Arzon march 2024
Мошинронӣ дар хоб чист?
17546

Пинак, ғанаб
Пинак дар хоб оромиву нишот аст, дар баъзе ҳолатҳо ба сарватманд шудан баъди нодорӣ ишора мекунад.

Ҳезум
Ҳезум дар хоб туҳмату ғайбат асту баъзан ба беақливу зихнагӣ ишора мекунад.

Дӯст
Дӯстро дар хоб дидан маънои онро дорад, ки бо нафаре суҳбати ширин мекунед.

Дуо, дуохонӣ
Нафаре, ки дар хобаш ба даргоҳи Худо дуо мекунад ё дигарон барояш даст ба дуо мебардоранд, хушбахтиву нишот насибаш мегардад. Рафту бубинад, ки дар торикӣ даст ба дуо мебардорад, аз ташвишу тарс раҳо меёбад.

Дуд
Дуд дар хоб азоб, ҷазо, ҳаросонӣ ва бадбахтӣ аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки аз хонааш дуд мебарояд, дар манзили ӯ баъди ҷанҷолу тӯпаланг оромиву нишот фаро мерасад.

Харбуза
Ҳар нафаре, ки харбуза хоб мебинад, дар корҳояш муваффақ мегардад.

Паррандаи эзорсурхак
Марде, ки эзорсурхакро хоб мебинад, бо зани сарватманду зебое шинос мешавад.


Ҳангоми бӯсобӯсӣ мард бо дастонаш рӯйи шуморо меқапида бошад, чунон волаву шайдоятон гаштааст, ки дигар зиндагиашро бе шумо тасаввур карда наметавонад.


 

Хӯрок, ғизо
Агар инсон дар хобаш дар зарфе, ки пайғамбарамон манъ сохтааст, масалан, зарфи нуқрагину тиллоӣ хӯрок тановул намояд, чунин хоб нишонаи бадбахтӣ аст. Дар хоб бо дасти рост ғизо хӯрдан аз рӯи суннат амал кардан асту бо дасти чап хӯрок хӯрдан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бо душман ҳамнишин гашта, ба дӯсти худ зиштгӯӣ мекунад. Агар дар хоб нафаре ба хӯроки субҳона даъват намояд, ин нафарро саёҳати дуру дароз интизор аст. Умуман ба хӯроке даъват шудан маънои аз хастагӣ раҳо ёфтанро дорад. Агар нафаре дар хоб гӯшти бадани худро истеъмол намояд, сарвату дороии худро сарф мекунад. Гӯшти бадани шахси дигареро дар хоб истеъмол кардан маънои он нафар ё шахси дигареро бадгӯӣ ва бадном карданро дорад. Истеъмоли каду дар хоб нишонаи ба роҳи ҳақ рафтану риоя намудани суннатҳоро дорад. Дар хоб истеъмоли хӯроки дилбеҷокунанда шаҳодат аз бадбахтӣ ва марг аст. Хӯроки бемазаро хӯрдан нишонаи тарс ва камбағалӣ аст. Хӯроки лазиз истеъмол кардан расидан ба хушбахтиву қаноатмандӣ аст. Хӯроки турш бошад, аз гуфтори қабеҳу дағал далолат медиҳад.

Хорпушт
Хорпушт дар хоб аз вохӯрӣ бо шахси бераҳм, кӯрнамак ва бадҷаҳл ҳушдор медиҳад.

Асптозӣ, мошинронӣ
Дар хоб асп тохтану мошин рондани нафаре, ки дар асл аз уҳдаи ин кор намебарояд, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба ҳавову ҳавас дода мешавад.

Ташнагӣ
Дар хоб ташна мондан ишора ба камбағалӣ, суст шудани кори тиҷорат аст ва боз он маънои ёд кардани шахсеро дорад, ки ба роҳи дур сафар кардааст. Оби соф нӯшидан дар хоб нишонаи саломатӣ ва хушбахтӣ асту оби тира маънои бемор шудану сар задани муноқишаро дорад.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД