Аз дилу нияти мард огаҳ шудан хоҳӣ, ба рафтору кирдораш зеҳн мон. Бӯса низ метавонад асрори муносибати мардро кушояд. Дилу нияти марди дӯстдоштаатонро фаҳмидан хоҳед, диққат диҳед, ки чӣ гуна бӯса мекунад.
Бӯса аз лаб
Вақте мард аз лабони зан мебӯсад, ин маънои онро дорад, ки вай муҳаббати шуморо дар воқеъ қадр мекунад. Бӯсаи хушки бо лабони пӯшида ситонидаи мард маънои «салом» ва «то дидор»-ро дорад. Мард дар танҳоӣ шуморо мебӯсида бошад, дар ҳақиқат тавонистаед дили ӯро ба даст биёред. Мардатон дар ҳузури дигарон шуморо бӯса карда, баъд аз наздатон дур шавад, азмаш қавист. Вай бо ин амалаш ба ҳама фаҳмондан мехоҳад, ки маликаи орзуҳояш маҳз шумо ҳастед.
Бӯса аз пешонӣ
Вақте мард аз пешонии зан бӯса мекунад, ин маънои онро дорад, ки минбаъд пуштибону такягоҳаш мегардад. Аксаран падар аз пешонии духтар бӯса мекунад ва марди бегонае, ки аз пешонии шумо мебӯсад, бо ин амалаш мехоҳад нишон диҳад, ки вай шуморо ҳамчун фарзанди худаш қабул кардааст. Дар лаҳзаҳои мушкили зиндагиатон минбаъд шумо метавонед бе ягон тарсу ҳарос ба ин мард муроҷиат намоед, зеро вай ба мисли падар нисбати шумо ғамхору меҳрубон аст.
Бӯса аз даст
Марде, ки аз дасти зан мебӯсад, ба худ эътимоди қавӣ дорад. Вай дилпур аст, ки бо кадом роҳе набошад дили шуморо ба даст меорад. Пешакӣ хурсандӣ накунед, марде, ки ин корро дар пеши назари ҳама мекунад, дилу нияти пок надорад. Хушгӯиву илтифоташ занро ба ваҷд меорад, вале ба қавлу қасамҳояш бовар накунед.
Бӯса аз банди даст
Вақте мард дасти занро дошта аз банди дасташ бӯса мекунад, ин амалаш маънии чуқур дорад. Мард бо ин бӯса гуфтан мехоҳад, ки масту махмури шумо гаштаасту ба хотири як меҳрубонии шумо омода аст, бароятон аз осмон ситора биёрад.
Бӯсаи фаронсавӣ
Бӯсаи фаронсавӣ, яъне бӯсаи пурҳарорати ошиқонаи мард таҷассумгари муҳаббати беандозаи ӯст. Ҳангоми бӯсобӯсӣ мард бо дастонаш рӯйи шуморо меқапида бошад, чунон волаву шайдоятон гаштааст, ки дигар зиндагиашро бе шумо тасаввур карда наметавонад.
Бӯса аз рухсора
Бӯса аз рухсора бӯсаи дӯстона аст. Вақте мард аз рухсораи зан мебӯсад, ин баробар аст ба дастфишорӣ. Мардатон бо чунин бӯса ҷонашро халос мекарда бошад, ин маънои онро дорад, ки вай шуморо мисли дӯст ва рафиқаш эҳтиром мекунад, вале дар симои шумо маликаи орзуҳояшро намебинад.
Бӯса аз чашм
Бӯсаи мард аз чашмони зан андаке тааҷҷубовар аст. Ҳарчанд чунин бӯса бонувонро ба ваҷд намеорад, вале маънои онро дорад, ки мард занро бо тамоми камбудиву хислатҳои манфияш қабул кардааст ва аз сидқи дил дӯст медорад.
Бӯса аз шикам
Вақте мардатон аз шиками шумо бӯса мекунад, аз лаҳзаҳои бо шумо гузаронидааш ҳаловат мебарад. Вай бовар дорад, ки шумо низ аз ҳузури ӯ шод мегардед. Албатта на ҳар зан имкон медиҳад, ки шикамашро бӯса кунанд. Вақте ки шумо ба мардатон чунин имкон медиҳед, вай худро хушбахттарин марди олам эҳсос менамояд.