Gazrpom april 2025
Чӯҷаи фил (ҚИСМИ 3)
375

Дилбар оҳиста-оҳиста ба парҳези 16-соата одат кард. Фақат соати 12:00 як бор мехӯрду халос. Ҳамон ҳам хӯроки сабук. Аз вазни 125 кило ба 70 гузашт.

Шавҳараш хароб шудани ӯро дида, дар ҳайрат монд, ҳатто гуфт, ки “ман бовар надоштам ту хароб мешавӣ ягон рӯз. Боз ягон доруи харобшавӣ нахӯрда бошӣ?”.

- Не, ягон чӣ барои харобшавӣ истеъмол накардам аз доруҳо. Танҳо иродаи қавӣ ва парҳез.

- Очаи кӯдако, чӣ шуд, ки ин қадар бо қаҳр хароб шудӣ?

- Барои саломатӣ.

Ин дам Дилбар аз дил гузаронид, ки маъшуқаи шавҳараш дар бораи ҷангу ҷанҷоли телефонӣ ба ӯ нагуфтааст, вагарна кайҳо шавҳараш ӯро танбеҳ медод.

Дилбар гашта ба як ҷавонзани зебову ҷавон табдил ёфт. Саломатиаш ҳам дигаргун шуд. Роҳгардиаш осон, нафаскашиаш муътадил, хӯрокхӯриаш бо меъёр гардид. Аз синну солаш ҷавонтар метофт. Шавҳараш дигар ҳама муҳаббаташро ба ӯ медод, аз баҳри он маъшуқаи инстаграмиаш гузашт.

Дилбар дигар кӯшиш мекунад, ки ҳамеша бо меъёр, кам-кам хӯрок хӯрад. Ба хаёлаш як маводи аз интернет хондааш омад, ки чунин буд:

Ҷавоне буд аз Қӯрғонтеппа. Бо духтаре аз шаҳри Душанбе хонадор шуд. Одат доштанд ҳар моҳ як бор ҳамроҳи оилааш ба Душанбе омада, аз аҳволи хусуру хушдоман хабар гиранд. Рӯзе омада хабар гирифтанду рафтанд. Як ҳафта нагузашта буд, ки бародарони занаш ба ин ҷавон занг заданд, ки падарамон аз дунё гузашт, аппаамонро гирифта ба ҷаноза биёед, лекин илтимос ба аппаамон аз марги падарамон хабар надеҳ, чунки роҳ дароз аст ва зиқу ғамгин мешавад, дар Душанбе ки расид, худаш мефаҳмад.

Ҷавон дарҳол корашро партофта, зуд ба хона рафт ва ҳайрон буд, ки занашро чӣ гуна аз марги падараш хабардор кунад. Агар хабар кунад, то расидан ба Душанбе аз гиря гушашро кар мекунад. Беҳтараш ба ӯ мегӯяд, ки “зан гирифтам”.

Ба хона расида, ба оилааш гуфт:

- Занак, тез омода шав, ба Душанбе меравем!

Зан:

- Чаро?

Мард:

- Як кори таъҷилӣ баромадааст, ҳарчи зудтар бояд равем.

Зан:

- Не, намеравам, то маро хабардор накунӣ, ки барои чӣ меравем.

Мард:

- Майлаш, майлаш, дар мошин савор шав, ҳатман хабарат мекунам.

Зан дар мошин савор шуд, ба роҳи Душанбе баромаданд.

Зан:

- Канӣ гӯй, чӣ гап, тинҷӣ?

Мард:

- Занак, росташа гӯям, ман зани дуюм гирифтам, шуморо ба хонаи модаратон бурда мерасонаму ҳамроҳи модарат як моҳ меистӣ, баъд аз як моҳ рафта ба хона меорамат.

Зан “эҳ, бевафо! Ман чӣ камбудӣ доштам, ки зан гирифтӣ? Ман солҳои дароз хизмати туро кардам. Эҳ, ту номард! Бевафо!”,- гӯён гиряву фиғонро шуруъ кард.

Мард:

- Занак, ором бош! Ман агарчанде зан гирифта бошам ҳам, ҳагиз туро беэҳтиромӣ намекунам. Ҳамон тавре ки туро дӯст медоштам, дӯст медорам. Дар байни ҳардуи шумо адолат мекунам, агар як шаб пеши ӯ бошам, шаби дигар пеши ту ҳастам ва...

Вақте мард чунин гуфт, зан яқин кард, ки мард зани дуюм гирифтааст ва доду фиғону гиряаш балантар шуд. Дар даруни мошин ончунон дод мезад, ки садояш аз берун шунида мешуд. На фақат гиряву фиғон, ҳатто ба мӯйканиву рӯйканӣ гузашт. Номард! Бевафо! Хоин! Золим! Тамоми суханхои баҷоиашро дар сари шавҳараш мешапиду мешапид...

Хулоса, баъд аз ҷанҷолу гиряҳои зиёд ба Душанбе расиданд. Вақте ба кӯчаи хусураш (хонаи мурдадор) расиданд, мард дар як тарафи роҳ мошинро манъ кард ва гуфт:

- Занак, росташро гӯям, ман зан нагирифтаму лекин падарат мурдааст, туро ба ҳамин хотир овардам.

Зан дарҳол гиряро бас карду дар лабонаш табассум пайдо шуду гуфт:

- Бахудо зан нагирфтай?

Мард ҳайрон шуд:

- Ман ба ин мегӯям падарат мудааст, ин бошад, механдад. Не! Қасам ба Худо, ман зан нагирифтаму лекин падарат мурдааст, э занак!

Зан:

- Хай Худо раҳматаш кунад, ҳамин ту зан нагирифтаӣ охир?

Оҳ рашк, оҳ рашк, наход аз марги падар ҳам барои зан вазнинтар бошад?...

Акнун Фариз ӯро чӯҷаи фил неву чӯҷаи мусича мегӯяд бо навозишу меҳрубонӣ.

Зиндагиашон ором аст. Агар зан шавҳарашро дӯст дорад, ба ҳама ҷонбозиҳо қодир аст.

Боқӣ, хушбахту саодатманд бошед!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД