Бо ибтикори муштараки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола аз 1 то 7 август дар ҷаҳон “Ҳафтаи умумиҷаҳонии дастгирии синамаконӣ” баргузор мегардад.
Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ як маъракаи умумиҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими амалҳо дар мавзӯъҳои марбут ба синамаконӣ буда, мақсади он бо ҳам овардани сиёсатмандон, олимон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, табибон ва модарон барои дастгирии синамаконӣ мебошад .
Ҳадаф аз ин чорабинӣ расонидани иттилои зарурӣ дар боби манфиатҳои синамаконӣ ба саломатии модару кӯдак мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2023 ин чорабинӣ зери шиори “Барои синамаконӣ дар ҷойи кор шароитҳои мусоид фароҳам меорем” гузашта, мақсад аз он роҳандозии барномаҳои давлатии дастгирии занони коргар ва донишҷӯёни тифли ширмакдошта, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор ё тағйир додани реҷаи корӣ ба хотири идома додани ғизодиҳии кӯдакон бо шири модар, кафолати таъмини кӯмакпулӣ барои нигоҳубини тифл ва нигоҳ доштани ҷойи кор барои модарони фарзанд ба дунёоварда мебошад.
Шири модар шираи ҷони ман аст
Шири модар барои тифл беҳтарин ғизо ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи аввали ҳаёт талаботи организми кӯдакро бо моддаҳои ғизоӣ 100%, то яксолагӣ 50% ва то дусолагӣ то 35% таъмин менамояд. Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои барои рушд ва саломатии кӯдак зарур мавҷуд буда, он аз витамину минералҳо бой ва безарар мебошад.
Антителаҳои дар таркиби шири модар мавҷудбуда кӯдаконро аз бисёр касалиҳо, махсусан касалиҳои сироятӣ ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ медоранд. Хатари гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои вазнин ва дучор гаштан ба марг дар кӯдакони то яксолае, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба тифлаконе, ки танҳо шири модар мехӯранд, 14 маротиба бештар аст.
Синамаконӣ ба рушди ҷисмонию равонии тифлакон мусоидат менамоянд, кӯдаконе, ки танҳо бо шири модар ба воя расидаанд, нисбат ба дигар ҳамсолонашон дараҷаи шуурнокиашон баландтар буда, бо мушкили фарбеҳӣ ва диабети қанд камтар дучор мешаванд.
Синамаконӣ барои саломатии модар низ муфид мебошад. Заноне, ки тифли ширмак доранд ва фарзандашонро танҳо бо шири худ ғизо медиҳанд, камтар ба саратони сина ва саратони тухмдонҳо гирифтор мешаванд.
Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) ғизодиҳӣ бо шири модар метавонад ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҳодисаҳои ногувори фавти 800 000 кӯдакон ва 20 000 модаронро бар асари бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратони ғадудҳои ширӣ ва дигар намудҳои саратон, диабети қанд ва ба ҳамин монанд касалиҳои вазнин пешгирӣ намояд.
Баланд гаштани нишондодҳои синамаконӣ дар ҷаҳон ҳамчунин ба рушди системаи озуқаворӣ бидуни партов ва тозагии муҳити зист мусоидат менамояд. Бинобар ин, барои дастгирии идома додани синамаконӣ дар ҷойи кор чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.
1 доллари сарфшуда 35 доллар фоида меорад, агар...
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2025 шумораи кӯдакони то шашмоҳаи танҳо аз шири модар ғизо мегирифтаро дар ҷаҳон ба 50% бирасонад. Барои расидан ба ин ҳадаф тахминан 5,7 миллард доллар сармояи иловагӣ лозим меояд, ки ба сари ҳар як тифли навзод дар ҷаҳон 4, 70 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Маблағгузорӣ барои боло бурдани нишондоди синамаконӣ дар бадали 10 сол 298 миллиард доллар фоидаи иқтисодӣ меорад. Баҳои дасткашӣ аз он марги на камтар аз 520 000 кӯдакон дар ҷаҳон, 105 млн. тифли аз шири модар бенасиб ва илова бар ин, афзуншавии бемориҳои кӯдакона ва афзоиши хароҷотҳои системаи тандурустӣ барои табобати занону кӯдакон гашта метавонад.
Тибқи тадқиқотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ барои дастгирӣ ва ҳимояи ғизодиҳии кӯдакон бо шири модар дар тамоми ҷаҳон дар як сол тахминан 06, миллиард доллар сарф мешавад, вале фоидаи иқтисодии он дар бадали 10 сол 30 миллиард доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Таври дигар бигӯем, ҳар як долларе, ки барои тарғиб ва ҳимояву дастгирии синамаконӣ сарф мешавад, то 35 доллар фоида меорад.
Нишондодҳо боло мераванд, вале...
Туфайли тадбирҳои судманди аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати дастгирии синамаконӣ андешидашуда нишондоди ғизодиҳии кӯдакон бо шири модар солҳои охир дар ҷаҳон оҳиста-оҳиста боло рафта, дар маҷмуъ 48% ва дар бархе аз кишварҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад.
Дар Камбодҷа 65%, Ҳиндустон 55%, Перу 69%, Руанда 87%, Танзания 59% ва Уганда 66%-и кӯдакон танҳо аз шири модар ғизо мегиранд. Аммо дар ин миён давлатҳое низ ҳастанд, ки вазъи ғизодиҳии кӯдакон бо шири модар чандон хуб нест ва 47 кишвар аз ин маҷро берун шудаанд.
Дар баъзе мамлакатҳо аслан маълумоти оморӣ дар бораи теъдоди кӯдаконе, ки танҳо аз шири модар ғизо мегиранд ва кӯдаконе, ки ғизоҳои сунъӣ мехӯранд, вуҷуд надоранд.
Мувофиқи маълумотҳои ахири Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (“ЮНИСЕФ),” аз ҳар 3 тифли навзод 2 кӯдак дар давраи шаш моҳи аввали ҳаёт бо ин ё он сабаб аз шири модар ғизо намегиранд.
Вазъият дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Мувофиқи маълумотҳои “ЮНИСЕФ” дар Тоҷикистон танҳо 36%-и модарон дар давраи шаш моҳи аввали ҳаёт фарзандашонро танҳо бо шири худ ғизо медиҳанд. Иддае аз бонувон фирефтаи реклама гашта, бо гумони он ки шири модар барои рушд ва афзоиши кӯдак кифоят намекунад, фарзандашонро ба ширу ғизоҳои сунъӣ мегузаронанд. Тоифаи дигари занон ба хотири таъминоти молиявии оила ба кор баромада, синамакониро бармаҳал қатъ менамоянд.
Тавре ки Сафарбек Баҳодуров, сардори шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳомила ва тифли ширхор дошта имтиёзҳои зиёде муайян кардааст. Тибқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон занон ба гирифтани рухсатии пардохтшаванда дар ҳаҷми 140 рӯзи тақвимӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуд (барои нигоҳубини кӯдак), ҳамчунин ба кӯмакпулии иҷтимоӣ то якунимсолагии фарзандашон ҳуқуқ доранд. Занони коргаре, ки фарзанди ширхораи то яксолаву шашмоҳа доранд, ба онҳо дар ҳар се соати корӣ 30 дақиқа танаффус барои ғизодиҳии кӯдак ҷудо карда мешавад. Ба заноне, ки 2 ва ё зиёда тифли ширмак доранд, дар ҳар се соат на камтар аз як соат вақт барои ғизодиҳии кӯдакон дода мешавад. Агар манзили зисти зан-модар ба корхона наздик бошад, метавонад ба хонааш рафта, шиками фарзандашро сер кунад ё шири худро ҷӯшида, барои кӯдакаш фиристад. Танаффусҳо барои ғизодиҳии кӯдак ба вақти корӣ дохил карда шуда, музди меҳнати зан ба пуррагӣ пардохт карда мешавад. Занони кӯдаки хурдсол дошта ҳамчунин ба кӯтоҳ кардани вақти корӣ ҳуқуқ доранд ва метавонанд 30 дақиқа пештар аз кор бароянд. Мувофиқи Кодекси меҳнат, корфармо ҳуқуқ надорад зани ҳомила ё тифли ширмак доштаро ба реҷаи кори шабона гузаронад, ба изофакорӣ бо усули вахтавӣ ҷалб намояд ё ба сафари хизматӣ фиристад. Танҳо бо сабаби ҳомиладорӣ ба кор нагирифтан ё ба хотири тифли ширмак доштанаш аз кор озод кардани зан мумкин нест. Дар сурати дар ҷойи кор мавҷуд будани омилҳои барои саломатӣ зараровар ва ё монеаҳо барои ғизодиҳии кӯдак бо шири модар, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар асоси аризаи зани фарзанди то якунимсола дошта, ӯро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба кори дигари нисбатан сабук гузаронад ё барояш рӯз ва ё ҳафтаи нопурраи корӣ муайян кунад. Масъалаи дарозтар кардани мӯҳлати рухсатии ҳомиладорию таваллуд ва танаффусҳо барои ғизодиҳии кӯдак айни замон дҳар ҳоли омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.
Аммо мушкил дар он аст, ки на ҳамаи занони тифли ширхора дошта аз қонунгузории меҳнат ва ҳуқуқҳои худ огоҳӣ доранд. Ҳамин ноогоҳӣ боис мешавад, ки ҳуқуқҳои онҳо аксаран аз ҷониби корфармоён поймол карда мешаванд.
Дар ҷараёни як машварати онлайнӣ бо ЮНИСЕФ аксари занони тифли ширхор дошта иқрор шудаанд, ки бо сабаби мавҷуд набудани реҷа ва шароиту имконияти синамаконӣ дар ҷойи кор ё имкони ба таври фосилавӣ кор кардан, маҷбур шуданд, ки кӯдакашонро ба шири сунъӣ гузаронанд.
Занони коргар ба хотири вазъи молиявии оилаи худро беҳтар гардонидан аз баҳри синамаконӣ гузашта, тифли худро аз беҳтарин ғизо-шири модар маҳрум месозанд.
Бояд гуфт, ки монеаҳо барои идома додани синамаконӣ дар ҷойи кор, натанҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳо низ то ҳол вуҷуд доранд. Бархе аз мамлакатҳо барои дастгирии занони тифли ширхордошта ва идома додани синамаконӣ дар ҷойи кор тадбирҳои судманд андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, вале то имрӯз ин мушкил дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз ба пуррагӣ ҳал нашудааст.
Тавре ки дар изҳороти муштараки Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел ва Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти (ТУТ) Тердос Адханоми Гебрейесус бахшида ба ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ омадааст:
“Дар 10 соли охир дар самти ғизодиҳии кӯдакон танҳо бо шири модар натиҷаҳои назаррас ба даст омада, имрӯз дар миқёси глобалӣ 48%-ро ташкил медиҳад, вале бо андешидани табдирҳои иловагии дастгирии модарони коргари кӯдаки ширмакдошта ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди синамаконӣ дар ҷойи кор ин нишондодро боз ҳам болотар бурдан имконпазир аст”.
Ташкили низоми корӣ бо дастгирии оила, аз ҷумла додани рухсатии музднок барои давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд дар давоми 18 ҳафта ва ё то шашмоҳагии кӯдак, ташкил кардани ҳуҷраҳои махсуси ширҷӯшию синамаконӣ дар корхонаю муассисаҳо, дар соатҳои корӣ додани танаффус барои синамаконӣ ба занони коргар ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои дастгирии модарон аз зумраи тадбирҳои судманде мебошанд, ки барои то соли 2030 ба ҳадафи глобалии 70% ғизодиҳии кӯдакон танҳо бо шири модар расидан мусоидат мекунанд.
Андешидани тадбирҳои зикршуда, на танҳо барои оилаҳо ва модарон, балки барои корхонаҳо низ аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар аст, зеро ба кор наомадан ё аз кор рафтани бонувони коргарро бо сабабҳои ба кӯдак алоқаманд пешгирӣ намуда, хароҷоти корхонаро барои ҷалби муттахассисони дигар ва тарбияи кадрҳои нав коҳиш медиҳад.
Мӯъҷизаи “фалашир”-и модар
Иддае аз занҳои ҷавон ба баҳонаи надоштани шир аз синамаконӣ саркашӣ мекунанд, ки ин хатои маҳз аст. Ҳамаи тифлакон бо рефлекси ҷустуҷӯи пистони модар ба дунё меоянд, вале мушкил дар он аст, ки аксари занҳои бори аввал фарзанд ба дунё оварда, ҳанӯз таҷрибаи синамаконӣ надоранд ва тарзи дурусти ҷойгир кардани кӯдакро барои макондан намедонанд.
Кормандони тиб бояд ба модарон дар бораи амалияи ҷойгиркунии кӯдаки навзод баҳри синамаконӣ, бартарияти шири модар бар ғизои сунъӣ ва дигар мавзӯъҳо машварат диҳанд, зеро шири нахустин, ки онро “фалашир” низ мегӯянд, аз антителаҳо бой буда, системаи муҳофизатии ҷисми навзод- иммунитети кӯдакро пурқувват месозад.
Манфиатҳои иқтисодии синамаконӣ ба оила
Синамаконӣ дар баробари ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳамчунин хароҷотҳои оиларо барои дастрас намудани шири сунъӣ аз миён мебарад ва ба буҷҷаи оила фоида меорад. Барои як кӯдак то синни шашмоҳагӣ на камтар аз 56 қуттӣ шири сунъӣ сарф мешавад.
Арзиши як қуттӣ шири сунъӣ агар ба ҳисоби миёна 70 сомонӣ бошад, дар бадали шаш моҳ 3920 сомонӣ харҷ кардан лозим меояд. Вақте ки модар фарзандашро бо шири худ парвариш медиҳад, ин маблағ сарфа мешавад.
Танҳо бо шири модар парвариш кардани кӯдакон ба буҷҷаи давлат ҳам манфиатвор аст, зеро бисёр бемориҳо, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, иллатҳои меъдаву рӯдаи кӯдакон ва саратони синаю тумдонҳои занонаро пешгирӣ намуда, хароҷотҳои системаи тандурустиро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Табибон чӣ мегӯянд?
Тавре ки мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи Маркази миллии солимии репродуктивӣ Раъно Кӯлобиева гуфт, шири модар барои тифл беҳтарин ғизо буда, синамаконӣ ҳам барои кӯдак ва ҳам ба зане, ки фарзанд таваллуд кардааст, ниҳоят муфид аст.
-Синамаконӣ ба кашишхӯрии бачадони зан мусоидат намуда, хатари хунравиро пешгирӣ мекунад. Дар сурати то шашмоҳагӣ ва баъдан, то дусолагӣ ба кӯдак шир додани зан, синамаконӣ метавонад монеи ҳайзбинӣ ва ҳомиладории навбатӣ гашта, ба дароз шудани фосилаи байни таваллуд ва танзими оила мусоидат намояд.
Он меҳру муҳаббати модарро ба кӯдак афзунтар гардонида, барои рушд ва инкишофи дурусти тифл ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон, бемориҳои ғадуди ширӣ, аз ҷумла мастодонит ва мастопатия ва ҳатто саратонро пешгирӣ менамояд.
Манфиати дигараш дар он аст, ки шири модар турш ё вайрон намешавад ва хатари сироятёбии тифлро аз ҳар гуна бемориҳо пешгирӣ мекунад. Ҳарорати шири модар бо ҳарорати бадан қариб, ки баробар буда, онро гарм кардан лозим нест.
Зан метавонад дар дилхоҳ вақту соат бемалол шиками кӯдакашро сер кунад ва ниҳоят, вақте зан ба фарзандаш сина мемаконад, ҳам кӯдак ва ҳам худи модар роҳат карда, асаби зан ором мешавад. Синамаконӣ ба модар ҳисси аҷиби хушбатии беназирро ато намуда, боварии занро ба худ афзун мегардонад.
Манфиатҳои шири модар ба тифл
Ҳанӯз соли 1995 роҳбари ҳамонвақтаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Ҷеймс Грант синамакониро “револютсия барои кӯдакон” номида, гуфта буд, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллионҳо кӯдакро наҷот бахшад. Дар ҳақиқат, шири модар таъсири мӯъҷизавӣ дошта, метавонад тифлро аз бисёр бемориҳо дар амон нигаҳ дорад.
Тавре ки Қутбиддин Ҳалимов, духтури дараҷаи олӣ, табиби кӯдаконаи Маркази саломатии шаҳрии №5 гуфт, шири модар аз аминокислотаҳо, сафедаҳо, иммуноглобулин, калсий, фосфор, оҳан, антителаҳо ва дигар моддаҳои муфиде, ки ба ҳосилшавии эритроситу лейкоситҳо ва инкишофи дурусти ҷисмонию равонии тифл ёрӣ мерасонанд, бой буда, кӯдакро аз бисёр касалиҳо эмин медорад.
-Маҳрум намудани кӯдак аз шири модар метавонад боиси вайроншавии раванди инкишофи системаи мушаку устухонҳо, нодуруст назм гирифтани набзи дил, суст шудани афзоиши майнаи сар, хатари гирифтор шудан ба касалиҳои сироятии рӯдаю меъда ва роҳҳои нафас гардад. Бинобар ин, ба модарон маслиҳат дода мешавад, ки то шашмоҳагӣ ба фарзанди худ танҳо шири сина дода, баъдан бо иловаи ғизоҳои дигар синамакониро то дусолагии кӯдак идома диҳанд.
Ба модарон ёрӣ диҳед!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2001 ҳамасола аз 1 то 10 август “Ҳафтаи синамаконӣ” доир мегашт. Имсол чорабинии мазкур “Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор” унвон гирифта, то 25 август идома меёбад.
Тавре ки сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев иброз намудааст, имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон ва фавт дар байни тифлакони то синни 2-сола аз дарунрав, касалиҳои меъдаю рӯда ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Бемориҳои номбурда бештар дар кӯдаконе, ки шири сунъӣ ё ғизои омехта истеъмол мекунанд, ба назар мерасанд. Аз ин лиҳоз барои тарғиби ғизодиҳии кӯдакон бо шири модар стратегияи мушаххас ва дастгирии ҳамаҷонибаи занони тифли ширхор дошта зарур аст. Ба хотири ҳифзи саломатии модару кӯдак ва солимии ҷомеа роҳбарони корхонаву муассисаҳоро лозим аст, ки дар ҷойи кор барои синамаконии модарон шароитҳои мусоид фароҳам оварда, имконият диҳанд, ки занҳои кӯдаки ширмакдошта фарзанди худро бидуни ягон мамоният бо шири модар таъмин созанд. Хуб мебуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили мағозаву марказҳои савдо ва фурудгоҳҳо низ ҳуҷраҳои алоҳидаи модару кӯдак барои синамаконӣ ҷудо карда шаванд, зеро кӯдакон ояндаи миллатанд.
Мавод бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) омода шудааст.