Дастаи “Арсенал” қаҳрамони Премйер-лигаи Англия дар мавсими 2025/26 гардид. Ин баъд аз он расмӣ шуд, ки “Манчестер Сити” дар бозии даври 37-уми чемпионат бо “Борнмут” мусовӣ - 1:1 кард ва имкони расидан ба ҷои аввалро аз даст дод.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пеш аз даври охир “Арсенал” бо 82 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Манчестер Сити” бо 78 имтиёз дар зинаи дуюм буда, дигар аз лиҳози математикӣ имкони қаҳрамон шуданро надорад.
Шогирдони Микел Артета дар 37 бозии мавсим 25 пирӯзӣ ба даст оварда, ҳафт бозиро мусовӣ ва панҷ дидорро бо шикаст анҷом доданд. “Тӯпчиён” дар даври ниҳоии чемпионат рӯзи 24-уми май бо дастаи “Кристал Пэлас” бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Селхерст Парк”-и Лондон баргузор мешавад.
“Арсенал” бори охир дар мавсими 2003/04 қаҳрамони Англия шуда буд. Ҳамин тавр, клуби лондонӣ баъд аз 22 сол дубора унвони беҳтарин дастаи Англияро соҳиб гардид.
Ин қаҳрамонӣ барои мухлисони “Арсенал” аҳамияти махсус дорад, зеро даста солҳои охир чанд маротиба ба унвон наздик шуда бошад ҳам, натавониста буд ҷомро ба даст орад. Дар ниҳоят, таҳти роҳбарии Микел Артета “тӯпчиён” орзуи деринаи худро амалӣ карданд.