Formula novemver 2024
Бо зани дуюми шавҳарам дугона шавам?
10.10.2019
Дилшода
3039

Шавҳарам дар шаҳр сохтмончӣ шуда кор мекунад. Ман аз ў ду гулписар дорам.

Хусуру хушдоманамро мисли падару модарам ҳурмат намуда, хизматашонро ба ҷо меорам, вале аз чи бошад, ки якбора муносибати шавҳарам бо ман сард гашту шабҳо ба хона намеомадагӣ шуда монд. Сабаби наомаданашро пурсон шавам, бо ғазаб ба сарам мушт бардошта «корат набошад» мегуфт. Файзу баракат аз хонаамон парид, шавҳарам дигар на орд меоварду на маводи хӯрокаю пӯшокӣ. Рўзе андармони корҳои ошхона будам, ки телефонам занг зад. Рақамҳои ношиносро дида ҳайрон шудам. Гӯширо бардошта будам, ки садои духтараке баланд шуд. Гарм аҳволпурсӣ намуда гуфт, ки ин рақамњоро аз телефони шавҳараш ёфтаасту мехоҳад бо наздикони ў шинос шавад. Гӯшҳоям бо шунидани ин хабари шум қулф заду забонам лол гашт ва телефон аз дастам афтид. Пас аз чанд лаҳза ба ҳамон рақамҳо занг зада чи гуфтанашро пурсон шудам. Духтарак ошкоро гуфт, ки зани дуюми шавҳари ман- Шоҳрух аст ва занг задааст, то бо ҳам дугона шавем. «Ман аз Шоҳрух ду писар дорам, шарм намедорӣ, ки шавҳари ҳаққу ҳалоли маро дуздидӣ?! Магар бо бахти дуздида хушбахт мешавӣ?! -гуфта духтаракро сари аќл хондам, вале «Апашка мара шантаж наку, ма Шохруха дӯст медорум ва ба мара фарқ надора, ки ту чанд сағера дорӣ. Ҳеҷ вақт ма ура ай даст наметум, фаҳмидӣ» гуфта телефонро хомӯш кард. Бегоҳ моҷароямонро ба шавҳарам нақл кардам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, дод зад:

 


Ӯ ҳар нафари ҷиддиро ба ханда меорад. Дилҳоро шодиву фараҳ мебахшад. Доруву дармони садҳо мухлисонаш гаштааст. Агар гумон кунед, ки ӯ Мистер Бин аст, хато мекунед. Пас, кист ӯ? 


55qeAoFe49nVYuDftpgiw36zEz6RHXDhrkGMZ5FQ
-Даматро гир, агар падару модарам фаҳманд, туро аз хона дафъ мекунаму ӯро ба ҷои ту меорам!
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Дилшода, сокини ш.Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД