Formula novemver 2024
Бахти зани девона (қисми 2)
1620

Давомаш...

Солҳо гузаштанд, духтарак рўз аз рўз калон мешуд ва касалияш баръало намудор мешуд. Ў камақлу заиф буд, дар мактаб муаллимон ба рафторҳои беаќлонаи ў танҳо ду моҳ тоқат карданд, оқибат Гулракатро аз мактаб гирифтанд. Кампири Моҳихуросон то метавонист Гулракатро тарбия мекард.

Духтар рўз то рўз қад кашида, калон мешуд, хеле содда бошад ҳам, тамоми корҳои хонаро иҷро мекард, хона меруфт, ҳавлию боғро тамиз мекард. Бо волидонаш сари замин рафта, дарав мекарду барои гову мол алаф меовард. Солҳо пайи ҳам мегузаштанд, иттиҳоди шӯравӣ пош хӯрд, колхозу совхозҳо барҳам хўрданд ва Сафари тракторчӣ замини калонеро иҷора гирифт.

Бо фарзандон он ҷо сабзавоту ғалладонагӣ корида, ба савдо мебаровард, акнун Гулракат аз саҳар то нимаҳои шом дар сари замин буд. Бибии ғамгусораш дар зери хок буду падару модар ва бародаронаш ба вай раҳм надоштанд, хўрокашро ба сари замин меоварданд, ҳамон ҷо мехўрду зиндагӣ мекард.

Дар бари замини онҳо ҳамдеҳаашон Мирюсуф замин дошт ва дар сари ин замин ҳамќисмати ў Ашуралӣ посбон буд. Ашӯралӣ писари кенҷаи Мирюсуф низ ба девонагӣ машҳур буд, аммо он ќадар беаќле набуд, ки мардум мепиндоштанд. Ин ду дўсти Худованд, ду содда, ду коркушта ҳамин ҷо бо ҳам шинос шудаву ба ҳам меҳру муҳаббат бастанд. Сафари тракторчӣ розӣ буд, ки духтараки меҳнатрўзияш хонадор шаваду бо инояти Худованд соҳиби фарзанди солиме гардад, то дами пирӣ асои дасташ бошад.

Аммо Мирюсуф, ки занаш вафот карда буду худаш дастнигари келину фарзандҳо буд, ҳаргиз намехост ба хонааш нонхўри зиёдатие биёрад. Аммо мардуми деҳа маслиҳат карда, сари ин ду ҷавони аз таќдир ҷабрдидаро ҷуфт карданд. Зеро Ашӯралӣ дар тўйи шодиву маросими маъракаи мардум то аз по афтодан хизмат мекард. Гулракат низ табақу коса мешусту баъди маъракаҳо ёрдамчии аҳли деҳа буд, ин ду нафарро мардуми деҳ дўст медоштанд.

Дар тўйи Гулракату Ашӯралӣ ҳама дастовезе меоварданд, тўй баргузор гашту акнун ҷойи Гулракату Ашӯралӣ сари замини Мирюсуф буд. Бечора Гулракат гоҳе чашми хусурашро хато карда, ба ёрии падараш мешитофт, Сафару Зебинисо пушаймон буданд, ки ба ин издивоҷ розигӣ доданд.

Зеро Мирюсуф ба келину писараш раҳме надошт, баҳору тобистону тирамоҳ дар сари замин буданду зимистон бошад “ту бисёр мехўрӣ” гўён, Гулракатро ба хонаи модараш мефиристоданд. Ин ҷуфт соҳиби духтараки солиму зебое шуданд, аммо касе дар фикри ободии зиндагии эшон набуд.

Ҳоҷӣ Аваз як сарватманди деҳа ба Мирюсуф гуфт, ки “агар розӣ шавӣ, ман аз заминам се сотихро ба номи писарат мекунаму ту барои онҳо хона андоз”, аммо мўйсафед розӣ нашуд. Сафари тракторчӣ аз олам гузашту Зебинисо нагузошт, ки Гулракат дигар ба хонаи шавҳараш баргардад. Ашӯралӣ ба хонаи хушдоманаш омада мерафт, аммо падару бародаронаш ба ҷойи обод намудани хонаи ў ўро зери мушту лагат мегирифтанд, ки дигар пеши зани девонаат нарав.

Дар ин байн Зебинисо низ аз бемории ќанд аз олам гузашт, вале пеш аз марг аз писари калонаш хоҳиш кард, ки талоқи Гулракатро аз Ашӯралӣ бигираду ўро саробонӣ кунад. Як рўз Салим Ашӯралиро ба хона хонду ба вай каме маблағ дода, талоқи хоҳарашро гирифт. Гулракат мегирист, азоб мекашид, аммо илоҷ надошт…

Пас аз шаш моҳи талоқ гирифтани Гулракат барояш хостгор пайдо шуд, ў марди аз ин зани баргаштабахт бист сол калони занмурда буд. Сафо дар ҳамсояги холаи Гулракат мезисту аз зиндагии талхи ҷавонзан аз даҳони завҷаи раҳматияш шунида буд. Сафо шаш писару ду духтари хонадор дошт ва ба бародарони Гулракат гуфт, ки “хоҳари шумо оби таҳоратамро диҳаду чой карда, пешам гузорад” бас аст.

Ҳамин тавр Гулракат ғайри хоҳиши худ зани Сафо шуд, писарону духтарон ва келинҳои мард дилашон ба ин зан месӯхт ва ўро эҳтиром мекарданд. Оҳиста-оҳиста Гулракат ба як зани хушлибоси озода мубаддал гашт, мўйсафеди Сафо ўро пеши мошини ќимматбаҳо шинонда, ба куҷое хоҳад мебарад ва ў аз чизе танќисӣ надорад, духтаракашро низ мўйсафед духтархонд кардааст.

Ашӯралӣ, баъди марги падар сари замини иҷораи бародарон мисли ҷуғз танҳо монд. Ҳар гоҳе ба деҳа мераваму аз аҳволи ин ду нафар мепурсам, аз гардиши ќисмати Гулракат хурсанд мешаваму аз аҳволи Ашўралӣ ғамгин.

Охир мешуд, ки хонаяке сохта, рўзгори ин ду нафарро обод мекарданд, аҷаб бераҳманд одамон…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД