Гесӯро аз замони кӯдакияш мешиносам, мо дар як кӯча ба дунё омадему ба воя расидем, ӯ аз ман чанд сол бузургтар аст, вале муносибатҳоямон хеле дӯстона буданд.
Солҳои наврасию кӯдакӣ чун хобу хаёл аз самои умри мо гузаштанду ҷавонӣ расид. Гесӯ дар хонаводаи духтурон ба дунё омада буду пайи касби волидон ба Донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супорид ва ҳамин тавр аз ҳам каме дур шудем…
Маро тақдир ба кӯи дигар бурд, падару модари ман, ки хондани духтарро хуш надоштанд, баъди хатми мактаб маро ба шавҳар доданду шавҳарам маро ба пойтахт бурд. Ростӣ, хурсанд будам, ки сокини шаҳри калонам ва аз ҳисоби шавҳари пулёбам хӯрда хоб меравам.
Ҳар гоҳе деҳа мерафтам, аз аҳволи Гесӯ мепурсидам, ӯ баъди хатми донишгоҳ ба як ҳамсабақаш хонадор шуда, ба Хуҷанд рафта будааст. Гесӯ як бародар дошт, ки дар шаҳри Русия дар донишгоҳи ҳавонавардӣ мехонд, баъдҳо онҳо хонаву дарашонро дар деҳаи бобоӣ фурӯхта, падару модараш назди писарашон ба Русия кӯч бастанд. Ҳамин тавр, мо дигар дар бораи онҳо чизе намедонистем.
Чашми бад
Акнун бармегардем ба зиндагии ман, хурсандии ман аз он ки муқими шаҳр ҳастаму аз ҳисоби шавҳари пулдор хӯрда мегардам, дер давом накард. Зеро шавҳарам, ки маро волидонаш хуш карда, ба ӯ дода буданд, дӯстам намедошт, ба ҳама корам эрод мегирифт, гирёнам мекард, ба сарам мушт мебардошт. Дар даҳ сол соҳиби як писар шуда будам, зеро Маҷид дигар фарзанддор шудан намехост. Ҳамаи ин бас набуд, ки…
Шавҳарам шаш моҳи ахир бо ман дар як бистар намехобид, ростӣ ғам мехӯрдам, диламро сагон тала мекарданд. Баъзан мехостам аз ин марди бемеҳр ҷудо шавам, вале ҷойи рафтан надоштам. Волидонам олами ҳастиро тарк гуфта буданду дар хонаҳои падарӣ акнун янгаҳо ҳукмрон буданд.
Ду бародарам заминамонро ду ним карда, ҷудо карда буданду ҳавлӣ сохтанд. Акнун меҳмонӣ мерафтему ду-се рӯз моро ба зӯр тоқат мекарданд, апаи ягонаам ба зиндагии худ машғул буду маро ҳамеша таъкид мекард то сабру тоқат кунам, шавҳарам ва зиндагии ободамро аз даст надиҳам.
Ман тоқат мекардам, мегиристам, рӯйи ҷонамозам дуо мекардам, ки Худои бузург ба дили шавҳарам раҳм ато наояд то маро аз дар берун накунад. Бигузор муштзӯрӣ кунад, дӯстам надорад, бегонамашраб бошад, аммо болои сарам соябон бошад.
Боре гулӯдард шудаму табам ҳеҷ паст намешуд, писараки ҳаштсолаам аҳволамро дида, ба падараш гуфт, ки модарамро ба духтурхона баред. Хотири фарзандам баландӣ карду ҳамсарам маро ба назди духтур бурд. Духтур маро муоина карду дору фармуд, назди мошини шавҳарам интизор нишастам, ӯ барои дору рафт.
«Хушхабар»
Ҳамин вақт ду зан омада, дар харак назди ман нишастанду ба мошини шавҳрам нигариста, яке аз онҳо гуфт:
- Иии мошини ошиқи шеф ку, чӣ гап бошад?!- Ман худамро дошта натавониста гуфтам:-Шефи шумо кӣ?
Яке аз занҳо филвар ҷавоб дод,- Гулсум Шарифзода, сардори фалон дорухона…
Ростӣ дар ҷоям шах шудам, онҳо кай хеста рафтанд, нафаҳмида мондам, вале номи дорухона ва соҳибашро дар хотирам гирифтам. Шавҳарам доруҳоямро хариду омада, маро ба мошинаш савор карда, то хона овард, ӯ андешаманд мошин меронду ман дарун-дарун месӯхтам.
Худамро мазаммат мекардам, ки чаро умрамро сарфи як марди бераҳми бемеҳри ноодам намудам. Боз имрӯз хабари ошиқи ким-кадом шефе буданашро фаҳмида, бадтар дилам сиёҳ шуд. Хона даромадам, писарам дар мактаб буд, то холӣ шудани дилам зор-зор гиристам.
Доруҳои фармудаи табибро хӯрда, каме оромиш ёфтам, оҳиста-оҳиста шифо ҳам ёфтам. Баъд аз пайи ҷустуҷӯи ошиқи шавҳарам шудам, дар дил азм кардам, ки ӯро меёбаму рост ё дурӯғ будани ин амалро мефаҳмаму баъд дасти писарамро гирифта, куҷое поям барад меравам.
Бигузор ӯ бо ошиқаш зиндагии нав бунёд кунад, ман ҳам намемурдагистам. Сабр ҳам андоза дорад, наход ман худамро ин қадар хор кунам? Аз чӣ камам? Беҳуда нагуфтаанд, ки вазнинтарин бор бори андешаҳое ҳастанд, ки мо мекашем.
Ду ҳафта ҳамин бори вазнинро кашидаму як рӯзи барфбоди зимистон, писарамро ба мактаб бурда, роҳи корхонаи «шеф»-ро пеш гирифтам.
Давом дорад ...