Formula novemver 2024
Бахилбонуи бебахт (ҚИСМИ 2)
2907

Гулмоҳӣ, ки ба ҳамла омода буд, номи қонунро шунида, хомўш шуд. Зеро як амакияш милиса буду аз шикояти ҳаққу ҳамсояи ў ба дод омада, ба ҷиянаш гуфта буд, ки агар ягон нафари дигар шикоят биёяд, саратро тарошида, зиндонат мекунам.

Агар Баҳман, ки тоҷири муваффақ ва марди баобрў буд, ба шикоят мерафт, шармандагӣ мешуд. Кор ҳал шуд, вале Гулорову модараш бо тири нигоҳ духтаракро мехўрданд. Онҳо мактабро хатм карданду Гулоро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд, модараш аз бонк пули зиёде қарз карда, духтарашро дохил кард. Зўҳро бошад, назди дўзандае шогирд истода, нозукиҳои касби ҳаётиро омўхт. Баъди чанде хонаводаи обрўманде аз деҳа ўро келин кард, тағоҳояш хостгории писари раиси ноҳияро рад карданд. Шавҳари Зўҳро Рустам бачаи корчалоне буд ва дар рў ба рӯи хонаи Гулмоҳӣ заминеро харидорӣ намуда, барои худаш қасри бошукўҳе бунёд кард. Зўҳро чор-панҷ сол хизмати хусуру хушдоманро карда, ба қасри орзуҳояш кўчид. Ҳарчанд шавҳараш мегуфт, ки дўзандагӣ накун, вале ў мизоҷони зиёде дошт ва барои ятимону камбизоатон бепул курта медўхт. Гирди номи ин бонуи накўкор гапҳои хубе паҳн мешуданд ва Гулмоҳиро девона мекарданд…

Беҳуда нагуфтаанд, ки боғи бахил сабз намешавад, сабз ҳам шавад, мева намедиҳад. Гулорои ягона, ки байни чор бародар эркаву ноздонаи модари кўрдилаш буд, донишгоҳро партофта, аз марди сарватманди аз худаш бист сол калон ҳомиладор гашту зани дуюми ў шуд. Гулоро тўйи бедомоде баргузор карду духтарашро ба хонаи иҷораи домоди пираш бурд. Гулоро соҳиби ду писар гашт ва барои хизмат ба хонааш духтари холаи калонияшро бурд. Парвина, ки ахлоқи хуб надошт, зуд дили язнаи пирашро ёфт ва вохӯриҳои пинҳонии холадухтарашро бо ҷавонони айёш ба навор гирифта, ба ў нишон дод. Худи ҳамон рўз Асадбой Гулороро аз хона ронд ва бо Сайрам- духтархолаи ў ҳамхона шуд. Ин хабар Гулмоҳиро кушт, фишори хуни зан ба дараҷае баланд шуд, ки дар як соат ба хокиён пайваст. Баъди сари модар Гулоро боз шавҳар кард, шавҳари наваш ўро дар хонаи падараш гирифт ва хонаҳои кўҳнаи падарро канда, ба ҷояшон хонаҳои замонавии зебое сохт, аммо…

Ин шавҳараш ҳам Гулороро дар ғарӣ дошта, сар дод, духтар акнун сарҳӯй гашта буду чӣ коре мехост, мекард. Аввалин кори кардаи ў аз хона рондани янгаҳояш буд. “Ин хона моли ман аст, онро шавҳари ман сохтааст” мегуфт ў. Касе ҳақ надошт, ки гапи ўро не гўяд, додаронаш якта-якта ҷудо шуда рафтанд. Дар хона Гулоро монду падари бемор ва ду писараш. Ҳоло бахилбонуи дар оташи ҳасади худашу модараш сўхта рўзҳо ба маркази ноҳия рафта, машшотагӣ мекунад ва нимаҳои шаб масту аласт ба хона бармегардад. Писаронашро падараш нигоҳубин мекунад, ин марди латта чӣ гунае, ки аввал аз занаш метарсид, акнун аз духтараш метарсад ва пишаки ўро пишт намегўяд.

Зўҳро се писару як духтар ва зиндагии шоҳона дорад. Касе, ки дар деҳа ба духтару келинаш занеро намуна нишон доданӣ шавад, Зўҳроро мисол меорад. Гулоро то ҳол бо Зўҳро гап намезанад, ба ў бахилӣ мекунад, “бахт дар гузари чалфасакон” гуфта, ба ў киноя мезанад, аммо ҳама аз ин беобрў ҳазар мекунанд. Падарандари Зўҳро вафот кард, аз ў ба модараш молу мулки зиёде боқӣ монд, модараш акнун як тоҷири муваффақ аст, тамоми дороияшро сарфи духтару наберагонаш мекунад.

Хонандаи азиз, шояд ин қисса, ки ягон ҳарфаш, ғайри номҳо, бофтаи хаёли муаллиф нест, он қадар аҷоибу ғароиб набошад, аммо он ҳушдорест ба мардуме, ки бемории бахилӣ ва ҳасудӣ доранд.

Бовар кунед, ҳасуд ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад!

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД