Хэррис. Барбара аз ҳамсараш Кэрри 47 сол хурд аст. Онҳо соли 1981 бо ҳам ақд бастанд ва то соли 1986, яъне то нафаси охирини Кэррии 82-сола бо ҳам буданд.

 

5 соли хушбахтӣ

Энтони Квинн ва Кэти Бенвин. Фарқи сину солашон 47 сол мебошад. Онҳо соли 1997 риштаи ҳаёташонро бо ҳам пайвастанд ва то дами марги Энтони бо ҳам буданд. Энтони Квинн соли 2001 ум дар синни 86- солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Зани ҷавон вафо мекунад, агар…

Тони Рэндалл, ҳунарпеша, продюссер ва режиссёри амрикоӣ аз ҳамсараш Хизер Харлан 51 сол калон буд. Тони дар синни 76 солагиаш бо ин зебосанами 25 сола издивоҷ кард. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки духтарҳои ҷавон танҳо ба хотири пулу мол ба мардҳои машҳури сарватманд расида, баъдан онҳоро “кидат” мекунанд, вале ин зани ҷавони вафодор то дами марги шавҳараш бо ӯ буд. Тони соли 2004 аз олам чашм пӯшид.

Тӯйи бобою набера

Фарқи аз ҳама бузурги синнусолӣ дар оиладорӣ байни Ҷемс Говард Маршалл ва Анна Никол Смит аст мебошад. Ин модели Плэйбой аз шавҳари магнаташ 63 сол хурдтар буд. Ҳангоми тӯйи арӯсиашон Ҷемс 89- сола буда, Анна ҳамагӣ 26 сол дошт. Дили миллиардери куҳансол зиёд ба хушӣ тоб наовард ва домоди пир ҳамагӣ 13 моҳ пас аз олам чашм пӯшид.

 


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД