arzon replenishment
“Бӯи қулфинай” Экинро машҳур кард
19.10.2019
Мумтоз
3903

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Экин Мерт Даймаз.
Соли таваллуд: 2 декабри соли 1990.
Макони таваллуд: ш. Арнем, Нидерландия.
Қад: 1,85 см.
Вазн: 77 кг.
Мучал: қавс.

Экин Мерт Даймаз яке аз актёрони машҳури Туркия буда, бо нақши Волкан дар сериали машҳури “Бӯи қулфинай” (Запах клубники) дар дилу дидаи тамошобин ҷой шудааст.

Ин ҷавонписари боистеъдоду дидадаро, 2-юми декабри соли 1990 дар шаҳраки хурди Арнем, ки дар шарқи Нидерландия ҷойгир аст, ба дунё омадааст. Дар бораи пайвандони Экин дар сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот хеле кам аст. Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ фарзанди ягона дар оилаашон мебошад. Вале дар баъзе маълумотномаҳо оварда шудааст, ки боз якто бародар дорад.

Ҳарчанд, ки Экин дар Нидерландия таваллуд шуда бошад ҳам, вале кӯдакиаш дар Истамбул гузаштааст. Дар даврони мактабхониаш бачаи хеле фаъолу чаққон буд. Ба варзиш дилбастагӣ дошт. Бештар ба баскетбол таваҷҷуҳ дошт. Ҳатто мехост ба ин намуди варзиш ба таври ҷиддӣ машғул шавад. Вале ҷароҳати вазнини бардоштааш, ӯро аз ин мақсадаш боздошт. Экин дигар фикри ба баскетбол машғул шуданро аз сараш дур кард.

Соли 2009 дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Истамбул, дар факултаи тарбияи ҷисмонӣ ҳуҷҷат месупорад. Ҳамзамон, дар театр барои донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, орзу мекард актёри номдор шавад.

Экин соли 2013 дар озмуни «Лучшая модель мира», ки байни чандин давлат баргузор гардида буд, ширкат варзида, соҳиби ҷои сеюм мегардад. Чандин вақт дар соҳаи модел кору фаъолият мекард. Расмҳояш тамоми маҷаллаҳои машҳури Истамбулро зеб медоданд. Инчунин, дар филмҳои кӯтоҳи рекламавӣ низ ширкат меварзид.

Ин ҷавони зебову хушлиқо, ки аз даврони донишҷӯияш орзуи актёр шуданро дар дил мепарварид, ба курсҳои махсус рафта, омӯзиш мегирифт. Инчунин, аз Долунай Сойсерт актрисаи машҳури турк, аз филми «Великолепный век» тамоми нозукиҳои актёриро меомӯхт. Дар муддати кӯтоҳ симои ин марди зеборо дар телевизионҳои маҳаллӣ хеле зиёд медидагӣ шуданд.

Бори аввал соли 2014 дар филми “Рӯзномаи хотира” (Дневник памяти) нақши донишҷӯи камбизоат Эгеменаро бозидааст, ки ба актёр на он қадар шуҳрат овардааст.

Соли 2017 бошад, филми бисёрсериягии “Туфони фароштурук”(Шторм ласточки) бо иштироки Экин Мерт ба фурӯш мебарояд. Филм дар бораи духтараки ҷавоне нақл мекунад, ки пеш аз тӯяш бо дигар кас ҳамхоба шуда, аз ӯ ҳомила мешавад. Барои аз шармандагӣ халос шудан наздиконаш пинҳонӣ аз духтарак дугоникҳои навзодашро ба зани дигар медиҳанд. Баъдтар ба ӯ хабар медиҳанд, ки фарзандаш мурда таваллуд шудааст. Вале бо гузашти чандин сол духтарак аз ҳама макру фиреби пайвандонаш бохабар мешавад.

Ҳарчанд ин филм низ ба актёр на он қадар шуҳрат овард, аз ин руҳафтода нашуд.

Шуҳрати асосиро ба ӯ нақши Волкан дар филми бисёрсериягии “Бӯи қулфинай” (Запах клубники) ва нақши Мерт дар филми “Гиря накун, модар” (Не плачь мама) оварданд.

Ин ҷавони зебо дили миллионҳо духтаронро ба худ моил карда бошад ҳам, вале то ҳол оиладор нест. Наздики ду сол бо актрисаи машҳур Ханда Эрчел муносибатҳои ошиқона доштанд. Дар ин ду сол борҳо бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо шуда, боз дар муддати хеле кӯтоҳ бо ҳам оштӣ мешуданд. Ҳарчанд муносибатҳояшон хеле ҷиддӣ буд ва ҳатто бо волидони ҳамдигар шинос шуда буданду ба тӯй тайёрӣ медиданд, соли 2016 овозаҳо дар бораи ҷудоии ин ду дилдода паҳн шуд, ки тамому мухлисонашонро ба ҳайрат овард. Вале дар кӯчаҳои шаҳр якҷоя гаштанашон ва дар шабнишиниҳо якҷоя омаданашон аз чашми журналистон дур намонду боз овозае паҳн шуд, ки гӯё онҳо то ҳол бо ҳаманд, вале муносибаташонро аз атрофиён пинҳон медоранд.

Чӣ хеле, ки дар як мусоҳибааш Экин гуфтааст: « Айни замон ману Ханда танҳо дӯстем ва байни мо ягон хел муносибатҳои ошиқона вуҷуд надорад. Ман нисбати ӯ хеле эҳтиром дорам. Ҳамаи он гапҳое, ки гирди номи ману Ханда паҳн кардаанд, овозае беш нест».


Зани шавҳардор ва соҳиби хонаю дари обод будам. Шавҳарам барои дарёфти ризқу рӯзӣ ҳар сол ба Русия мерафт.

 


Айни замон Ханда Эрчел бо дигар ҳамкасбаш Толга Сариташ муносибати ошиқона дорад, Экин бошад комилан озод аст.

Соли 2018 барои Экин соли нобарориҳо гӯем, хато намекунем. Тавре матбуоти Туркия хабар медиҳад, моҳи феврали он сол Экин ба садама дучор шуда, ҷароҳати на он қадар вазнин мебардорад. Ташхис нишон дод, ки ҳангоми садама дар хунаш нишонаҳои машрубот ва маводи мухаддир дида намешуд.

Боз худи ҳамон сол Экин саги дӯстдоштааш Доберманро аз даст медиҳад, ки барояш зарбаи ногаҳонӣ буд, чунки ӯ сагашро хеле зиёд дӯст медошт ва ягона дӯсти вафодораш мепиндошт.

Дар вақтҳои холигӣ Экин ба варзиш машғул мешавад. Бо дӯстонаш вақт гузаронидан ва сафар карданро хеле дӯст медорад. Айни замон ӯ дилдодаи касе нест.

Таҳияи Мумтоз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД