Formula novemver 2024
Биҳишт дар хоб бегуноҳист?
5734

Хобномаи исломӣ

Талоқ

Марде, ки дар хоб зани худро талоқ медиҳад, дар бедорӣ дороӣ ба даст меорад.

Қаҳру асабоният

Қаҳру асабоният дар хоб нишонаи марг, нодорӣ ва аз даст додани дороӣ аст.

Биҳишт

Нафаре, ки биҳиштро хоб мебинаду вориди он намегардад, дар бедорӣ бурдборӣ ба даст оварда, хабари хуш мешунавад. Аслан нафарони боадолате, ки касеро озор намедиҳанд, биҳиштро хоб мебинанд. Биҳишт дар хоб нишонаи расидан ба орзуҳо ва рафъ гардидани андуҳ аст. Шахсе, ки дар хоб вориди биҳишт шудан мехоҳад, вале барои даромаданаш монеъ мешаванд, Ҳаҷ карда наметавонад ё гуноҳи худро шуста наметавонад.

Агар нафаре дар хоб яке аз дарҳои биҳиштро баста бинад, яке аз волидонаш мефавтад, рафту ҳар ду дарҳои биҳишт баста бошанд, ҳар ду волидайнаш реҳлат мекунанд. Дар ҳолате, ки тамоми дарҳои биҳишт барояш баста бошад, пас волидонаш аз ӯ ранҷидаанд. Нафаре, ки дар хобаш аз дилхоҳ дари биҳишт ворид мегардад, волидонаш аз ӯ розӣ ҳастанд. Дар хоб вориди биҳишт гардидан маънои ба рӯзҳои хуш расиданро дорад. Шахсеро, ки дар хоб вориди биҳишт менамоянд, рӯзи маргаш наздик гаштааст. Дар баъзе ҳолатҳо хоб дидани он, ки нафаре шуморо вориди биҳишт намудааст, маънои онро дорад, ки аз шахси ба биҳишт сафарбарнамуда ибрат гирифта, бо роҳнамоии ӯ аз гуноҳҳои кардаи худ тавбаву надомат мекунанд. Таъбири дигари хобе, ки дар он вориди биҳишт мегарданд, баъди нохушиҳо ба мақсад расидан ва бо нафарони бузургу наҷиб робита намудан аст. Шахсе, ки дар хобаш амри вориди биҳишт шуданро мегираду вориди он намегардад, пас имони шахси хобдида заиф гардидааст. Худро дар биҳишт хоб дидан нишонаи аз худ намудани илму донишро дорад. Нафаре, ки дар хобаш бо табассум вориди биҳишт мегардад, дар бедорӣ номи Оллоҳро зиёд ба забон меорад. Дар хоб дар боғҳои биҳишт сайр намудан нишонаи покизагӣ ва комил гаштани имон аст. Нафаре, ки аз меваи биҳишт дар хоб истеъмол мекунад, ба андозаи ҳамон мева илму дониш аз худ менамояд. Истеъмоли обу май ва шири биҳишт дар хоб низ оқилагиву дониш ва боигарӣ аст. Хоб рафтан дар биҳишт аз покдоман будани зани мард далолат медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш чӣ гуна вориди биҳишт шуданашро намедонад, то замоне, ки зинда аст, бузургиву хушбахтӣ насибаш мегардад. Агар дар хоб аз хӯрдани меваи биҳишт бенасиб гардед, нишонаи заифии имон аст. Шахсе, ки дар хобаш аз оби дарёи биҳишт нӯшидан менамояд, бар душман ғолиб меояду сарварӣ насибаш мегардад. Марде, ки дар хобаш аз як дарвозаи биҳишт ворид мегардад, бо зани зебое издивоҷ мекунад. Мард агар дар хобаш бо ҳурони биҳишт ҳамхоба шавад, соҳиби давлату хушбахтӣ мегардад. Агар нафаре омадани фариштаҳоро хоб бинаду дар биҳишт фариштагон ӯро пешвоз гиранд, тамоми корҳояш анҷоми нек меёбанд. Дар биҳишт гаштугузор карданро хоб дидан нишонаи афзудани ризқу рӯзӣ аст. Шахсе, ки дар дилаш тарсу ҳарос дорад, дар хобаш вориди биҳишт гардад, агар эҳсоси хавотирӣ дошта бошад, аз ташвишу изтироб раҳо меёбад, рафту муҷаррад бошад, оиладор мешавад.

Харчанг

Харчанг дар хоб нишонаи ба даст овардани пули ҳаром аст. Истеъмол кардани гӯшти харчанг нишонаи шунидани хабари хуш аз роҳи дур аст.

Ҷароҳат

Нафаре, ки дар хоб шахсеро захмӣ месозаду аз ҷароҳат хун ҷорӣ намегардад, он нафарро бадном месозад. Дар бадани худ захму яраву наракҳои зиёдро хоб дидан маънои ба даст овардани боигарӣ аст. Ҳар чизи иловагие, ки дар хоб дар бадан пайдо мешавад, нишонаи боигарӣ аст.

Чормех

Нафаре, ки дар хобаш зинда чормех зада мешавад, дар ҷамъият мавқеи баландро соҳиб мешавад ва нишонаи худотарсӣ аст. Шахсеро, ки дар хобаш кушта, баъдан чормех мезананд, пас дар бедорӣ фиреб мехӯрад. Дар хоб худро чормех задашуда хоб дидан, вале кай рух додани ин ҳодисаро надонистан, нишонаи хонаи аз дастдодаи худро баргардониданро дорад.

Субҳ

Субҳро хоб дидан нишонаи бурдборӣ, пешравӣ ва муваффақият аст.

Саргарангӣ

Саргарангӣ дар хоб нишонаи бепарвоӣ ва ба роҳи шайтонӣ рафтан аст.

Хароҷот

Хароҷот барои оилаи худ дар хоб нишонаи садақа додану подоши онро дидан аст. Барои дигарон хароҷот намудан қисмату насибаи Оллоҳӣ аст.

Шона

Шона дар хоб хушҳолӣ аст, аз рӯйи ривоятҳо шона илму дониш ва некӣ аст. Шахсе, ки дар хобаш риш ё мӯйи сари худро шона мезанад, аз ғаму андуҳ раҳо мегардад.

Қайкунӣ

Қайкунӣ дар хоб ба шарте ба маънои тавбаву надомат таъбир мегардад, ки ягон бӯй надошта бошад. Рафту бӯй дошта бошад, шахси чунин хобида ба ҳолати ногуворе гирифтор мешавад. Хун қай кардан дар хоб нишонаи тавбаи гуноҳ кардан асту шир қай кардан нишонаи аз имон дур шудан. Ҳамзамон қайкунӣ дар хоб бозгашти сиру асрор ва аз ғаму ранҷи ботинӣ раҳо ёфтан аст. Рафту шахси хобдида бемор бошад, реҳлат мекунад.

Тифл, кӯдак

Хоб дидани тифли ширхора нишонаи ташвишу изтироб, заифӣ ва хастагӣ аз туҳмати ҷоҳилон аст. Тифлаки ба воя расида дар хоб хабари хуш аст. Тифли бемор дар хоб нохушӣ аст, тифли солим бошад, нишонаи хушбахтӣ ва аз мушкилӣ раҳо шудан. Тифлеро дар даст қапидан аз афзун гаштани дороӣ дарак медиҳад. Дар хоб соҳиби тифл шудан дар бедорӣ зиёд шудани ташвишу тараддуд аст. Шахсе, ки дар хобаш тифлеро Қуръон меомӯзад, барои гуноҳҳои содирнамудаи худ сидқан пушаймон гаштааст.

Қабурға

Қабурға дар хоб зан ё аъзои нави оила аст. Шахсе, ки дар хоб дасти худро мегазад, дар бедорӣ ба коре даст зада, пушаймон мегардад. Худро бе даст хоб дидан нишонаи он аст, ки шумо дар зиндагӣ чизи амалинашавандаро талаб доред. Дастони дароз дар хоб барои савдогар даромад асту барои мусофир барор. Рафту имоми масҷид дастони худро дароз хоб бинад, нишонаи нерӯ ва поквиҷдонии ёрдамчиёнаш аст. Ба пару бол мубаддал гаштани даст дар хоб аз тавлид ёфтани тифли дугоник шаҳодат медиҳад. Ба мармар мубаддал гаштани даст нишонаи хушҳолӣ ва дарозумрӣ аст. Нафаре, ки дастони худро аз тилло хоб мебинад, нишонаи марги ҳамсар, дӯсти наздик ё ҳамкор аст. Худро седаста хоб дидан нишонаи тавлиди писар ё бародари хурд аст. Дар хоб бо дастони худ мисли чашм дунёро дидан нишонаи он аст, ки шумо ба кори мамнуъ даст мезанед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Али 2023-10-27, 00:32
Ойладор шудан дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Али 2023-10-27, 00:32
Ойладор шудан дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД