Меҳмони имрӯзаи гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини кӯчаи Ҳаёти Нав- и ноҳияи Сино омӯзгори собиқадор, Саодат Ҳафизова мебошанд. Саволи мо ба муаллимаи азиз чунин буд:
- Чаро модарони имрӯз сари гаҳвораи фарзандашон алла намехонанд ва ба онҳо афсона нақл намекунанд, ин чӣ оқибат дошта метавонад?
-Аввалин суруде, ки кӯдак мешунавад, аллаи модар аст. Модарони миллати мо ҳамеша сари гаҳвораи тифл алла мегуфтанд. Дар аллаи модар розу ниёзи ӯ ба Худованди бузург гуфта мешавад, умеду армонашро аз фарзанди дилбандаш, ки дар гаҳвора хобидааст, баён месозад. Агар шумо таваҷҷӯҳ карда бошед, дар ҳавои суруди алла инҷиқтарин кӯдак ҳам як даме ором мегираду ба хоби ноз меравад.
Афсона бошад, даричаи аввалини ҷаҳонбинии кӯдак аст, ки ӯ ба қаҳрамонҳои мусбати сужаи афсона тақлид мекунад. Аз қаҳрамонҳои манфӣ бошад, меомӯзад, ки бадӣ чӣ касофат дорад. Модарони ҷавонро лозим аст, барои тифлакони хеш афсона гӯянд ё аз китоб хонанд. Гумон мекунам, ки ба китоб ва каломи бадеъ меҳр пайдо намудани кӯдак низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Волидайнро лозим аст, ки дар қатори тӯҳфаҳои қимматбаҳо ба кӯдакони худ китоб ҳам тӯҳфа кунанд. Чун мо дар боло гуфтем, ки модар бояд ба фарзанди хеш алла гӯяду афсона хонад, бояд аввал худи модар ин мактабро гузашта бошад. Яъне, аз модару модаркалони худ ин амалро дида бошад, аллаяке ё афсонае донад, китоби бадеие хонда бошад. Мутаассифона, модарони ҷавон имрӯз бо филмҳои тасвирӣ ва бозиҳои телефонӣ, ки аксарияташон ба саломатии кӯдак зарар дорад, иктифо мекунанд, ки хеле бад аст. Ба фарзандону набераҳо аз хурдӣ дар баробари афсонаву шеъру суруд бояд меҳнатдӯстиро низ ёд диҳем. Бигузор онҳо мувофиқи тавон ба корҳои кӯчаки рӯзгор ба мо ёрӣ расонанду самараи меҳнати худро дида шод шаванд. Барои ҳавасмандии кӯдакон метавонем ба онҳо барои ин ё он кори иҷронамудаашон тӯҳфа харем, онҳоро ба меҳнат кардан ташвиқ кунем.
Хотираи кӯдак мисли коғази нонавишта сафеду оҳариву бедоғ аст, пас биёед мо онро пур аз рангҳои зебои зиндагӣ созем, то зиндагияш хубу орому осоишта гузарад.
Сӯҳбати Дилошӯб