arzon replenishment
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1464

 

 ЧАРО КӮДАКРО МЕЗАНЕМ?     

Дирӯз отаи Маниж аз Маскав занг зада буд. Соз гап намезанад. Фақат ғур-ғур мекунад. “Кай пул мефиристед?”, - гуфта пурсам, дашном доду телефонро ба рӯям кушт. Худо бигирад ин мардакро. Ана баъд аламашро аз Маниж гирифтам. “Аз ин рӯзат мурданат беҳ, бадбахти беризқ”, - гуфта, то кабуд шуданаш задам.

- Ҳамсоя, охир кӯдаки бечора чӣ гуноҳ дорад? Ғазабатонро саришта кунед... – чунин буд мазмуни суҳбати ду ҳамсоя, ки дар хараки назди хонаҳои баландошёна менишастанд.

Кӯдак фарди беозор аст. Ӯ дунёи рангин дорад ва бехабар аз пасту баландиҳои зиндагист. Мехоҳад, ки тамоми зебоиҳои олам дар пеши чашмонаш таҷассум ёбанду бузургсолон дӯстдориаш кунанд ва ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад, аммо...

Пӯшида нест, ки аксар падару модарон ба фарзанди худ, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, зарари ҷисмонӣ мерасонанд. Гӯё ба ин васила онҳоро тарбия месозанд. Вале намедонанд (ё шояд донанд ҳам!), ки ин рафтори ношоями онҳо ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдакро мунтазам латукӯб намудану таҳқиру таҳдид кардан ва суханҳои қабеҳ гуфтан боиси вайроншавии системаи ҳиссии вай мегардад. Дар ҳоле, ки кӯдак ояндаи мост, чаро бо ӯ муносибати дағалона мекунем ва намегузорем, ки аз лаҳзаҳои ширини бачагӣ лаззат барад? Чаро алами ноомади корро аз ӯ меситонему ба ҳама чиз гунаҳкораш медонем? Айб дар ош аст ё дар мош?!

Агар кори кадом як падару модар пеш наравад, бо атрофиён гапаш гурезад, аз кор ронда шавад ва ё пулу молашро гум кунад ҳатман ғазабашро аз кӯдаки хурд мегиранд. Баъд ӯро дашном медиҳаду мезанад. Ҳатто волидайне ҳам ҳаст, ки кӯдакро барои манъи таҳсил намудан зери шиканҷа қарор медиҳад. Афсӯс!

Азиза (ном иваз шудааст) 13 сол дорад ва дар синфи 6-ум таҳсил мекунад. Ба гуфти ӯ падараш гоҳ - гоҳ ӯву модарашро бо камарбандаш мезанад. “Маро, “ба мактаб нарав, духтари қадрас шудаӣ, пагоҳ аз пасат писарҳоро кашол карда биёрӣ, шарманда мешавам”, - мегӯяд падарам. Вақте падарам ба кор равад, модарам маро гурезонда ба мактаб мефиристад”, – гуфт Азизаи ормонӣ, ки бисёр мехоҳад ҳамроҳи хурдсолонаш ба мактаб равад.

Бояд донист, ки шиканҷа ва монеъ шудан ба таҳсили кӯдак роҳи дурусти тарбия нест, балки ҷиноят аст. Ҷинояте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Инчунин, бояд огоҳ буд, ки оқибати шиканҷаи кӯдак боиси вайроншавии рушди ҷисмонию равонӣ, пайдоиши бемориҳои гуногун, камсаводӣ, дарсгурезӣ, оворагардӣ, авбошӣ, дуздӣ, нӯшидани моеи спиртӣ, вобастагӣ ба маводи мухаддир, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва амсоли ин кирдорҳои ғайриахлоқӣ мегардад. Махсусан, пайдоиши аломатҳои вайроншавии равонӣ, чун зуд-зуд ба ҳаяҷон омадан, аз калонсолон гурехтан, ба хаёл фурӯ рафтан, ба изтироб афтодан ва ба ҳар чизи ноарзиш асабӣ шудан ба вуқуъ мепайвандад.

Зимнан, як гуруҳ ноболиғоне, ки қурбони шиканҷаи волидон мешаванд, мекӯшанд то ниқори ботиниашонро аз кӯдакони нисбатан хурдсол гиранд. Гуруҳи дигар баръакси ин, нисбати ҳамсолони худ камфаъол буда, дар акар мавридҳо худро муҳофизат карда наметавонанд.

Таҳлилҳои равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки аз 10 оила зӯроварӣ дар ҳар як оилаи 4-ум рӯй медиҳад. Тибқи оморҳои мавҷуда ҳар сол то 2 млн. кӯдаки синни то 14 сола аз тарафи волидон пайваста латукӯб карда мешавад, ки аз ин рақам 10% -и ин онҳо тоб наоварда, аз олам чашм мепӯшанд. Аз шумораи боло наздик ба 2 ҳазор кӯдак ба худкушӣ даст мезанаду зиёда аз 50 ҳазор нафар аз хона фирор мекунанд. Тибқи ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамасола то 25 ҳазор ноболиғ таҳти ҷустуҷӯи онҳо қарор мегиранд.

“Як писару як духтар дорам. Писарам 8 ва духтарам 5 сола аст. – мегӯяд Ҳанифаи (ном иваз шудааст) 31 сола. Худам ба ҳайси омӯзгор кор мекунам. Бо шавҳарам никоҳи мусулмонӣ дорем, вале ҷудо зиндагӣ мекунем. Ман дар хонаи падар бо ду чӯҷаи нагунбахтам меистам. Шавҳарам пули ёфтаашро ба “шабпаракони кӯча” сарф мекунаду тибқи маълумоти дӯстон боз аз паси зангирӣ будааст. Кораш фақат кайфу сафост. Ман ба ҳамаи инҳо тоқат накарда, аламамро аз фарзандонам мегирам, ҳақорат мекунам, мезанам. Дигар чӣ кор кунам?” – гуфт бо чашмони пурнам Ҳанифа. Аҷиб он аст, ки вақте омӯзгор ҳамчун тарбиятгари ҷомеа бо фарзанди худ чунин муомила намояд, аз дигарон гила кардан айб мешавад. Аз посухи се нафаре, ки дар боло овардем маълум мешавад, ки бештар мардон сабабгори асосии чунин ҷаҳолат мешаванд. Дар натиҷа кӯдакони масъум зери латукӯби волидайн мемонанд.

Ба андешаи равоншиносон хушунати хонаводагӣ на танҳо ба падару модар, балки ба фарзандон бештар зарари равонӣ мерасонад. Чунки дар натиҷаи моҷароҳои пайдарпайи волидайн қалби кӯдак захмгин гашта, боиси афзун шудани ҳисси бадбинии онҳо нисбати волидайн ва дигар атрофиён мегардад. Чунин кӯдакон одамгурез шуда, давоми умри худ (агар хоҳанд ҳам) ба касе дил баста наметавонанд. Ҳатто аз шунавидани калимаи хонадоршавӣ тарс ба дилашон меафтад. Духтарон аз он метарсанд, ки шавҳарашон низ монанди падарашон ҷанҷолию муштзӯр набошаду писарҳо ҳарос аз он доранд, ки ҳамсарашон мисли модарашон гапгардон мешаванд.

Оё боре фикр кардаем, ки кӯдак оид ба муҳаббати падару модараш чӣ фикр дорад? Равоншиноси амрикоӣ Эрих Форм дар асари худ “Санъати муҳаббат” чунин навиштааст: “Муҳаббати модарӣ намуди олии муҳаббати инсонист ва аз ҳама робитаҳои эмотсионалӣ муқаддастар мебошад. Кӯдак тамоми ҳиссиётҳоро ба чунин фаҳмиш муттаҳид месозад: “Маро барои он дӯст медоранд, ки ман кӯдаки модарам мебошам”. Ғамхории ҳаррӯзаи модар ба кӯдак мегӯяд, ки ман туро дӯст медорам. Ин ба кӯдак нерӯ мебахшад ва ё аз кӯдак будани худ меболаду зиндагӣ карданро дар рӯйи замин хуш мепазирад”. Падар низ аз ин ҳолат истасно нест. Зеро маҳз ӯ яке аз қаҳрамонҳои асосии филми зиндагии фарзандаш аст. Ба назари кӯдак падари ӯ шахси далер, тавоно, ҷасур, доно ва ҳимоятгари асосии ӯст. Яъне, муҳаббт ба падар дар ниҳоди кӯдак нисбат ба муҳаббати модар бузургу афсонавитар аст.

Хонандаи азиз, тарс яке аз табобатнашавандатарин маризии равонист. Пас, биёд кӯдаконро бо ин беморӣ ба воя намерасонему минбаъд онҳоро намезанем. Ҳамин тавр не?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД