Arzon march 2024
Шавҳарам аз зани якумаш қади аҷал метарсад
2285


Маро дар ҳабдаҳсолагиям ба шавҳар доданд, вале дар тӯли 11-соли зиндагӣ фарзанддор нашуда, оқибат хонавайрон гаштам. 

Тақдирам чунин будааст гўён, гирёну нолон хонаи шавҳарамро тарк намудам. Тақрибан ду сол пас бо марди дигаре шинос шудам. Ин мард соҳиби зан ва панҷ фарзанд бошад ҳам, муносибаташ ҷиддӣ буд ва гуфт, ки тайёр аст маро ба занӣ бигирад. Шояд нафрататон биёяд, ки дидаву дониста зани дуюм шудам, аммо ростӣ мақсади ман шавҳари касеро соҳибӣ кардан набуд, танҳо худро санҷидан мехостам, ки дар ҳақиқат безурётам ё айб дар шавњари якумам буду беҳуда маро талоқ дод.
Шавҳари дуюмам баъди никоҳ карданамон ба Русия коркунӣ рафт ва шаш моҳ аз байн нагузашта маро ба наздаш хонд. Ду сол дар ғурбат зистем. Дар ин миён ман ҳомиладор шудам ва як моҳ пеш аз таввалуд карданам мардакам маро ба Ватан фиристод.
Аҳли оила хурсанд буданд, ки пас аз 15-соли интизорӣ модар шудам.


Ҳоло мо ба хонандагони сомонаи "Оила" ва "Тоҷикистон-pressa.tj" халисапазии мардуми деҳаи Ҳалвогарони ноҳияи Рометани вилояти Бухороро пешкаш мекунем.


Хуллас, писарчаамон 9-моҳа шудан пас падараш ба наздам баргашт. Мардакам дар бозори ноҳия кори хубе пайдо намуда, зиндагиямонро пеш бурда истодааст, вале то ҳол дар хонаи падарам зиндагӣ мекунем. «Занам мефаҳмад» гуфта, шавҳарам ҳатто ягон хонаи иҷора намегирад, ки бе малол зиндагӣ кунем. Як пояш дар хонаи мову пойи дигараш дар хонаи зани якумаш аст. Метарсам, ки ягон рӯз вай ману фарзандамро партофта мераваду ду даст дар почаи бинӣ мемонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Гулӣ, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД