Sebiston new 2024 october
Баҳром Ғафурӣ: Зан пушти сар, маъшуқа наранҷад!
5132

 Ситораҳо дар саҳнаи эстрадаи тоҷик чунон тез пайдо шуда, зуд ғайб мезананд, ки кас баъзан фурсати шинохтанашонро намекунад, аммо чанд тане ҳастанд, ки мисли кӯҳи Бесутун устуворанд.


Баҳром Ғафурӣ аз зумраи чунин сарояндагони дар ҷодаи ҳунар побарҷост. Қариб 20 сол мешавад, ки Баҳром рӯйи саҳна аст, аммо то имрӯз мухлисони хешро аз даст надодааст.

Дар бораи ин марди ҳунар то имрӯз бисёр гуфаанд, аммо Баҳром о ҳол сирру асрори зиёде дорад, ки на ҳама аз он огоҳӣ доранд. Суҳбати мо бо Баҳром Ғафурӣ бисёр паҳлӯҳои зиндагии ин санъакори асилро мекушояд.

кои Баҳром, вақтҳои охир аз мо журналистон дур- дур мегурезед. Тинчӣ аст, мабодо аз мо наранҷида бошед?

-Шумо чиҳо мегӯед? Наход ман аз журналистон гурезам! Баръакс, кӯшиш мекунам, ки бештар бо журналистон ҷӯра шавам. (механдад)

-Ҷӯрагиатонро ҳеҷ нафаҳмидам, ҳар гоҳ занг занем, телефонатон дастнорас аст. Фикр кардам, ки шояд аз чизе ранҷида, моро ба рӯйхати сиёҳ партофта бошед...

-Эй нее, ман бачаи кинагир нестам!

-Ростӣ, байни сарояндагон шумо бо виқору тамкини хос ва гуфтору рафторатон ҳамеша фарқ карда меистед. Дар ҳақиқат марди идеалӣ ҳастед ё аз худатон ашрофзода месозед?

-Барои бандаро “марди идаелӣ” номиданатон аз шумо сипосгузорам. Дар масъалаи тамкин бошад, ин хислати хоси мардона аст. Мард бояд ҳамеша сабӯр бошад, хоса марде, ки мардум ӯро мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

-Наход, ки ягон чиз шуморо ба ғазаб оварда натавонад?

-Ман чандон бачаи беозору оромтабиат ҳам нестам, чунки дар ин замона бисёр хоксорӣ кунӣ, хоки раҳ фикр карда, зери по мекунанд. Албатта ҷояш ояд, дилхоҳ одамро мардона дар ҷояш шинонда мемонам, вале...

-Мехостам як бор Баҳром Ғафуриро дар сари қаҳру ғазаб бубинам...

 -Ман дар назди шумо, журналистон бо касе даст ба гиребон шаваму пагоҳ суратҳоямро дар тамоми сомонаҳо паҳн кунед-а! Ин хобатонро ба об гӯед! (механдад)

-Акнун меоем сари мавзӯи эҷод ва зиндагии шумо! Мо дар бораи оҳангдуздии санъакорони тоҷик бисёр шунидаем. Росташро гӯед, шумо ҳам оҳангҳои ягон санъаткори машҳурро медуздед?

-Баръакс, солҳост, ки оҳангҳои маро дигарон медузданд. Аввалин оҳанги ман “ Аз манӣ” –ро, ки трио бо Меҳрубону Садриддин буд, сарояндаи доғистонӣ Элдар Долгатов дуздида буд. Он замон ҳама гумон карданд, ки Баҳром ин оҳангро дуздидаааст. Барои исботи он ки ин оҳанг моли ман аст, аз як журналиси шиносам хоҳиш намудам, ки аз Элдар Долгатов бобати оҳанги “Милая” пурсон шавад. Вақте, ки аз Элдар мепурсанд, иқрор мешавад, ки ин оҳангро аз як сомонаи иҷтимоӣ гӯш кардаасту писандаш омада, баъд ба он шеър навиштааст.

 

 


 

Мурдани чунин падар беҳтар, ки ӯ зиндаву саломат бошаду кӯдаконаш мардҳои дигарро додо гӯянд! 

 


 

Пас аз ин сар шуд ғорат кардани оҳангҳои Баҳром Ғафурӣ аз ҷониби сарояндагони хориҷӣ. Соли 2014 Валӣ Ҳиҷозӣ якбора ду суруди ман: “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя”-ро дуздид, аммо дар ягон мусоҳабааш ҳатто ишора накард, ки ин таронаҳо моли ман ҳастанд. Ораши Бориз, яке аз муддаиёни унвони “Ситораи афғон” дар соли 2014 низ оҳанги “Умри ман”– ро бо матни дигар суруд ва ин тарона ба ӯ шӯҳрати беандоза овард. Ораш низ дар ягон ҷо зикр накард, ки ин тарона моли кист. Баъди ин ҳама Фавод Улфат ва Тараннум Саид, овозхонони Афғонистон таронаи “Ту магӯ” – ро бозхонӣ карда, муаллифи аслии матну оҳанги онро як нафари ноаён зикр карданд...

-Чаро аз болои ин сарояндаҳои таронадузд шикоят накардед?

-Медонед, ман аслан зидди онҳое нестам, ки оҳангҳои маро бозхонӣ карда, ному нон меёбанд, аммо инро аз рӯи одоби як санъаткор намедонам, ки на фақат тарона, балки муаллифи онро низ “дуздан”.

-Номи шумо аз шоҳасари безаволи Фирдавсӣ гирифта шудааст. Росташро гӯед, дар бораи таърихи номатон чӣ медонед ва умуман “Шоҳнома”-ро хондаед ё не?

-Нахондану надонистани "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ барои соҳибони он айб аст. Ин қарзи мост, ки шоҳасарҳои худро хонем, омӯзем ва ба ҷаҳониён асолати миллати худро нишон диҳем. "Шоҳнома" яке аз аз дӯстдоштатарин асарҳои Баҳром Ғафурӣ аст ва онро борҳо мутолиа намудаам. Ҳамаи достонҳои “Шоҳнома” олӣ ҳастанд, вале маро бештар аз достони “Рустам ва Суҳроб” хуш меояд.

-Падаратон ҳам мухлиси ин асар ҳастанд, ки шуморо Баҳром ном гузоштаанд?

-Медонед, қиссаи номгузории банда хеле аҷиб аст. Дар оилаи падарам 6 писару як духтар будаанд. Вақте ки ман ба дунё меоям, бародарон ба хулосае меоянд, ки бигзор номи нахустин тифлро дар хонадон ҳамин ягонадухтар гузорад. Ҳамин тавр амаам ба ман Баҳром ном мениҳад. Шояд аз баракати ҳамин ном ман соҳиби ному нон ва маъруф гаштам.

-Мегӯянд, ки Баҳром ғафурӣ ҳеҷ гоҳ занашро дар пеши мошинаш намешинонад. Метарсед, ки маъшуқаҳоятон шуморо бо янга дида, қаҳр мекунанд?

-(Механдад). Бисёр саволи аҷоиб. Бале, дуруст аст, ки ҳамсарам аксар вақт дар курсии ақиб мешинад, аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ ягон бор дар курсии пеш нанишастааст. Ман ҳатто чандин бор чанбараки мошинро ба занам бовар кардаам ва бояд иқрор шавам, ки ҳамсари ман ронандаи хуб ҳам ҳаст.

-Боз мегӯянд, ки зани Баҳром саводи хуб дорад ва ҳатто матни баъзе таронаҳои шавҳарашро худаш эҷод мекунад?

-Зани ман шоира нест, аммо дар ҳақиқат завқи хуб дорад ва дар интихоби матни сурудҳо баъзан ба ман кӯмак мерасонад...

-Рост аст, ки матни суруди “Умри ман”-ро янга интихоб кардааст?

-Бале, рост аст. Ҳамон вақт ман дар як тӯйи арӯсӣ будам. Ҳамсарам дар як китоб ин матнро мебинаду дарҳол онро тавассути СМС ба ман равон мекунад. Суханҳояш чунон ба ман писанд омаданд, ки тӯйро партофта, рост ба хона омадам ва дарҳол сари асбоб нишаста, ба ин матни зебо оҳанг бастам. Ин тарона чунон дар дили мардум нишаст, ки онро қариб аз тамоми шабакаҳои радиову ва телевизион пахш карданд.

-Яъне, шумо низ ба мисли Наполеон тасдиқ мекунед, ки дар паси ҳар марди муваффақ сояи наҳифи зани оқилае ниҳон аст?

-Бале, тасдиқ мекунам. Зани оқилаву кордон мардро марди майдон мекунаду зани бад ба хоки сияҳ аксон!

-Ба шумо ва аҳли оилаатон хушбахтии бардавом хоҳонем!

Сӯҳбаторо: Фарангиси Фармон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД