Дар ҳамсоягии модарам зани аз шавҳар ҷудошудае буд, ки бо як писарчаи дусола баъди оилавайрон шудан ба хонаи бародар омада буд. Бародараш кори муайяне надошту бо азоб оилаву чор фарзанди худро бо пули мардикорӣ таъмин менамуд.
Аз ин рӯ, ба аввалин хостгор розигӣ дода, Умедаро ба марди аз худаш бист сол калон бо як коса об никоҳ карда доданд, вале писарчааш дар хонаи тағо монд. Соле як маротиба ба Ватан мерафтаму писарчаро медидам харобу лоғар ба воя мерасид. Модараш аз шавҳари наваш соҳиби се писар шуда буду падари номардаш ӯро суроғ намекард.
Ман сарватманд набошам ҳам, ҳар дафъа мувофиқи имкониятам барои писарча маблағ медодам. Бечора писарак пайваста аз зулми янгааш шикоят мекарду мехост зудтар ба воя расида, аз хонаи тағояш равад, бисёр зеҳни тез дошт, бо писарҳои ман бозӣ мекард. Писарҳои ман, ки забони тоҷикиро намедонистанд, барояш забони арабӣ омӯзониданд.
Тавре ба ҳама маълум аст, дар ин давру замон хурду калон ҳатто ду телефон доранд, вале писарак, ки дар синфи нуҳ мехонд, телефон надошт. Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш ҳангоми аз Ватан омаданам бо фарзандону пайвандонам телефонӣ гап задаму писарак, ки он лаҳза дар хонаи мо будааст, бо ман суҳбат намуд. Баъди аҳволпурсӣ аз ман хоҳиш кард, ки барояш телефони мобилӣ орам, ман ҳам барояш ваъда додам.
Баъди чанде як рӯз ба модарам паи ҳам занг задам, телефонашон хомӯш буд, баъдтар занг зада гуфтанд, ки дар ҷанозаи набераи ҳамсоя буданд.
Мутаассифона, ҳамон рӯз ин писараки 16-сола худкушӣ кардааст. Аз ин хабар хеле мутаассир гаштам, ашк рехтам, дилам хун гашт. Ба падари он писарак ҳазор лаънат хондам, ки дар 16 сол боре фарзандашро суроғ накардаву аз ҳолаш хабар нагирифт. Чунин падарро садқаи фарзанд кунад!
Сахт пушаймонам, эй кош барояш телефони худамро медодам, то як лаҳза ҳам бошад, хурсанд мешуд...