ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
822

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо метавонед лаҳзаҳои гуворои муҳаббатро эҳсос кунед. Агар имконият бошад, сайругашти ором бо нафари бароятон наздик рӯзро зебо мекунад. Барои қабули меҳмон омода бошед. Дар ҷои кор уҳдадориҳо ба осонӣ иҷро мешаванд, агар бодиққат бошед. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум шудани чизҳои муҳим имкон дорад. Барои саломатӣ ғизои солим бихӯред, оби бештар нӯшед ва аз хастагии зиёд худдорӣ кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Агар муҷаррад бошеду бахти худро меҷуста бошед, имрӯз беҳтараш бо касе шинос нашавед, эҳтимол шахси муносиб набошад. Беҳтараш вақти бештарро бо наздикону хешовандон гузаронед. Имкони беҳтар шудани вазъи молӣ зиёд аст. Аз хӯрдани таом дар ҷойҳои ношинос парҳез кунед, зеро хатари заҳролудшавӣ вуҷуд дорад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат оромӣ дида мешавад, аммо баҳси ногаҳонӣ бо наздикон имконпазир аст. Мулоқот бо дӯстон ва рафтан ба чорабиниҳо шуморо рӯҳбаланд мекунад. Шояд аз наздикон кумаки молӣ ё мукофот бигиред. Имкони шартномаи хуб ё пешниҳоди фоидаовар вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед рӯҳияро хуб нигоҳ доред, аз стресс дур бошед ва бо одамоне робита намоед, ки ба шумо нерӯ медиҳанд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз шиносоии нави ошиқона бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ имкон дорад. Рӯз пур аз бурд аст, махсусан дар хона: гармӣ, сулҳ ва фаҳмиш зиёд мешавад. Корҳои муқаррарӣ хуб иҷро мешаванд, аммо дар масъалаҳои душвор аз ёрии ҳамкорон истифода баред. Дар сарфи пул эҳтиёткор бошед. Барои саломатӣ стрессро кам кунед, хоби бароҳат ва парҳези дурустро риоя кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз нафарони муҷаррад имкони бо нафаре шинос шуданро доранд, ки метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Дар хона фазои хуб ба вуҷуд меояд, агар шумо меҳрубонӣ кунед. Ба касбу кор аз ҳад аҳамият надиҳед, муносибат бо наздикон муҳимтар аст. Рӯз барои сармоягузорӣ ва хариди калон мувофиқ аст. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, зеро хатари бемориҳои сироятӣ зиёд аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз ба ҳарфи дигарон камтар гӯш диҳед, ба таҷрибаи худ такя кунед. Овозаҳо метавонанд ба муносибатҳо таъсир расонанд, бинобар ин, ба садои дили худ бовар кунед. Харидҳои калон иҷозат дода мешавад, вале хоҳиши ҳамсарро рад накунед, то баҳс пеш наояд. Шом энергия зиёд мешавад, онро ба корҳои муҳим равона кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Дар ҷодаи муҳаббат каме нофаҳмӣ мешавад, шояд шахсе, ки сахт ба ӯ эътимод доред, шуморо ранҷонад. Дар касбу кор вазифаҳо хуб анҷом меёбанд, дастгирии наздикон ба шумо нерӯ мебахшад. Вақти холиро бо оила гузаронед, аз интернет камтар истифода кунед. Хароҷоти ногаҳонӣ боиси сарф кардани маблағ мегардад. Сайругашти кӯтоҳ дар боғ рӯҳатонро ором месозад ва шиносоии аҷиб имкон дорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз мулоқоти хуб ё шиносоии романтикӣ имкон дорад. Агар муносибати ошиқона дошта бошед, барои мулоқот рӯзи хуб аст. Аммо дар оила баъзеҳо метавонанд ба ҳолати душвор дучор шаванд. Дар кор муоширати дастаҷамъона муфид аст, танҳо каме мулоим бошед. Вазъи молиявиатон беҳбудӣ меёбад, натиҷаи заҳмати худро мебинед. Вохӯрӣ бо дӯсти қадима ба шумо нерӯ мебахшад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳсосотатон зуд тағйир меёбад: дар касбу кор фаъолед, аммо дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Дар оила баҳси дерина ҳал мешавад, агар бо оромӣ гуфтугӯ кунед. Барои корҳо нақша тартиб диҳед. Барои саломатӣ истеъмоли ғизои иборат аз сабзавот, нӯшокиҳои солим ва худдорӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ муҳим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз дӯстдоштаатон метавонад шуморо каме асабонӣ кунад, аммо беҳтараш сабр кунед. Хешовандони калонсол аз шумо диққат мехоҳанд. Дар хона фазои гарм ва дӯстона вуҷуд дорад. Барои лоиҳаҳои нав ва нақшаҳои калон рӯзи хуб аст. Корҳои оғозшударо идома диҳед, аммо шаб қарорҳои муҳим нагиред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, вақти хуб барои рафтан ба назди дандонпизишк аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз дилатон меҳру муҳаббат ва мулоқоти ошиқона мехоҳад. Хешовандон метавонанд ба корҳои шумо дахолат кунанд, кӯшиш кунед баҳсро калон накунед. Рӯзи хуб барои мулоқоти расмӣ ва имзои ҳуҷҷатҳост. Аз хариди калон худдорӣ кунед, зеро хавфи гирифтани чизҳои бесифат зиёд аст. Меъда имрӯз ҳассос аст, аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ парҳез кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз барои муҳаббат ва мулоқотҳои хуш вақти хуб аст. Сюрпризҳои гуворо шуморо интизоранд. Ба қувваи худ бовар кунед, устуворӣ ба шумо кӯмак мекунад. Муошират бо ҳамкорон ва муроҷиат ба идораҳо муфид мегардад. Имкони беҳтар шудани вазъи молӣ зиёд аст: ё хариди хуб мекунед ё қарзи кӯҳнаатонро бармегардонанд. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед, хатари беморӣ зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД