arzon replenishment
Аждаҳозан Қисми 3
14.07.2022
Дилошӯб
2120

 

    Подоши амал

Нозанин бахт надид, пир шуду бозораш ҳам касод шуд, аммо ӯ одаме набуд, ки ба ин тан диҳад. Дар ин миён духтарашон бебахт шуд, Ориф гумон дошт, ки бадбахтии Анӯшаи нозанин модарашро ба таҳаммул водор мекунад, аммо не..

Нозанин дар ба дари табибҳои косметолог мегашту аз пайи барқарор кардани ҷавонии рафтааш буд. Аз дасти бисёр кашидани пӯсти рӯяш гарданаш ба пӯстлохи дарахт монанд шуда буд, дар рӯяш нури илоҳӣ набуд. Акнун ӯ ҳар куҷо худро зани Ориф Назар мегуфт ва аз фамилияи машҳури ҳамсараш истифода мебурд. Касоне, ки аз таърихи зиндагии ӯ огоҳ буданд, аз бало ҳазар гӯён, аз пеши роҳаш мегурехтанд. Ин зан акнун ба каждуме шабоҳат дошт, ки ҳар касе аз пешаш барояд неш мезад, ҳама дӯстонаш аз рӯйи ин одаташ ӯро зуд ё дер тарк мекарданд. Акнун кампираки пучала, ки ба анори шарбаташ фишурдае монандӣ дошт, ба ҷавонон пул дода, бо онҳо дӯстӣ мекард. Нишастҳои ҳангомадор бо мардонро дӯст медошт ва яке аз чунин нишастҳо сарашро хӯрд.

Вақтҳои охир дилаш бемор буд ва духтурон ба ӯ нӯшидани машруботу кашидани сигорро манъ карданд, аммо дар нишасти охирин хатти қирмизиро убур карда, дар ҳолати вазнин ба беморхона афтид…

Ориф Назар аз мошинаш фаромада, гиребони палтояшро бардошт, зеро барф чапу рӯ мезад. Чун вориди бинои беморхона гашт, ӯро бо эҳтиром пешвоз гирифтанду гуфтанд, ки ҳамсаратон аз олам гузашт. Ориф Назар пичиррос зад, “ҳамсари собиқам, модари фарзандонам, мо даҳ сол боз бо ҳам зиндагӣ надорем, ҳатто аз ин ҳам зиёд…”

-Ман медонам,- гуфт духтури шиносаш ва илова кард,- Анӯша занг зада гуфтааст, ки модарамро наҷот диҳед, инҳо барои ҳамин…

Ориф Назар ба палатае даромад, ки ҷасади Нозанин он ҷо буд, ӯ рӯяшро боз кард, чеҳрааш каб-кабуд ва аз бинӣ ва кунҷи лабаш хун мешорид, хуни сиёҳи ғафс. Аз ҷасад бӯйи бади тамоку, шароб ва равғану боз ким-чӣҳои дигар меомад, ҳамон бӯе, ки даҳ сол қабл, шаб, дар хонаи Нозанин ба димоғаш зада буд. Шояд бӯйи хиёнат… Мард бо нафрат рӯйи ҷасадро пӯшонид ва зери лаб гуфт:

-Хас каму ҷаҳон пок!

Нозанинро ба хок супориданд, болои сараш танҳо Анӯша гиря мекард ва паст-паст чизе мегуфт, ки касе намефаҳмид…

                                                                            Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД