arzon replenishment
Сактаи майнаи сар: Чаро тиб дар ин бора хомӯш аст?
7441

 

Чаро Елена Малышева боре ҳам дар ин бора ҳарфе намезанад?

Хомӯшии аз ин зиёд ба манфиати худи онҳост. Мехоҳанд, ки ҳамаи мо барои табобат ба назди онҳо равем. Магар сухани ман нодуруст аст?

Маводи мазкур дар асоси маслиҳати профессори Чин иншо гардидаст. Дар хонаатон бояд ҳамеша сӯзандору ва сӯзан бошад. Шояд ба назари шумо аҷиб намояд, вале ин усули ғайрианъанавӣ беҳтарин роҳ барои наҷот додани шахс аз сактаи майна (инсульт) маҳсуб меёбад.

Матнро ҳатман то охир мутолиа намоед ва пасон онро ба дигарон низ фиристонед. Шояд ҳаёти касе ба шумо вобаст бошад ва ин ташаббусатон дар як рӯзи хуб метавонад ӯро наҷот диҳад.

“Падари ман мафлуҷ буд ва пас аз чанд муддат аз сабаби сактаи майна вафот кард. Хело муттаассифам, ки дар бораи ин навъ ёрии аввалин тасаввурот надоштам. Вақте, ки сактаи майна мезанад, рагҳои хурдтарин дар мағзи сар тадриҷан мекафанд. Замоне, ки сактаи майна ба амал ояд, оромиро риоя намоед. Новобаста аз он, ки бемор дар куҷо ҷойгир аст, ӯро ба ҷойи дигар нагузаронед. Агар беморро ба ҷойи дигар мегузаронед, дар ин ҳол рагҳои хурдтарин мекафанд! Барои такроран роҳ надодан ба ғалтиш, ба бемор кӯмак расонед, то ки шинад ва баъдан шояд хунгирӣ шурӯъ ёбад.”

Доштани сӯзандоруи тиббӣ бар манфиат аст, аммо дар ҳолати таъҷилӣ сӯзанҳои дӯзандагӣ ва сӯзанак ҳам метавонанд сӯзандоруи тиббиро иваз намоянд.

1). Барои таъмиз кардани сӯзан онро дар болои оташ доред ва баъд аз он нӯги ҳар 10 ангушти дастонро бо он халонед;

2). Дар нӯги ангушт барои халондани сӯзан ягон нуқтаи муайян нест, фақат 1 мм аз нохун дуртар онро халондан даркор асту, кифоя;

3). Сӯзанро тавре ба ангушт халонед, то ки аз он хун барояд;

4). Агар хун наояд, ангушти бо сӯзан халондашударо бо ангуштонатон фишуред;

5). Вақте, ки аз ҳар 10 ангушт хун равад, якчанд лаҳза то бедор шудани бемор интизор шавед;

6). Агар даҳони бемор каҷ шуд, гӯшҳояшро то лаҳзаи сурх шудан кашед;

7). Баъд аз он нармаи ҳар ду гӯшро 2 бор бо сӯзан тавре халонед, то ки аз ҳар ду нарма ду қатра хун барояд;

То лаҳзаи ба ҳолати муқаррарӣ омадани бемор интизор шавед, то ки нишонаи сактаи майна ба пуррагӣ аз байн равад, пасон ӯро ба беморхона фиристонед. Агар дар ҳолати саросемагӣ бемор бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурда шавад, ҷунбониш дар вақти ҳаракати мошин метавонад сабаби кафидани рагҳои хурдтарин дар мағзи сар гардад.

Агар бемор аз ӯҳдаи роҳ гаштан барояд, пас шукри Офаридгор ӯ наҷот ёфт. Дар бораи усули хунгирӣ барои наҷот додани ҳаёт ман маълумотро аз мутахассиси тиби анъанавии чинӣ, ки дар San-Juke зиндагонӣ дорад - духтур Ха Бу Тин дарёфтам. Ғайр аз ин, ман таҷрибаи кории амалӣ дар истифодаи методи мазкур доштам ва бо итминони комил метавонам арз намоям, ки методи мазкур 100 % таъсирбахш аст.

Соли 1979 дар коллеҷи Фунг Гаап дар Тай Чунг дарс медодам. Боре дар синфхона будам, ки муаллими дигар боизтироб омада гуфт: “Ҷаноби Лю шитобед, роҳбарамон сактаи майна шуд!”.

Дарҳол ба ошёнаи 3 юм баромадам. Замоне, ки роҳбарамон ҷаноби Чэн Фу Тянро дидам, ранги рӯйи ӯ канда, нутқаш нофаҳмо, даҳонаш каҷ буд, хуллас, ҳамаи нишонаҳо бозгӯкунандаи сактаи майна буданд. Ман яке аз донишҷӯёнро ба дорухона, ки дар наздикии мактаб буд, барои харидани сӯзандору фиристондам ва бо он ҳамаи ангуштони ҷаноби Чэнро халондам.

Баъд аз якчанд дақиқае, ки ҳамаи ангуштон хун шуданд (ҳар як ангушт бо қатраи хун баробар ба андозаи нахӯддона), рангу рӯйи ҷаноби Чэн ба ҳолати қаблӣ баргашт.

Аммо даҳонаш ҳанӯз каҷ буд. Ман гӯшҳояшро кашидам, то ки онҳо бо хун пур шаванд. Ҳангоме, ки гӯшҳояш сурх шуданд, нармаи гӯши тарафи ростро ду бор бо сӯзан халондам ва аз он ду қатра хунро баровардам.

 Маро дар ҳабдаҳсолагиям ба шавҳар доданд, вале дар тӯли 11-соли зиндагӣ фарзанддор нашуда, оқибат хонавайрон гаштам.

Вақте, ки аз ҳар ду нармаи гӯш ду қатраӣ хун бароварда шуд, мӯъҷиза рух дод. Дар муддати 3-5 дақиқа шакли даҳон ба ҳолати пештара баргашт ва нутқи ӯ фаҳмо шуд. Барои ӯ иҷозат додем, то ки каме дам гирад ва як пиёла чойи гарм нӯшад. Баъдан барои фаромадан аз зинапоя ба ӯ мадад расондем ва ӯро ба беморхонаи Вэй Вах бурда расондем.

Ӯ дар он ҷо як шаб монд. Рӯзи дигар барои тадрис дар мактаб омода буд ва аз беморхона ҷавоб шуд! Ҳама чиз хуб фаъолият дошт. Ягон оқибати бад набуд, ҳол он ки одатан қурбониёни сактаи майна аз сабаби кафишҳои ислоҳнопазири рагҳои хурдтарин ё ба қавли дигар рагҳои мӯякӣ азоб мекашанд.

Дар натиҷа ин қурбониён шифо намеёбанд. Ба ҳамин минвол, сактаи майна дуввумин сабаби вусъатёфтаи марг маҳсуб меёбад.

Некбахтоне, ки ҳатто зинда мондаанд, метавонанд як умр мафлуҷ монанд. Ҳеҷ кас набояд дар ҳаёташ ба чунин ҳолати мудҳиш гирифтор шавад.

Агар ҳамаи мо ин методи хунгириро дар хотир нигоҳ дорему раванди наҷотдиҳиро шурӯъ намоем, дар муддати кӯтоҳ қурбонии сактаи майна 100% ба ҳолати фаъолияти зиндагии хуб бармегардад.

Агар имкон бошад, илтимос, баъд аз хониш онро ба ҳамаи ашхосе, ки дар рӯйхати шумо ҳастанд, ирсол намоед. Ин дар оянда барои наҷот додани ҳаёти касе аз сактаи майна метавонад мадад расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД