Модарам хеле ҷавон ин оламро падруд гуфтаву маро холаам ба воя расонидааст. Холаам қатори ду духтараш маро мисли фарзанди худаш азиз медонист. Язнаам ҳам мисли падар меҳрубон буду ҳама хоҳишҳои маро муҳайё мекард.
Дар бораи падари биологиям ҳамин қадарро медонистам, ки баъди марги модарам оилаи онҳо ба Самарқанд кўч баставу дигар маро суроғ накардаанд. Апаҳоямро ба шавҳар додем, ман бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шудам. Дар курси аввал мехондам, ки холаам аз бемории сактаи дил вафот кард. Чӣ қадар ашк рехтам сари ҷисми беҷони фариштаи зиндагиям…
Баъди марги модарам падарам зан гирифт, хеле зуд, чилашро додему апааш барои ў як пирдухтарро хостгорӣ карда дод. Апаҳоям хафа шуда, пой аз хонаи падарӣ кашиданд, вале ман ғайри падарам касе надоштам, модари ман аз дори дунё як апа доштаасту хешони падариямро умуман намешинохтам. Ман апаҳоямро ба сулҳу салоҳ даъват мекардам, аммо онҳо сахт хафа буданд.
- Майлаш, падарам нав 55-сола шудааст, бигзор зан гиранд, аммо ақаллан як сол тоқат мекард,- мегуфтанд онҳо ва мегиристанд.
Зани падарам бо ман муносибати сард дошт, вале ба хотири падарам меомадам ва мерафтам, кор дар ҷое ба анҷом расид, ки ў пайи ҳам барои падарам ду писар таваллуд кард. Дар курси панҷум мехондам, аз ҳисоби стипендияам барои додараконам тўҳфа харида, ба хона рафтам. Падарам дар ҷои кор буданд, моиндарам маро бо қошу қавоқ пешвоз гирифта, ба савғохалтаи дастам умуман нигоҳ накарда, гуфт:
- Азиз, ман ба ту бояд як чизро бигўям. Илёс падари ту нест, язнаат аст, инро ҳама медонанд, устухони холаат дар қабр ба хокистар табдил ёфтааст, ту бинита кашида омадан мегирӣ? Дигар набиё, аз ин хонаву дар умед накун!
Ман чанд лаҳза дар ҳолати шок қарор доштам, гумон кардам замину замон мечарханд, баъд худро ба даст гирифта, рост сари гўри модари аслияму холаам рафтам, он ҷо гиристаму гиристам, баъд рў овардам ба сўйи шаҳр ва дигар ёди деҳа накардам. Донишгоҳро хатм карда, ба кор даромадам, беҳуда намегўянд, ки Худо худаш кори ятимро рост мекунад, дар як муддати кўтоҳ соҳиби ҳама чиз шудам. Апаҳоям занг мезаданд, хабаргириям меомаданд, аммо ман дигар ба деҳа нарафтам. Падарам низ суроғамро нагирифт, аз ин бармеояд, ки ў бо занаш розӣ буд.
Умрам ба 30 дакка мехўрд, аммо фикри хонадор шуданро надоштам, дўстдухтар ҳам надоштам. Он чизеро, ки ёфтам, ҷамъ кардаму хона харидам, мошин харидам, дар шаҳри азим як зараяке будам, ки касе бо ман кор надошт.
Чун тамоми ҳастиямро ба кор мебахшидам, дар зинаҳои мансаб зуд боло рафтам ва дар як идораи бонуфуз муовини сарвар шудам. Ман пеш аз ҳама ба кор меомадаму аз ҳама баъд мерафтам. Як шом нав корамро тамом карда, аз дар баромаданӣ будам, ки қаровул наздам омада гуфт:
- Як духтараки якрав омадаасту мегўяд ба раисатон кор дорам, гиря дорад, ҳамин қадар мегўям, ки раис кайҳо аз хонааш рафтааст, пояшро дар як мўза тиқонда шиштааст. Милиса ҷеғ занам?
Ҳайрон шудам, ки духтарак кӣ бошад ва ўро чӣ маҷбур кардааст дар ин бевақтӣ ин ҷо биёяд ва ба қаровул гуфтам, ки ўро назди ман дарор. Баъди чанд дақиқа “мумкин” гўён, наздам духтараки лоғарандоми беморнамо ворид шуд ва ҷавоби маро мунтазир нашуда, хаставу лакот ба гап задан сар кард:
- Модарам сари фарзанд аз олам рафтааст, кош маро ҳам бо худ мебурд. Зери зулми моиндар ба воя расидаам, ҳамагӣ то синфи нўҳ таҳсил кардаам, як моҳ пеш падарам дар садамаи автомобилӣ фавтиду моиндарам маро аз хона пеш кард. Хонаи амаки дигарам рафтам, янгаам духтарбонӣ хугбонӣ гўён, кафшҳоямро пеши поям гузошт, хешони модарамро намешиносам. Ду рўз боз кор мекобам, намеёбам, шабамро дар хонаи ҳамсояҳо рўз мекунам, ҷон акаҷон, хоки поятон шавам, ба ман кумак кунед, фаррош, қаровул, ҳоҷатхонарўбак, ҳама коре бошад, мекунам….
Духтарак инро мегуфту зор-зор мегирист…
АЗИЗ
Таснифи Рухсора САИД