Мо, як гурӯҳ тоҷикони муҳоҷир як сол боз дар шаҳри Новгороди Россия кору фаъолият дорем.
Ҷамол ном рафиқамон духтарбозӣ ашадӣ буд ва ҷавони дигари тоҷикро низ ба ин роҳи ҳаром бурд. Бо касофатии ҳамин Ҷамол бачаҳо бо духтарҳои тардомони рус ҳамхобагӣ карда, ба ВИЧ-СПИД гирифтор шуданд. Саид ном рафиқамон ба ин дарди бедаво гирифтор шудани онҳоро аз куҷое фаҳмида, ҳамаашонро насиҳат кард, ки сари вақт табобат бигиранд. Дар аввал бачаҳо беморияшонро ба гардан нагирифтанд ва «моро туҳмат мекунӣ» гуфта, ҷангу ҷанҷол бардоштанд.
Ин сир пинҳон карданҳояшон оқибат ба он оварда расонд, ки ҳамаашон аз по афтида, зорию тавалло карданд, ки илоҷе карда, онҳоро ба Ватан гусел кунем. Диламон ба ҳолашон сӯхту ба қадри тавонам пул ҷамъ карда, чипта харидем ва ҳамаашонро ба хонаҳояшон гусел намудем. Вақте ки аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардем, ҳамаашон бачаҳои хушқаду базеби чорпаҳлӯ баданд, вале ҳаёташонро бо дасти худ сӯхтанд. Рўзи гусели бачаҳои ба ВИЧ мубтало гашта ба чеҳраи гирифтаю ранги заъфарониашон нигариста, боварам намеомад, ки ҳамин скелетҳои даҳшатангез дўстони хушандому паҳлавонсуратам ҳастанд.
Саргузашти талхи ин бачаҳоро ба он хотир рӯйи коқаз овардам, ки барои дигар ҷавонони муҳоҷир дарси иборат гардад. Ҳељ гоҳ аз паси духтарҳои сабукпо надавед, бародарони азиз, чунки оқибаташ вой аст!
Мансур, Шодмон
ва боз чанд ҷавони
муҳољир аз ш. Новгород