877 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар шаҳри Санк-Петербурги Русия дар рафти як амалиётимахсус кормандони пулис боздошт намудаанд.
Ба қисме аз ин муҳоҷирон хатари ихроҷ-депортатсия таҳдид мекунад.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия рӯзи 16- нояб аз ҷамъбасти рейди густардаи зидди муҳоҷирон дар ноҳияҳои Калинину Фрунзеи шаҳри Петербург ва боздошти 877 муҳоҷири хориҷӣ дар ҷараёни ин рейд хабар дод. Гуфта мешавад, кормандони пулис дар ҷараёни ин рейд асосан ба маконҳои будубоши муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳамчунин ба марказҳои саноатӣ ва савдо, ки хориҷиёнро барои кор ҷалб мекунанд, тамаркуз кардаанд. Дар ин бора бомдод хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад:
“Дар умум кормандони пулис асноди 877 шаҳрванди кишварҳои хориҷаи наздикро тафтиш кардаанд ва ҳамаи онҳоро барои баррасӣ ба шуъбаҳои пулис оварданд.
Кормандони пулиси Петербург гуфтаанд, ки аз ин шумор 58 нафар дар қаламрави Русия бо вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба сар мебурданд ва нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ кушодаанд. Акнун ба ин 58 муҳоҷир хатари ихроҷ шудан, яъне депортатсия аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.
Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баъди шаҳру вилояти Маскав яке аз масирҳои умдаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишварҳои СНГ ба шумор меравад. Бино ба маълумотҳои расӣ шумораи муҳоҷирони корӣ дар Петербург соли гузашта 24% афзуда, ба 320 ҳазор нафар расида буд ва бовар меравад, ки ин рақам дар соли 2022 боз ҳам боло рафтааст. Аксари муҳоҷироне, ки ба ҷустуҷӯи кор ба ин минтақа меоянд, шаҳрвандони кишварҳои СНГ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бо шумули муҳоҷирони тоҷик мебошанд.