arzon replenishment
БӮСА АСАБИ ЗАНРО ОРОМ МЕСОЗАД?
6262

 

 

Аслан бӯса карданро хоси бонувон мешуморанд, вале тавассути бӯса ҳам марду ҳам зан меҳру муҳаббати худро ба якдигар баён месозанд. Бояд гуфт, ки бӯса ба бонувон фоидаи бештар дорад. Инак, мо дар бораи чанд манфиати бӯса ба шумо маълумот медиҳем.

Харобшавӣ

Як бӯсаи пурҳарорати беш аз бист сониягӣ мубодилаи моддаҳоро метезонад ва калорияи зиёдатиро месӯзонад. Дар бӯсаи давомнокияш беш аз як дақиқа шумо ҳамон миқдор энергия сарф мекунед, ки дар масофаи 500 м давидан масраф мегардад. Ҳангоми бӯсаи одӣ аз рухсора панҷ калория маҳв мегардад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аксари ошиқон лоғар мешаванд.

Даво бар зидди фишори руҳӣ

Ҳангоми бӯсобӯсӣ сатҳи кортизол (ҳормони стресс) паст шуда, дар баробари ин, коркарди окситотсин –ҳормони муҳаббату хушбахтӣ бештар мегардад. Бояд қайд намуд, ки ҷисми ҳар як инсон окситотсин мебарорад, вале ин мода ба бонувон таъсири бештар мерасонад. Вақте мард занро бо муҳаббат мебӯсад, асабҳои бону ором шуда, эҳсоси хавотирӣ бартараф мегардад. Ҳангоми бӯсобӯсӣ муқовимати ҷисм ба фишори руҳӣ зиёд мегардад.

Бӯса барор меорад

Олимон собит намудаанд, ки шахсони бӯсобӯсиро дӯст медошта нерӯи зиёде доранд. Онҳо зиндадил буда, ба камию костиҳои ҳаёт аҳамият намедиҳанд ва монеаҳоро бо осонӣ пушти сар карда, ба комёбиҳои зиёде ноил мегарданд.

Вирусро мекушад

Ба касе пӯшида нест, ки ҳангоми ҳомиладорӣ бонувон аксаран бо табъи гирифта мегарданд. Бархе аз занон ҳангоми ҳомиладор шудан ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешавад. Ҳамарӯза бӯсобӯсӣ кардани зани ҳомила ӯро аз ин ҳолат берун меорад. Зиёда аз ин, бӯсобӯсӣ ситомегаловирусро маҳв месозад, ки хусусан барои бонувони ҳомила ин вирус хатарнок аст.

Зиёд шудани рағбати ҷинсӣ

Дар ҳар як метри мураббаи лабҳо наздики дусад тори асаб мавҷуд аст. Бо ҳамин сабаб ин узви инсон ҳасос асту аз бӯса лаззати роҳатбахш мебардорад. Бӯсобӯсӣ ҳангоми ҷимоъ имкон медиҳад, ки рағбати ҷинсӣ солҳои дароз нигоҳ дошта шавад. Бар замми ин, дар оби даҳон моддаи андростерон мавҷуд аст, ки майли меҳрварзиро меафзояд.

Зебоиву ҷавонӣ

Бӯсобӯсии зан бо мард боиси ба ҳаракат омадани наздики 39 мушаки рӯй мегардад. Бӯса гардиши хунро дар мушакҳои рӯй ва қабати пӯст беҳтар месозад. Бӯсаи ширин пайдоиши ожангҳои рӯйро ба таъхир гузошта, ба зан зебоии бардавом ато мекунад.

Пешгирии бемориҳои вораву дандон

Ҳангоми бӯсобӯсӣ дар оби даҳон калсий ва фосфор зиёд гашта, сири дандонҳоро тақвият мебахшад. Дар натиҷа доғҳои дандон нест мешаванд. Дар оби даҳон антибиотикҳои табиие мавҷуданд, ки илтиҳобро кам ва яраҳои даҳонро шифо мебахшад.

Иммунитет пурқувват мешавад

Ҳангоми бӯсобӯсӣ ба ҷисми инсон бактерияҳои «бегона»-е ворид мегарданд, ки муҷиби синтези антитела ва дар натиҷаи он боиси баланд шудани масунияти бадан мегарданд. Шахсоне, ки зиёд бӯсобӯсӣ мекунанд, хеле кам бемор мешаванд.

Таскин мебахшад

Ҳангоми бӯсобӯсӣ ҳормони эндорфин пайдо мешавад, ки дардро кунд месозад. Бӯса беҳтарин доруи таскинбахш аст, ҳангоми хуруҷи дарди сар ва дигар бемориҳо.

Фалаҷ ва сактаи дил намешавед, агар…

Зимни бӯсобӯсӣ дил хурд мешаваду гардиши хун дар тамоми узвҳо беҳтар мегардад. Бӯсобӯсии мунтазам машқи хубест барои дилу рагҳои хунгарди он, ки фишори хунро ба эътидол меорад.

Фоидаи бӯса ба мардон

Бӯса барои мард низ аҳамияти зиёд дорад. Бӯсаи ширини зани дӯстдошта мардро болу пар мебахшад, ба зиндагӣ дилгарм месозад. Тавре олимон собит намудаанд, ҳангоми бӯсобӯсӣ ҳамон аксуламале пайдо мешавад, ки ҳангоми бо намуди варзиши экстремалӣ машғул шудан дар ҷисми инсон ба вуҷуд меояд. Вақте шумо бо меҳру муҳаббат ҳамдигарро мебӯсед, сатҳи адреналин дар вуҷудатон зиёд гашта, қобилияти ақлонӣ ва ҷисмониро зиёд месозад.

Мардоне, ки субҳгоҳон зани дӯстдоштаашонро мебӯсанд, умри дароз мебинанд. Сабаби асосии бармаҳал пиршавии мардон дар фишори руҳӣ аст. Фишори руҳӣ мардро назар ба зан зудтар аз по меафтонад, зеро ҷисми бонувон ба стресс тобовар аст. Ҳангоми бӯсобӯсӣ кардан ҳуҷайраҳои асаб ба хун адреналин ва эндорфин мепартоянд ва дар натиҷа фишор баланд шуда, ба ҳуҷайраву бофтаҳо ҳаво ворид мегардад. Эндорфин ҳасосияти мағзи сарро паст ва дардро таскин бахшида, фишори руҳиро пешгирӣ менамояд.

Дар маҷмуъ бӯса ба саломатии марду зан таъсири якхела дорад- масунияти баданро баланд, ҳолати рагҳои хунгарди дилро беҳтар ва дардро рафъ месозад.

                                     Зарари бӯса ба бонувон

Барои бонувон бӯса маҳаки муҳиме аст, ки тавассути он ба марди худ баҳо медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо бӯсаи аввалин метавонад аввалину охирин бошад, зеро зан нисбати мард хурдагиртар аст.

Тавре таҳқиқҳо нишон медиҳанд, қариб ними духтарони бори аввал бо мард бӯсобӯсӣ карда бо сабаби бӯйи бади даҳон, дандонҳои пӯсида ва бӯса карда натавонистани мард дарҳол дилхунук мегарданд.

Олимон мегӯянд, ки дар давоми даҳ сонияи бӯсобӯсӣ ҷисми зану мард қариб 80 миллион бактерияҳоро бадал мекунанд. Зимни бӯсобӯсӣ ба ғайр аз бактерияҳои безарар бактерияҳои зарарноке низ ба ҷисм ворид мегарданд, ки ангезандаи бемориҳои гуногун шуда метавонанд.

Бемориҳое, ки бо бӯса мегузаранд

ОРЗ, грипп ва ангина, бемориҳои илтиҳобии даҳон- стоматит тавассути бӯса мегузаранд.

Ҳангоми бӯсобӯсӣ гирифтори бемориҳои ҷиддитар, аз қабили гепатит, герпес ё туберкулез шудан мумкин аст. Герпеси лаб ё гепатити В ба шарте тавассути бӯса мегузарад, ки дар дохили даҳон ярачаҳо мавҷуд бошанд. Аз ярачаҳои даҳон ҳамчунин гирифтори бемориҳои хламидиоз, гонорея ва сифилис шудан мумкин аст. Баъзе муҳаққиқон бар онанд, ки бо чунин роҳ ҳатто гирифтори СПИД шудан мумкин аст.

Ба наздикӣ олимон муайян намуданд, ки тавассути бӯса захми меъда пайдо кардан мумкин аст. Аз бӯса мононуклеозро «қапидан» осон аст. Ин бемориро бемории бӯса меноманд, зеро дар шакли вирус бо оби даҳон мегузарад.

Зарари бӯса ба мардон

Чуноне ки бӯса ба зан зарар расонида метавонад, ба мард низ ҳамон андоза зарар меорад. Ҳангоми бӯсобӯсӣ мард гирифтори инфексия ва бемор шуда метавонад. Бӯсаи бонувоне, ки аз лабсурхкунак истифода мебаранд, барои ҳаёти мард хатарнок аст. Муборизони ҳуқуқҳои мизоҷони амрикоӣ муайян намудаанд, ки дар баъзе лабсурхкунакҳо моддаи сурб вуҷуд дорад, ки дар сурати бисёр ба ҷисм ворид гаштанаш ба саломатӣ хатар эҷод мекунад.

Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки бӯса ба саломатӣ зарар дорад. Бӯсобӯсӣ беҳтарин воситаи изҳори меҳру муҳаббат аст, вале барои аз оқибатҳои ногувор эмин мондан қоидаҳои одии гигиенаро риоя намуда, танҳо бо як нафар бӯсобӯсӣ кадан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД