Бисёре аз волидон ба дунё омадани тифлакашонро бесаброна интизорӣ кашида, ҳавас мекунанд, ки барои кӯдакашон либосу бозичаҳои гуногун харидорӣ намоянд. Инак, мо ба шумо барои кай харидани бозичаҳо ва намудҳои мувофиқи онҳо якчанд тавсия медиҳем.
Аввалин бозичаҳоро метавонед ба кӯдак аллакай аз 1-моҳагӣ гиред. То ин вақт кӯдак ба атроф ва ашёҳои давру бараш аҳаммият доданро оғоз мекунад ва бозичаи харидаи шумо ҳам ба назараш ғайриоддӣ менамояд.
Ҳангоми интихоби бозича дар ёд гиред! Ҳар чизе, ки ба дасти кӯдак меафтад, фавран онро ба даҳони худ мебарад, бинобар ин ашёҳо бояд бехатар ва устувор бошанду кунҷҳои тез ё қисмҳои хурди ҷудошаванда надошта бошанд.
Бозичаи аввалини тифл бояд ранги равшан ва садои хубу форам дошта бошад. Дар 4-моҳагӣ ӯ бозичаҳои дар болои сараш овезоншударо беҳтар аз назар мегузаронад, ҳис мекунад ва мефаҳмад.
Дар 5 моҳагӣ ӯ аз дасти калонсолон гирифтани ашёву бозичаҳоро ёд мегирад. Бинобар ин, чанд навъи бозичаро бароятон пешниҳод мекунем:
1. Шақ-шақа
Ин аввалин бозича барои кӯдак ба ҳисоб меравад. Онро дар моҳи аввали ҳаёти кӯдак харидан мумкин аст. Дар дохили он тӯбҳо ё зангӯлаҳо мавҷуданд. Онҳо дар шакли маҳтобҳои овезон, ки аз тӯбҳо ё ҳайвонҳо иборатанд. Кӯдак ҳангоми дар гаҳвора ё рахти хоб хобидан ба бозичаҳои овезон зеҳн мемонад ва бо онҳо машғул мешавад.
2. Бозичаҳои мусиқидор
Ин маҷмӯи бозичаҳои овезон аст, ки дар болои гаҳвораи кӯдак насб карда мешаванд. Дастгоҳ чарх мезанад ва мусиқии форам эҷод мекунад, кӯдак бо чашмонаш ҳаракати ашёро пайгирӣ менамояд ва зеҳни худро бо он тақвият мебахшад.
3. Кортҳо ва ашёҳои сиёҳу сафед
Кӯдакон рангҳои сиёҳ ва сафедро хубтар мебинанд. Кортҳои махсус харед ё аз Интернет чоп кунед. Ин расмҳоро дар гаҳвора ва дар деворҳои хона овезон кунед. Ин амали шумо диққати кӯдаконро ҷалб карда, зеҳнашонро машғул месозад.
4. Бозичаҳо барои оббозӣ
Сангпуштак, мурғобичаҳо ва қаиқҳои хӯрдро барои даруни ваннаи кӯдакатон харидорӣ кунед. Онҳоро дар рангҳои гуногун интихоб намоед. Вақтхушии кӯдак дар об метавонад ба кӯдаки шумо завқи шиновариро бедор намояд. Бозичаҳои мазкур тарс аз обро дар вуҷуди тифл кам менамояд.
5. Бозичаҳои садоӣ
Пианинои бачагона ё асбоби дигаре, ки садо мебарорад, бозичаи мувофиқ барои кӯдакони аз шашмоҳа боло мебошад. Онҳо шунавоӣ ва тафаккури тифлро инкишоф медиҳанд. Ба кӯдакон кӯмак кунед, ки байни бозичаҳо фарқ гузоранд.
6. Бозичахои таълимй
Бозичаҳо бо унсурҳои ҳаракаткунанда ва дорои мусиқӣ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Рақамҳои рангоранг, сурати ҳайвонот низ барои инкишофи фикрронии кӯдак хеле хуб таъсир мерасонад.
Дар дунё бештари волидон барои кӯдаконашон аз бозичаҳои дорои хусусияти таълимидошта харидорӣ менамоянд.