«Оча, ки надорӣ, мағзи поча надорӣ»
Аз рўзе, ки худамро ёд дорам, меҳнат кардам, намедонам чор ё панҷ сол доштам, ки ҳамроҳи модарам сари замини фермерии тағоям мерафтему модарам хишова мекарду ман алафҳоро бурда, сари чўяҳо ҷамъ мекардам.
Хўроки нисфирўзиямон нони сиёҳи гандумие буд, ки дар об тар карда мехўрдем, аммо бо ҳама ҳамин заҳматҳо аҷаб хушбахт будам. Модарам лаҳзаҳои фориғ аз кор маро ба оғўш гирифта мебўсиду мебўйид, меҳрубониву хушгуфторӣ мекард. Аввалҳо аз модарам мепурсидам, ки чаро ҳама падар доранду ман не? Барои чӣ мо дар хонаи тағоям зиндагӣ мекунем, аммо модарам лаб мегазиду рухсораҳои зебояшро ашк мешўст, баъдҳо ба хотири озурда накардани падарам ин ҳарфҳоро намегуфтам…
Дар хонаи тағоям, ману модарам, тағоям бо зану ду фарзандаш ва бибиии пирам зиндагӣ мекардем. Зиндагиямон бад набуд, зани тағоям духтархолаи модарам буд ва ба ману ў меҳрубонӣ мекард, бибиям низ ҷонашро аз мо дареғ намедошт, аммо модарам мудом мегирист… Оқибат модарам ба беморие печиду оламро тарк кард, ман ҳамагӣ ҳафт сол доштам. Пас аз марги модарам фаҳмидам, ки ман дар қади модарам будаам, ки падарам кўҳ пистачинӣ рафта, афтода гарданаш мешиканад. Волидонаш модарамро бепоиқадам ва мани ҳанўз бадунё наомадаро сархўр гўён, аз хонаашон меронанд ва ҳамин тавр, ман ятими дари тағоям мешавам. Тағоям марди меҳрубоне буд, ду духтар дошт ва маро мисли писараш меҳрубонӣ мекард, янгаам низ бо ман муносибати олӣ дошт, вале ҷойи модарам холӣ буд. Бибиям ҳамеша маъюсии маро дида, зери лаб мегуфт:
-Оча дорӣ, мағзи поча дорӣ, бачаҳакам дилшикаставу маъюс аст. Бибиям низ бардошти ғами духтари ҷавонмаргашро накарда, дар сари соли модарам оламро падруд гуфт. Акнун ғайри тағояму оилаи ў касе надоштам…
Ятимаки баномус
Аз рўзе, ки қадам ба мактаб мондам, дигар ман будаму китоб, мехондаму мехондам. Ин ҳама илмдўстиҳоям самараи хуб доду бо дониши худам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам. Дар донишгоҳ як профессор бароям чун падар меҳрубон буд, ҳамеша мегуфт, ки дар чанд соли охир бо чунин бачаи донишманду ташнаи илму дониш нав вохўрдам. Ў маро ба хонааш даъват мекард, рўзҳои шанбеву якшанбе ҳамроҳи устодам дар боғи ҳавлияш кор мекардам, сўҳбатҳо мекардем. Ин марди бухороиасл, ки бобоҳояш солҳои пеш ба Душанбе омада буданд, ҳамроҳи ҳамсараш танҳо мезистанд. Ду писарашон дар Олмон кору зиндагӣ мекарданд, дар курси севвум устодам аз ман хоҳиш кард, ки ба хонаи онҳо кўчам. Акнун мо мисли хешу табор шуда будем, тағою янгаам низ бо оилаи устодам ошно шуданду омаду рафт мекарданд. Ман дар зери сояи меҳри устодам донишгоҳро хатм карда, ҳуҷатҳоямро ба орденатура дар Маскав супоридам. Баъди хатми орденатура дар Русия мондам, бо шарофати устодаму шогирдонаш дар яке аз беморхонаҳо ба кор оғоз кардаму ҳам ба кори илмӣ даст задам.
Тағоям, ки ба Маскав ба муҳоҷирати меҳнатӣ меомад, ба аёдатам омада хоҳиш мекард, ки аз ду духтараш ягонтаашро интихоб карда, ба занӣ гирам, аммо ман бо ҳар баҳона рад мекардам. Зеро дилам банди гесӯвони тиллоии духтари рус Анна буд…
Ишқи духтари бегона
Анна духтури дандон буд ва дар маркази тиббии хусусии падараш кор мекард, мо дар як ҳамоиши табибони ҷавон шинос шудем ва ба ҳам дил бастем. Ман бо падару модари Анна шинос шудам, онҳо аз интихоби духтари ягонаашон хурсанд буданд ва ба тўйи мо розӣ шуданд. Бо шунидани он ки ман зани рус мегирам, тағою янгаам ба пурагӣ аз ман буриданд. Устодам ҳам аввал зид буданд, аммо диданд, ки намешавад, дилу бедилон омада, дар тўям иштирок намуданд. Баъди шаш моҳи тўйи мо устодаму занаш ба Олмон назди фарзандонашон кўч бастанд ва танҳо гоҳ-гоҳе ба ман сўҳбатҳои телефонӣ мекарданд. Анна аввалҳо бо ман хеле меҳрубон буд, аз гапам берун намебаромад, вале баъд он чӣ дар хунаш буд, рў зад…
Шабҳо аз кор баромада, ба клубу тарабхонаҳо мерафт, агар ман бо ними лаб эрод гирам, қиёматро қоим мекард. Ба гапи падару модараш низ гўш намекард ин зани сарҳўй ва оқибат…
Як шоми зимистонӣ бо мошинаш як марди майзадаро зада кушт, падару модараш коре карда натавонистанд. Аннаро панҷ соли зиндон таҳдид мекард. Ў он қадар ба поям афтода мегиристу зорӣ мекард, ки ҷигарам об мешуд, охир ман ўро дўст медоштам. Оқибат ба қароре омадам, ки гуноҳи занамро ба гардан гирифта, ба ҷойи ў зиндон равам. Адвокату судя, прокурор низ медонистанд, ки ман қурбониям. Мани якраву кӯри ошиқ ба ҷойи занам ду сол зиндон шудам ва баъди як солу шаш моҳи адо намудани ҷазо барои интизоми хубу намонавӣ озод шудам. Аннаи ман, ки ба ман ваъдаи мусулмон шудану бас кардани ҳама гуна беодобиро карда буд, бо тантана ба ман хабар дод, ки ў мусулмон шуда, номашро Амина кардааст, вале туркеро дўст медораду аз ман ҷудо шуда, ба вай мерасад. Ман ин зарбаи қисматро ҳам ба сари сахтам қабул кардаму ба ватан баргаштанӣ будам, аммо устодонам нагузоштанд. Корамро идома додам, панҷ сол гузашту мартабаи баланди илмӣ ва мансаби баландро соҳиб шудам, аммо дилам аз занҳои олам монда буд…
Бозгашт ба Ватан
Акнун дар маркази шаҳри бузурги Маскав хонаи дуҳуҷрагӣ доштам, аммо танҳои зор, на рафиқ доштаму на ҳамдами розе. Як тобистон рухсатии меҳнатӣ баромадаму барои тағояму янгаам тўҳфа харида, озими Ватан шудам. Онҳо маро хуш қабул намуданд, тағоям ҳатто гуфт, ки зану кўдаконатро наовардӣ? Вақте саргузаштамро шунид, чашмонаш ғарқи об шуданд, янгаам бо гиря ўро мазаммат мекард, ки гўр қаҳратон шавад. Панҷ соли дароз фақат модаратро хоб медидам, мегиристу аз ман чизе мехост, хайрият омадӣ, Шаҳбозҷон. Як моҳ аз ҳавои Ватан нафас кашидам, тағоям тўйи зебое ороста, духтари кенҷагияшро, ки аз ман понздаҳ сол хурд буду нав коллеҷҷи тиббиро хатм карда буд, никоҳ карда ба ман дод. Баноз он қадар зебову дилоро буд, ки аз ғояти бахт гоҳ механдидаму гоҳ мегиристам. Ҳамроҳи Баноз аз Маскав ба Олмон парвоз кардему аз устодаму ҳамсараш, ки акнун хеле пир гашта буданд, хабар гирифтем. Хотири онҳо низ аз ман ҷамъ шуд…
Инак, бист сол боз ҳамроҳи ҳамсарам зиндагӣ дорему ду писари нозанинро ба воя расонидем. Дар яке аз беморхонаҳои машҳури Маскав ифои вазифа мекунем. Шукри Худо, ки поёни шоми қисмати мани ятимро субҳи сафед офарид…
Шаҳбоз, аз Русия
Таснифи Ҳилола